Ҷ-би. Алмаз Сайфутдинов, Раиси Раёсат.
Мутахассис оид ба масоили иқтисод ва савдои назди Сафорати Ийолоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон.

Ҷ-би Сайфутдинов портали Ахбори Иқтисодии Тоҷикистонро ташкил кардаанд, ки яке аз гурӯҳҳои фаъоли шабакаи Фэйсбук дар кишвар мебошад.

Бо 7600 аъзо, ки ба ҳайати он иқтисодчиён, маъмурони бизнес, кормандони соҳаи молия, сармоягузорон ва мақомдорони давлатӣ дохил мешаванд, гурӯҳ манбаи асосии иттилооти иқтисодӣ, ахборот, ҳисоботҳои таҳлилӣ ва инчунин майдон барои муҳокимаҳои мухталиф гаштааст.

Пештар ҷ-би Сайфутдинов дар Бунёди Оғохон ба сифати Ҷонишини Менеҷер оид ба Рушди Иқтисодии Тоҷикистон фаъолият кардаанд.

Ӯ фаъолияти кориашро аз соли 1996 ба сифати Ҷонишини Менеҷер дар лоиҳаи хусусигардонии корхонаҳои хурду миёна, ки аз ҷониби Агентии ИМА оид ба Рушди Байналмилалӣ ва Бонки Ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мешуд, оғоз кардааст.

Ҷ-би Сайфутдинов соҳиби дараҷаи бакалаври ҳунари Донишгоҳи Давлатии Педагогии шаҳри Душанбе ва дараҷаи магистр оид ба идоракунӣ дар соҳаи рушди Донишгоҳи Мичигани Ғарбӣ (2002) мебошад.

Ӯ оид ба масъалаҳои иқтисод ва савдо дар ВАОи чопӣ ва шабакавии Тоҷикистон мақолаҳо нашр мекунад.

 

Хонум Малика Маҳкамбоева, Узви Раёсат.

Мутахассиси лоиҳаи идоракунии тандурустии назди Агентии Ийолоти Муттаҳидаи Амрико оид ба Рушди Байналмилалӣ (ЮСАИД).

Дар ЮСАИД хонум Маҳкамбоева бо таҳия, иҷро ва баҳогузории лоиҳаҳои соҳаи тандурустӣ сару кор доранд.

Ў инчунин ЮСАИДро дар вохўриҳо бо донорон ва ҷомеаи байналмилалӣ дар Тоҷикистон намояндагӣ менамояд ва ҳамзамон мавриди гуфтугў бо донорон дар мавзўҳои мухталифи тандурустии ҷамъиятӣ иштирок мекунад.

Бар замми ин, хонум Маҳкамбоева мунтазам бо аъзоёни ҳукумати Тоҷикистон ва вазоратҳои дахлдор, Намояндагии Минтақавии ЮСАИД, иҷрокунандаи барномаҳо, лоиҳаҳо ва донорон, дар тамос аст.

Фаъолияти касбии хонум Маҳкамбоева аз соли 1997 оғоз гардидааст. Ў бо «Табибон бидуни марз» ба сифати Назоратчии Тиббӣ (2000-2002) кор кардааст ва дар лоиҳаи Ҳоуп (Ташкилоти ғайридавлатии амрикоӣ), ки дар он ба Барномаи Ёрии Башардўстонаи аз ҷониби Департаменти Давлатии ИМА дастгиришуда, аввал ба сифати Ҳамоҳангсози Тиббӣ ва баъдан ҳамчун Менеҷери Барнома (2002-2008) ҷалб шуда буд.

Аз соли 2008 ў ба сифати Мутахассис оид ба масоили тандурустӣ дар ЮСАИД/Тоҷикистон фаъолият мекунад.

Мавриди кор дар Лоиҳаи Ҳоуп ў ба Вазорати Тандурустӣ барои дарёфти маводҳои тиббӣ ва гуманитарӣ ба маблағи 100 млн. доллари ИМА барои шифохонаҳои Тоҷикистон кўмак кардааст.

Соли 1995 Малика Маҳкамбоева Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистонро хатм кардааст. Соли 1997 ў ординатураро хатм намуда Табиб шудааст.

Омўзиши касбии Маҳкамбоева аз тренингҳои мухталиф дар ИМА, Австрия, Таиланд, Қазоқистон дар мавзўҳои зерин иборат мебошад: беҳдошти санитарияи об, ғизо ва бехатарии ғизоӣ;

таҳия ва идораи лоиҳаҳо ва ғайра.

Ҷ-би Шакарбек Ниятбеков, Узви Раёсат

Корманди Маҳаллии Барномаи Волоияти Қонуни назди Идораи Швейтсариягӣ оид ба Ҳамкорӣ дар Тоҷикистон, аз соли 2005.

Пештар ҷ-би Ниятбеков дар Институти «Ҷамъияти Кушода» Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ба сифати ҳамоҳангсози Барномаи ҳуқуқӣ кор кардааст.

Ў хатмкунандаи Факултети Ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон аст ва соҳиби таҷрибаи 14 сола дар соҳаи рушд, алалхусус соҳаи волоияти қонун, ҳуқуқи инсон ва ислоҳоти ҳуқуқӣ мебошад.

Ниятбеков Ш. дар тренингҳои гуногуни касбӣ оид ба банақшагирии стратегӣ, идоракунии барномаҳо ва ислоҳоти ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон ва берун аз он ширкат варзидааст.

Муддати фаъолияти касбияш ҷ-би Ниятбеков ширкаткунандаи ташаббусҳои муҳими ислоҳоти ҳуқуқӣ чӣ дар сатҳи сиёсӣ тавассути гуфтугў бо ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, ва чӣ дар иҷро тавассути дастгирии ислоҳот дар сатҳи маҳаллӣ дар Тоҷикистон будааст.

Соҳаи тахассуси ў аз масоили ташаккули хизматрасониҳои ройгони ҳуқуқӣ, мустақилияти судяҳо, гендер ва ҳуқуқи занон, механизми ҳисоботдиҳӣ ба Конвенсияи СММ ва ҳифзи ҳуқуқи инсон иборат мебошад.

 

  Ҷ-би Вафобек Баҳромбеков, Узви Раёсат

Мудири Кафедраи Сотсиологияи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон (ДМТ) аз соли 2009 ва Мудири Маркази Захиравии Корҳои Иҷтимоии назди Факултети Сотсиология.

Баъди хатми ДМТ бо тахассуси забоншинос ва журналист (1991) Баҳромбеков ба сифати журналист (1991 – 1993) дар ВАОи гуногуни маҳаллӣ кор кардааст, ва баъд ҳамчун муаллим дар ДМТ фаъолияит кардааст.

Солҳои 1999-2009 ба ҳайси Ҷонишини Декан ва пас Декани Факултети Фалсафаи назди ДМТ кор кардааст.

Др. Баромбеков узви Ассотсиатсияи Кормандони Иҷтимоии Ҳирфаӣ, Шӯрои Илмии ДМТ, ва Шӯрои Журналистони Тоҷикистон мебошанд.

Др. Баҳромбеков муаллифи беш аз 30 мақолаи илмӣ ва 5 маводи таълимӣ оид ба сотсиология ва кори иҷтимоӣ барои донишҷӯёни факултетҳои гуногун (Сотсиология, Корҳои иҷтимоӣ, Фарҳангшиносӣ ва ғайра), ҳаммуаллифи 3 монография (азҷумла “Ташаккули Фарҳанги сиёсӣ дар марҳилаи гузариш”) мебошанд.

Др. Баҳромбеков дар семинарҳо ва чорабиниҳои дигари Институти “Ҷамъияти Кушода” дар соҳаи Ислоҳоти Таҳсилот, Таърихи Фарҳанг (Алмаато, 1996) ишитрок кардааст;

Дарс додани Сотсиология (Варшава, 2001);

Кори иҷтимоӣ (Киев, 2011); ва Сотсиологияи Таҳсилот (Душанбе, 2010 ва 2013).

Др. Баҳромбеков дар якчанд даври иҷрои бурсҳои Институти “Ҷамъияти Кушода” дар Тоҷикистон ва инчунин дар Шабакаи Барномаҳои Маълумоти Олии Байналмилалӣ ширкат варзидааст.

Ӯ яке аз асосгузорони Ассотсиатсияи Кормандони Иҷтимоии Касбӣ дар Тоҷикистон мебошад. (www.tapsw.tj)

Дар ҳоли ҳозир др. Баҳромбеков бо таҳлили проблемаи ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишварҳои пасошӯравии Осиёи Марказӣ машғул аст.

Хонум Сарвиноз Барфиева таҳлилгари мустақил ва собиқ корманди оид ба таҷрибаҳои глобалии ГНП ва СПЛи Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон  мебошанд.

Дар кори ҳозирааш ӯ барномаҳоро дар чорчӯбаи лоиҳаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ назорат мекунад, ки аз лоиҳаҳои асосии ислоҳоти маблағгузории тандурустӣ ва барномаи калонтарини ҳифзи иҷтимоӣ дар кишавар иборат мебошанд.

Ӯ инчунин ба сифати ҳамоҳангсози оид ба масъалаҳои гендерӣ баромад мекунад, ва дар барномаи бахши ТИКи Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон иштирок мекунад.

То фаъолияташ дар Бонки Ҷаҳонӣ Сарвиноз дар якчанд мақом дар ташкилотҳои мухталифи маҳаллӣ ва байналмилалӣ кор кардааст, ба мисоли Фонди СММ ва Фонди Оғохон, бо таҷрибаи беш аз 12 сол дар бахшҳои мухталифи иҷтимоӣ ва рушд.

Инчуни Сарвиноз ба фаъолияти минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ, ҳуҷҷатҳои таҳлилии ба мисоли “Таҳлили бехатарии иҷтимоӣ” (2014), “Рӯнамоии масорифи давлатӣ” (Тандурустӣ, 2013), “Ташхиси гендерӣ дар Тоҷикистон” (2013) ва ғайраҳо саҳмгузор мебошад.

Сарвиноз соҳиби дараҷаи магистр оид ба иқтисоди сиёсии байналмилалии Донишгоҳи Лидс, Бритониёи Кабир (2008) ва ВА оид ба равобити байналмилалии иқтисодӣ дар Донишгоҳи муосири тоҷикӣ – русӣ мебошад.