Дар чорчӯбаи барномаи «Фарҳанг ва Ҳунар», ИҶК – БМ дар Тоҷикистон
барои иҷрои онлайн пешбарии фюжени самтҳои мусиқӣ ва рақс, тендер эълон мекунад.

Барои иштирок дар тендер муҳим аст:
o пешниҳод намудани мактуби асосноккунӣ бо ишора ба шароитҳои кор ва консепсияи пешбарӣ
o буҷети муфассал то 6000 доллари ИМА
o намунаҳои корҳои собиқ
o тавсиянома

Маълумоти муфассалро оид ба лоиҳа метавонед аз идораи ИҶК БМ дар суроғаи ш. Душанбе. к. Бохтар 37/1, бинои маркази кории “ВЕФА”, ошёнаи 4. ва ё дар тамос тавассути телефонҳои 2270716, 2270713 дарёфт намоед.

Шахси масъул: Лолисанам Улуғова (lolisanam.ulugova@osiaf.tj), ҳамоҳангсози барномаи «Фарҳанг ва Ҳунар»

Ҳуҷҷатҳо бояд дар лифофаи сарбаста бо ишораи “Тендер – Пешбарии фюжен” то рӯзи ҷумъа 12 майи соли 2017, соати 17:00 ба идораи ИҶК БМ ба суроғаи дар боло зикршуда расонида шаванд.

Ҳуҷҷатҳое, ки бо вайрон кардани шартҳои ИҶК БМ – Тоҷикистон тартиб дода шудаанд, пурра нестанд ё баъди муҳлати зикршуда ворид гардидаанд, баррасӣ намешаванд.

Маводҳои ба тендер пешниҳодшуда баргардонда намешавад.

Bezhan Mabatshoev

Gravityscan Badge