Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти ”Ҷамъияти Кушода” Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, дар чорчӯбаи барномаи “Фарҳанг ва Ҳунар” миёни театрҳо ва студияҳои театрии касбӣ озмун барои дарёфти бурс, бо мақсади намоиш ва муҳокимаи масъалаҳои доғи иҷтимоӣ, мусоидат ба озодии баён ва рушди санъати театрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷткистон, эълон менамояд

Мавзӯи намоишҳои театрӣ бояд масъалаҳои аҳамияти иҷтимоидоштаро инъикос кунанд, ки дар навбати худ ба паҳнкунӣ ва такмили арзишҳои ҷамъияти кушода мусоидат мекунанд, тавсифи навгонӣ дошта бошанд.

Озмун бо мақсади мусоидат ба рушди нерӯи эҷодии касбҳои театрӣ, тарғиби санъати театрӣ ва ҷалбкунии диққати аҳли ҷомеа ба равандҳои асосии он гузаронида мешавад.

Маблағи дархостшаванда барои ба саҳна гузоштани намоиш набояд аз 4000 доллари ИМА зиёдтар бошад.

Барои иштирок дар озмун пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои зерин зарур аст:

• Дархости пурркардашуда барои иштирок дар озмун;
• синопсис;
• намунаҳои корҳо (видео маводҳо)

Меъёрҳои интихоб:
• аҳамияти мавзӯи пешниҳодшаванда;
• навгонӣ;
• мувофиқат ба арзишҳои ҷомеаи кушода;
• мусоидат ба рушди эҷодкории касбӣ;
• мувофиқат ба буҷети пешниҳодшуда.

Мӯҳлати охирини қабули ҳуҷҷатҳо – 31 марти соли 2017.

Шакли дархост барои иштирок дар озмунро Шумо метавонед аз идораи ИҶК БМ – Тоҷикистон бо суроғаи зерин дастрас намоед:

ш. Душанбе, к. Бохтар 37/1, Маркази корӣ ва тиҷоратии “Vefa”, ошёнаи 4, тел: 441-07-28, 441-07-29; 227-55-58; е-mail: lolisanam.ulugova@osiaf.tj, шахси масъул – Лолисанам Улуғова.

Ҳуҷҷатҳоро метавонед ба суроғаи электронии osiaf@osiaf.tj ирсол намоед, ё ба идораи ИҶК ки суроғааш дар боло зикр шудааст расонед.

Ҳуҷҷатҳое, ки бо вайронкунии шартҳои ИҶК БМ – Тоҷикистон тартиб дода шудаанд, нопурраанд ва ё баъди мӯҳлати муқарраршуда ворид шудаанд, баррасӣ намешаванд.

Маводҳои ба озмун пешниҳодгардида баргардонида намешаванд.

Bezhan Mabatshoev

Gravityscan Badge