Дар бораи бунёд

Ҷорҷ Сорос ва Ҷамъияти Кушода

 

Шуъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон

Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон қисми шабакаи байналмилалии Бунёдҳо ва яке аз Бунёдҳои миллии шабакаи Институти «Ҷамъияти Кушода» мебошад.
Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон бори аввал дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 августи соли 1993 ва дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 ноябри соли 1996 ба қайд гирифта шуд. Моҳи декабри соли 2007 ташкилоти мазкур дар Вазорати адлияи ҶТ ба ҳайси Шуъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон аз нав сабти ном гардид.
Ҳадафи стратегии Бунёд аз дастгирии рушд ва пешрафти равандҳои демократӣ дар Тоҷикистон, ташкил ва инкишофи ҷомеаи демократӣ дар кишвар иборат мебошад. Фаъолияти асосии Бунёд аз идеяҳои инсондӯстӣ, адолати ичтимоӣ ва эҳтироми ҳуқуқи инсон иборат мебошад.
Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон бахши шабакаи байналмилалии Бунёдҳои «Ҷамъияти Кушода» мебошад, ки барои барпокунӣ ва рушди ҷомеаҳои демократие, ки ҳукуматҳояшон зерҳисоби шаҳрвандонашон мебошанд, мусоидат мекунанд.
Барои ба ин ҳадаф расидан Бунёдҳо ба сиёсати давлат мусоидат мекунанд, ки дар соҳаҳои ҳуқуқ ва иқтисод адолатро таъмин намуда ҳуқуқи инсонро эҳтиром мекунад.
Бунёдҳои «Ҷамъияти Кушода» як қатор ташаббусҳоро оид ба пешбурди адлия, таҳсилот, тандурустии ҷамъиятӣ ва ВАО – и мустақил иҷро мекунанд.  Ҳамзамон, Бунёдҳои «Ҷамъияти Кушода» ташаббусҳои байналмилалиро дастгирӣ менамояд, ки ба пешгирии коррупсия ва пешбурди озодии баён ва иттилоот мусоидат мекунанд.
Диққати асосиро Бунёдҳо ба ҳифз ва беҳдошти зисти гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ медиҳанд.

Вазифаи Бунёд:

Пешбурд, маъруфкунӣ ва ҳифзи принсипҳои ҷомеаи кушода ва шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути расондани кӯмаки башардӯстона ва эҳсонкорӣ.

Принсипҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва кушода:
Принсипҳои зерини ҷомеаи шаҳрвандӣ ва кушода дар фаъолияти Бунёди мадад авлавият доранд:

• Пешбурд ва ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳо, озодии афкор, дин, ҳифзи ҳуқуқи ақида ва баён.
• Ҳифзи баробарҳуқуқӣ, ҳифз аз ҳама намуд поймолкунии ҳуқуқ ва инчунин таъминкунии адолати гендерӣ.
• Рушди ваҳдат, таъминкунии сатҳи арзандаи зиндагӣ, тадурустӣ ва таҳсилоти дастрас, дастрасӣ ба таъминкунии иҷтимоӣ.
• Шаффофият ва зерҳисобияти бахши давлатӣ ва хусусӣ барои чомеаи шаҳрвандӣ.

Намудҳои кӯмакҳои башардӯстона ва эҳсонкорӣ:

• Кӯмаки молиявӣ дар шакли бурсҳо барои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеъӣ барои иҷрои лоиҳаҳо, чорабиниҳо ва инчунин иштирок дар конференсияҳо;
• Пешниҳоди стипендияҳои академӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешбурди таҳсилот дар донишгоҳҳои олии давлатҳои хориҷа;
• Кӯмаки техникӣ дар шакли тренингҳо, конференсияҳо, мизҳои мудаввар бо ҷалбкунии мутахассисони маҳаллӣ ва хориҷӣ;
• Кӯмаки машваратӣ дар шакли тадқиқотҳои гуногун, мониторингҳо ва баҳогузориҳои мушовирони маҳаллӣ ва хориҷӣ.

Монеаҳо:
1) Ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилотҳои ғайридавлатии ананавӣ, фаъолони ҷамъиятӣ ва васоити ахбори омма торафт заиф мешаванд ва пайваста ба ин «фазои шаҳрвандӣ» камҳаракт мегардад – истеъдоди хештангароӣ, ва иҷрои назорати мустақил аз болои фаъолияти бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ;
2) Мушкилиҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии паёмади бозгашти шумори зиёди муҳоҷирони меҳнатии тоҷик;
3) Ба таъхир афтодани иҷрои ислоҳот (ва камсамарии онҳо), ки ба тағйиротҳо дар ҷомеа мусоидат мекунанд, вобаста ба воридот ба буҷаи давлат.

Ҳадафҳои дар пеш гузошта:
1. Мусоидат ба рушди иқтисоди шахсони эҳтиёҷманд, инчунин муҳоҷирони ба ватан баргашта, тавассути:
• расондани кӯмак ба муҳоҷирони баргашта мавриди ҳамкории институтҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ;
• иҷрои барномаи кафолатӣ барои табақаҳои камбизоати аҳолӣ;

2. Такмили босуботии иҷтимоӣ дар соҳаи таҳсилот ва тандурустии ҷамъиятӣ, тавассути:
• пешбурд ва ҷорикунии таҳсилоти фарогир;
• рушди фарҳанги баҳогузорӣ;
• такмили сохтори ҳуқуқук дар тандурустӣ;
• мусоидат ба муносибати ҳифзи ҳуқуқ дар тиб.

3. Ҳифзи озодиҳо ва ҳуқуқҳои асосӣ, ва инчунин фазои шаҳрвандӣ тавассути:
• ҳифзи ҳуқуқи ҳаёт ва дастнорасии ҷисмонӣ, мубориза алайҳи шиканҷа ва такмили нерӯи ҳомиёни ҳуқуқ;
• мусоидат ба озодии сухани мустақил;

4. Такмили назорати мустақил аз болои бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ тавассути:
• Такмили нерӯи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мусоидат барои иштироки ӯ дар равандҳои идоракунии буҷети давлатӣ ва мониторинги соҳаи истихроҷ.

Гурӯҳи мақсаднок барои фаъолият ва ҳамкорӣ:

Занҳо, одамони имкониятҳои маҳдуддошта, муҳоҷирони баргашта, ҷавонон, фаъолони шаҳрвандӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ.

Директори иҷрояи Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” Бунёди Мадад дар Тоҷикистон

Илҳом Абдуллоев дар ҳоли ҳозир Директори иҷрояи Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мебошанд.
Ҳамзамон Илҳом Абдуллоев мушовири Бонки ҷаҳонӣ ва тадқиқотчии Институти аврупоии омӯзиши захираҳои меҳнатӣ ҳастанд.
Ӯ инчунин ба сифати иқтисодчии Агентии давлатии омори ҶТ, ҷонишини сардори шуъбаи равобити байналмилалии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, ҳамоҳангсози барномаи рушди иқтисодӣ ва дастгирии соҳибкорӣ, Менеҷер оид ба бурсҳо ва Директори барномаҳои дастгирии соҳибкории навташкил ва фарҳанг ва ҳунар дар Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» Бунёди Мадад дар Тоҷикистон кор кардааст.
Илҳом Абдуллоев Раиси Шӯрои назоратии Ҷамъияти Саҳҳомии шакли пӯшидаи Ташкилоти қарздиҳии депозитии «Ҳумо» мебошанд.
Илҳом Абдуллоев дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (кафедраи «Равобити байналмиилалии иқтисодӣ», 2006-2009) дарс додаанд ва собиқ ёрдамчии профессори Донишгоҳи Ратгерс (факултети Иқтисодиёт, ИМА, 2011-2013) мебошанд.
Илҳом Абдуллоев соҳиби дараҷаи илмии Доктори иқтисоди (PhD) Донишгоҳи Ратгерс (ИМА), ва дараҷаи Магистри донишгоҳи Сент-Эндрюс (Бритониёи Кабир) ҳастанд.
Диссертатсияҳои ӯ сарфарози ҷоизаҳои Донишгоҳи Ратгерс — Алфред Эйшнер ва Монро Берковитс гаштаанд.
Илҳом Абдуллоев аъзо-кореспонденти Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.