Бозомӯзии муфиди серӯза

7,8,9 июли соли ҷорӣ.
Минтақаи фароғатии «Гулобод», Варзобе.
Дар суроғаи мазкур бо иштироки 21 мушовири соҳаи соҳибкорӣ бозомӯзӣ сурат мегирад.
Семинар масъалаҳои зеринро фаро мегирад: а) андозбандӣ б) банақшагирии дурусти соҳибкорӣ ва кор дар онлайн платформа в) таҳлили хатар. Мувофиқи мавзӯъҳои зикргардида тренерони таҷрибадори соҳаҳо – Абдукарим Қурбонов, Акмал Раҳматов ва Саодат Мироқилова даъват карда шуданд.
Ин семинар ҳамчун як бозомӯзӣ барои тренерон мебошад, яъне силсилаи семинарҳои мазкур ба он нигаронида шудааст, ки фасилитаторон дар соҳаи бизнес муваффақ бошанд ва нозукиҳои мавзӯи баррасишавандаро омӯзанд.
Ҳадафи асосӣ аз он иборат мебошад, ки мавриди баҳсҳо ва баррасиҳои масъалаҳои андозбандӣ, банақшагирии соҳибкорӣ ва кор бо мизоҷони хатарнок (ки дар натиҷаи бизнес планҳои ба онлайн платформа воридшуда интихоб гардидаанд) ёрии дуруст ва ҳирфаӣ расонда шавад.
Баъди он, ки ин гурӯҳ донишҳои худро кофӣ мегардонад, он таҷрибаи ба дастовардаро ба тренерони дигар таҳвил менамояд.
Инчунин, бо намояндагони ФҚХ – нозирони қарзӣ, барои мубодилаи таҷриба ва баҳсҳо оид ба беҳдошти сифати ҳамкорӣ

RSS
Follow by Email
Facebook
Facebook
Google+
http://www.osiaf.tj/2017/07/07/bozom-zii-mufidi-ser-za/
Twitter
Instagram