Озмуни кушода барои дастгирии бурсии ташаббусҳо оид ба рушди шаклҳои нави расонаҳо

Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” –
Бунёди Мадад дар Тоҷикистон

Барномаи Дастрасӣ ба иттилоот дар чорчӯбаи авлавияти барномаи оид ба рушди шаклҳои нави расонаҳо барои дастгирии бурсии ташаббусҳое, ки дар гузариши васоити ахбори мустақили Тоҷикистон ба шаклҳои рақамии робита бо аудитория нигаронида шудаанд,

озмуни кушода эълон менамояд

Самтҳои авлавиятдор инҳоянд:

  • Таҳлил, таҳия ва татбиқи стратегияҳои гузариши босуботи ВАОи мустақил ба шаклҳои рақамии муносибат бо аудитория (то 5000$).
  • Таҳия, ё тарҷума ва мутобиқгардонии маводҳои таълимӣ оид ба кор бо журналистикаи чандрасонаӣ ва журналистикаи додаҳо (то 5000$).;
  • Ташкил ва гузарондани курсҳои омӯзишӣ ва бозомӯзии журналистон оид ба татбиқи медиаи рақамӣ (то 10000$).

Барои иштрок дар озмун даъват мешаванд:
Васоити ахбори омма, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, журналистони инфиродӣ ва ё гурӯҳи журналистоне, ки дар соҳаи ВАО кор мекунанд.

Барои иштирок дар озмун бояд варақаи иттилоотӣ ва мактуби ҳавасмандиро (на беш аз 2 саҳфа) бо мазмуни зерин пешниҳод кард:

  • Ҳадаф ва вазифаҳои лоиҳа;
  • Мавзӯи мухтасари лоиҳа (чорабиниҳои ба нақша гирифташуда);
  • Буҷети тахминии лоиҳа, ки дар ҳудуди аз 5000$ то 10000$ бошад;
  • Иттилоот дар бораи ташкилот;
  • Барои шахсони инфиродӣ, резюме ва намунаҳои корҳои муаллифӣ;

Мӯҳлати охирини қабули ҳуҷҷатҳо – 4 май 2017г.

Иттилооти муфассал ва шакли варақаи иттилоотиро метавонед аз сомонаи ташкилоти ИҶК БМ Тоҷикистон www.osiaf.tj/ru/grants ва ё дар суроғаи ш. Душанбе, куч. Бохтар 37/1, Маркази тиҷоратии “Вефа”, ошёнаи 4 дастрас намоед. Тел: 227-55-58, 227-07-16; e-mail: mavzuna.abdurakhmanova@osiaf.tj, Ҳамоҳангсози барномаи Дастрасӣ ба иттилоот Мавзуна Абдураҳмонова.

Машварат доир ба ҷараёни пешниҳоди ҳуҷҷатҳои озмун 28 апрели с.2017, аз соати 14:00 то 16:00,
дар идораи ИҶК БМ дар Тоҷикистон баргузор мегардад.

Ҳуҷҷатҳои номбурда бояд ба суроғаи электронии osiaf@osiaf.tj равон карда шаванд ё ба суроғаи дар боло зиккршудаи ташкилот оварда шаванд.
Ҳуҷҷатҳое, ки бо вайрон намудани шартҳои ИҶ БМ Тоҷикистон омода шудаанд, нопурраанд ва ё баъди мӯҳлати нишондодашуда ворид мегарданд, баррасӣ намешаванд. Маводҳои пешниҳодшуда баргардонида намешаванд.

RSS
Follow by Email
Facebook
Facebook
Google+
http://www.osiaf.tj/2017/04/19/rushdi-shakl-oi-navi-rasona-razvitie-novykh-formatov-media/
Twitter
Instagram