Озмун барои иштирок дар курсҳои кӯтоҳмуддат

Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, дар чорчӯбаи барномаи «Фарҳанг ва Ҳунар», барои иштирок дар курсҳои кӯтоҳмуддат оид ба навистани мақолаҳои интиқодӣ дар соҳаи кино, театр ва ҳунари визуалӣ барои журналистон, донишҷӯёни донишгоҳҳои ҳунар ва ходимони эҷодӣ бо мақсади истифодабарии онҳо барои муҳокима ва рӯнамоии масъалаҳои мубрами иҷтимоии ҷомеа ва такмили озодии худнамоӣ озмун эълон менамояд.

Барои иштирок дар озмун пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳҳои зерин зарур аст:
• шакли пуркардаи дархост барои иштирок дар озмун (дар сайти www.osiaf.tj ё метавонед ба ҳамоҳангсози барномаи “Ф ва Ҳ” Улуғова Л. ба почтаи электронии lolisanam.ulugova@osiaf.tj муроҷиат намоед)
• резюме бо намунаҳои корҳои эҷодии собиқ

Меъёрҳои интихоби иштирокчиён барои озмун:
• тафаккури эҷодӣ ва доштани нияти такмили ихтисос;
• донистани асосҳои фаъолияти журналистӣ

Мӯҳлати охирини қабули ҳуҷҷатҳо – 18 майи соли 2017.

Иттилооти муфассалро Шумо метавонед дар ИҶК БМ – Тоҷикистон бо суроғаи зерин дарёфт намоед:
ш. Душанбе, к. Бохтар 37/1, Маркази корӣ ва тиҷоратии “Vefa”, ошёнаи 4, тел: 441-07-28,
441-07-29; 227-55-58; е-mail: lolisanam.ulugova@osiaf.tj – шахси масъул- Лолисанам Улуғова.

Ҳуҷҷатҳоро метавонед ба суроғаи электронии osiaf@osiaf.tj равон кунед ё ба идораи ташкилот ба суроғаи дар боло зикршуда расонед.

Ҳуҷҷатҳое, ки бо вайрон намудани шартҳои ИҶ БМ Тоҷикистон омода шудаанд, нопурраанд ва ё баъди мӯҳлати нишондодашуда ворид мегарданд, баррасӣ намешаванд. Маводҳои пешниҳодшуда баргардонида намешаванд.

[button style=”medium” type=”rounded” color=”#COLOR_CODE” background=”#COLOR_CODE” src=”http://www.osiaf.tj/wp-content/uploads/2017/04/Forma-dlya-zapolneniya-Critics.docx” target=”_blank”]ГИРИФТАНИ ШАКЛИ ДАРХОСТ[/button]

 

RSS
Follow by Email
Facebook
Facebook
Google+
http://www.osiaf.tj/2017/04/28/ozmun-baroi-ishtirok-dar-kurs-oi-k-to-muddat/
Twitter
Instagram