Мудирияти фарҳанг ва ҳунар

Дар шаҳр чандест, ки постерҳои тарғибкунанадаи таҳсилоти магистрӣ дар соҳаи идоракунии фарҳанг ва ҳунар пайдо шудаанд.
То ҷое ки ман огаҳ ҳастам ин ташаббуси барномаи шумо, яъне бо маблағгузори Институти “Ҷамъияти Кушода”- Бунёди Мадад аст.
Аммо далелаш, ки ин иқдом чаро маҳз алҳол оғоз шуда, дар чист?
Тибқи нақшаи корӣ барои соли 2017 барпо намудани мусоидати иттилоотӣ барои тарғиби оғози таҳсили дусолаи магистрӣ оид ба идоракунии фарҳанг ва ҳунар-арт менеҷмент дар базаи Донишгоҳи Технологии Тоҷикистон ба назар гирифта шуда буд.
Алакай соли 2106 нақшаи таълимии барномаи магистрӣ ва стандарти давлатии таълимии мувофиқ таҳия шуда буд, бо ёрии иштирокчиёни омузишҳо барои омузгорон(ТОТ) барои таҳкими баъзаи иттилоотӣ-илмии муаллимони оянда дар ин соҳа 14 курс омода шуда буд.


Миёни чор донишгоҳу донишкада тавофуқ ба даст омада буд,(Донишкадаи ҳунарҳои нафис ва дизайн, Донишкадаи санъати ба номи М.Турсунзода ва Донишгоҳҳои тиҷорат ва технологӣ) ки барномаи ягонаи магистриро дар соҳаи фарҳанг ва ҳунар дар асоси технологияи таҳсилоти кредитии истифодашаванда тадбиқ хоҳанд кард
Мудирият ё ба истилоҳи бештар маъмул идоракунии фарҳанг ва ҳунар, ки имрузҳо гунаи англисиаш арт менеҷмент корбурди зиёдтар дорад , агар сода бигум чист?
-Арт менеҷмент самти замонавӣ ва хеле муҳимест, ки бидуни он суботи муассисаҳои фарҳанг ва ҳунарро дар замони муносибатҳои бозори рушдёбанд тасаввур намудан мушкил аст.
Ба ибораи дигар яке аз соҳаҳои соҳибкории иҷтимоист, ки дар ниҳояти кор таъсири иҷтимоӣ дорад ва барои рушди малакаҳои соҳибкорӣи аҳли ҳунар ва фарҳаг имкон медиҳад.
Аз як тараф барои ташаббусҳои эҷодӣ шароит фароҳам меоварад ва аз тарафи дигар, ҳамзамон барои фаъолиятро ҳамчун лоиҳаи тиҷоратӣ пеш бурдан мусоидат мекунад
.Аммо дар Тоҷикистон кадом вижагии худро дорад?
-Бале, қабл аз ҳама ин ҳамкории густурда ва фаъоли муассисаҳои таълимии давлатӣ, созмонҳои ҷамъяти ва ташкилотҳои байналмиллаист.
Яъне аз мо дар ибтидо идея ё ташаббус буд ва дасгирии гарм аз ҷониби муассисаҳои таълимии давлатӣ.
Ҳамчуни хеле ба маврид ва боиси ифтихор аст зикр кунам, ки
-МО, яъне Тоҷикистон дар миёни ҳамсоякишварҳо пешсафем; мо нахустин шуда мавзуъро ба миён гузоштем, омузишҳо гузарондем, гуруҳҳои корӣ сохтем ва мо пеш аз дигар ҳамсояҳо оид ба ин мавзуъ миёни донишкадву донишгоҳҳо тафоҳумнома бастем

-Хуб, тарафҳои тафоҳумнома киҳоанд ва ҳадаф чист?
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиҷорат, Донишкадаи давлатии санъат ва Донишкадаи ҳунарҳои нафис ва дизайн иштирокчиёни ин тафоҳумномаанд. Ҳадафашон низ хеле возеҳ аст, яъне дар ҳамкорӣ таҳия намудани маводи зарурӣ в барномаҳои таълимӣ барои минбаъд ворид намудани тахассус ё фанни “Менеҷмент дар соҳаи фарҳангу ҳунар”

-Пурсида мешавад ки оё воқеан ба ин кор зарурат буд, ё ин ба хотири бо замона ҳамқадам будан аст?

-Нигоҳе ба вазъи муассисаҳои фарҳанг ва ҳунар ва фарҳангиёну ҳунармандон кофист, ки бигуем ин иқдом то кадом андоза сари вақт ва табиист. Албатта. ин ҷо гап фақат сари вазъи иқтисодии кишвар нест, ҳарчанд ки он ҳам омиле хеле муҳим аст, аммо муҳимтар аз он равандҳое ҳастанд, ки дар олами муосир барои ҳама муштараканд

Ҷаҳон иваз мешавад, мафҳумҳо, арзишҳо ва низомҳо тағйир меёбанд. Замоне буд ки низомҳои сиёсие, ба хотири ҳимоят ва ривоҷи идеологияи хеш, аз фарҳангу ҳунар аз диди манофеи худ кор мегирифтанд ва аз ҳисоби буҷа онро пурра пуштибонӣ мекарданд. Имруз мусаллам аст, ки шеваи асри нав иқтисоди бозоргонист ва ҳар бахше, агар манбаи даромади зиёд набошад ҳам, ҳадди ақал бояд худкифо бошад

-Барои худкифо будан ё шудан мушаххас ин фан ба онҳо ҷӣ медиҳад?

-Қаблан ҳам гуфта будем, ки роҳу равиши соҳибкориро дар ин ҷода. Ё одитар бигуем фаъолиятро зери нақшаи хуб гирифан, зеро алҳол андешаи олам бар он аст, ки
орзуе ки ба ҳадаф, мақсад ва амал марбут нест, танҳо орзуе беш нест ва ҳадафе ки ҳар қадамаш зина ба зина ба нақша гирифта нашудааст, ё самари дилхоҳ нахоҳад дод ё ноком аст. Одамон ба ҳадафашон танҳо вақте мерасанд,ки ҳадаф мудирият шавад. Мафҳуми арт менеҷмент дар асоси андешаҳои боло пайдо шудааст

-Доираи фарогирии ин ташаббус то куҷоҳост?

Ин ҷо таъкид кардан зарур аст, ки мафҳуми идоракунии фарҳанг танҳо ба фаҳмиши маъмулие, ки бархе одамон доранд, яъне ҳунармандони театрҳо ва овозхонону мутрибон маҳдуд нест. Он ҳамчунин рассомону наққошон, ҳунарҳои мардумӣ,санъати ороиш, осорхонаҳо, сайёҳӣ ва умуман доираи васеи аҳли ин соҳаро фаро мегирад

-Ин ташаббус чи таърихе дорад ё аниқтараш кай ва аз куҷо маншаъ мегирад?

Албатта, ин гапи дируз ё як сол пеш ҳам нест. Солҳо боз атрофи ин мавзуъ андешаҳо ва баррасиҳо буданд. Дар Тоҷикистон огози онро аз соли 2014 метавон гуфт. Дар ин росто ҳамон сол барои беҳтар намудани вазъ барномаи “Фарҳанг ва ҳунар”-и Бунёди Мадад барои фаъолон, созмоҳои ҷамъиятии марбут ба ин соҳа, донишҷуён ва ходимони илмӣ омузиш оид ба мудирияти фарҳанг ва ҳунар гузаронд. Барои амалӣ намудани ин ҳадаф Лидия Варбанова, проффесори машҳури ин соҳа аз Канада интихоб гардид.Номбурда дар ин мавзуъ гузорише омада намуд, ки қадамҳои минбаъдаи ворид намудани ин тахассусро, яъне арт менеҷментро муфассал баён намуд. Барои ин табиист ки профессор тадқиқот гузаронд. Ҳамчунин барои гузаронидани омузиш ва тадқиқот Дафтари шведсариягӣ оид ба ҳамкорӣ дар тадбиқи барномаи мазкур саҳм гирифт.Хуб иногози кор буд ва минбаъд корҳои зиёде дар ин самт иҷро шуданд.
– Алҳол кадом дастоварди ниҳоие ҳаст, ки зикри он муҳим бошад?

– Албатта, алҳол ки дар анҷоми СИЛСИЛАИ омузишҳо стандарти давлатӣ ва нақшаи дарсии барномаи таълими магистерӣ оид б тахассусӣ” менеҷмент дар соҳаи фарҳанг ва ҳунар” таҳия шудааст
Ташаккур

RSS
Follow by Email
Facebook
Facebook
Google+
http://www.osiaf.tj/2017/07/12/mudiriyati-far-ang-va-unar/
Twitter
Instagram