Озмун барои ишғоли мақоми ҳамоҳангсози барномаи “Аз нав ба ҳаёти иҷтисодӣ иҷтимоӣ ҷалб намудани муҳоҷирони бозгашта”

Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, барои ишғоли мақоми ҳамоҳангсози барномаи “Аз нав ба ҳаёти иҷтисодӣ иҷтимоӣ ҷалб намудани муҳоҷирони бозгашта” озмун эълон менамояд:

Ӯҳдадориҳои Ҳамоҳангсоз:
• таҳияи ҳуҷҷатҳои стратегии фаъолияти ИҶК БМ дар Тоҷикистон дар соҳаи муҳоҷират;
• коркард ва иҷрои лоиҳаҳои шарик дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалии дигар;
• ҳамоҳангсозии лоиҳаҳо, ташкил ва баргузории бозомӯзиҳо, семинарҳо, муҳокимаҳо дар чорчӯбаи фаъолияти барнома;
• мониторинг ва арзёбии лоиҳаҳои иҷрошаванда;
• тартиб додани ҳисоботҳои даврӣ;
• таъминкунии логистикаи барномавӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ.

Талабот ба номзад:
• доштани маълумоти олӣ;
• таҷрибаи кор дар соҳаи муҳоҷирати хориҷӣ;
• лаёқати хуби ташкилотчигӣ;
• диққатнокӣ, покизакорӣ ва боинтизомӣ дар фаъолият;
• малакаи кори мустақил ва дар ҳайати даста;
• малакаҳои нутқи хаттӣ ва пешбурди гуфтушунидҳои касбӣ;
• дониши забонҳои англисӣ, тоҷикӣ ва русӣ;
• малакаҳои кор бо компютер (Microsoft Office, Internet, e-mail).
Хоҳишмандони иштирок дар озмун бояд CV, ниятнома, нусхаи диплом ва ду тавсияномаро то 17:00, «28»-ми июни соли 2017. ба суроғаи зерин пешниҳод намоянд:
ИҶК-БМ, ш. Душанбе, к. Бохтар 37/1, Маркази кории «Вефа» тел: 227-55-58, 441-0747, факс: 227-07-13, ва ё тавассути почтаи электронии osiaf@osiaf.tj
Танҳо номзадҳои интихобшуда барои гуфтугӯ даъват карда мешаванд.

Ҳуҷҷатҳои нопурра ва ё баъди мӯҳлати муқарраршуда пешниҳодгардида, баррасӣ намешаванд.

RSS
Follow by Email
Facebook
Facebook
Google+
http://www.osiaf.tj/2017/06/15/ozmun-baroi-ish-oli-ma-omi-amo-angsozi-barnomai-az-nav-ba-ayoti-i-tisod-i-timo-alb-namudani-mu-o-ironi-bozgashta/
Twitter
Instagram