Аз 22 то 28 август дар маҷмааи фароғатии Гулобод мактаби тобистона оид ба арт менеҷмент таҳти роҳбарии мутахассиси варзидаи соҳаи иқтисод ва сиёсат дар соҳаи фарҳанг профессор Лидия Варбанова (Болгария, Канада), хатмкунандагони силсилаи тренингҳо барои тренерон, устодони донишгоҳҳои олӣ ва арт таҷрибакорон ва инчунин мутахассисони соҳаи фарҳанг ва ҳунар. Шумораи иштирокчиён аз 20 нафар иборат мебошад.

Барномаи мактаби тобистона ба гузарондани мубоҳисаи яквақтинаи назариявӣ оид ба идоракунии лоиҳаҳои соҳаи фарҳанг ва ҳунар дар асоси таҷрибаҳои маҳаллӣ, алалхусус рушди шоу бизнес, бизнеси галерея(хариду фурӯши нигораҳо), аксбардорӣ ҳамчун ҳунар, индустрияи кино, идоракунии театрҳо, фестивалҳо ва туризми фарҳангӣ нигаронида шудааст. Чорабинӣ диққати иштирокчиёни мактаби тобистонаро ба омилҳои муҳими идоракунии лоиҳаҳои соҳаи арт, ба мисоли индустрияҳои фарҳангӣ, соҳибкорӣ ва навгониҳо дар соҳаи фарҳанг ва ҳунар, брендинг ва промоушн, маркетинг, идоракунии захираҳои инсонӣ ва ғайра. Мактаби тобистона ба беҳдошти лаёқатҳои коммуникатсионии иштирокчиёнаш мусоидат мекунад.

Мактаби тобистона дар чорчӯбаи мусоидат ба босуботгардонии ташкилотҳои фарҳанг ва ҳунар дар муносибатҳои бозаргонии дар Тоҷикистон рушд кардаистода ва барои кӯмак ба устодон ва арт амалкунандагон дар беҳдошти донишҳо оид ба таълими барномаи аз нав ҷорикардаи магистрии оид ба идоракунии лоиҳаҳои соҳаи фарҳанг ва ҳунар дар пояи Донишгоҳи технологӣ гузаронида мешавад.

Барои дарёфти маълумоти иловагӣ метавонед ба Лолисанам Улуғова, ҳамоҳангсози барномаи «Фарҳанг ва ҳунар»-и ИҶК БМ, ба суроғаи электронии  lola.ulugova@osi.tajik.net ва ё телефонҳои 44 107 28,  44 107 50,  227 55 58 муроҷиат намоед.