Созмони ҷамъиятии «Ташаббуси ҳуқуқӣ» дар якҷоягӣ бо Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон, бо кӯмаки молии бахши ташкилоти байналмилалии «Институти Ҷамъияти Кушода – Бунёди Мадад» дар Тоҷикистон оид ба огоҳониву пешгирии зӯроварӣ ва дигар муносибатҳои бераҳмона нисбати кӯдакон дар муассисаҳои пӯшидаву нимапӯшидаи Тоҷикистон давраи омӯзишӣ мегузаронад.

Дар ин давраи омӯзишӣ намояндагони Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии чор вилояти Тоҷикистон ва шаҳри Душанбе, инчунин ташкилотҳои ҷамъиятӣ иштирок хоҳанд кард.

Дар рафти омӯзиш иштирокчиён механизмҳои байналмилалӣ ва миллии огоҳониву пешгирии зӯроварӣ ва дигар муносибатҳои бераҳмона нисбати кӯдакон дар муассисаҳо, инчунин усулҳои ошкор намудани муносибати бераҳмона нисбати кӯдаконро баҳсу баррасӣ намуда, дар самти офиятбахшии ҳамаҷониба ва самараноки ҷабрдидагони зӯроварӣ табодули таҷриба мекунанд.

Дар чорабинӣ ба ҳайси тренер коршиноси байналмилалӣ дар самти равоншиносӣ Лилит Геворкян аз Арманистон, коршиноси миллӣ дар самти ҳимоя ва рушди ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон Дилбар Турахонова, инчунин коршиноси миллӣ дар самти татбиқи Протоколи Истамбул Парвина Наврӯзова даъват шудаанд.

Давраи омӯзишӣ дар доираи лоиҳаи сесолаи Ислоҳоти байналмилалии ҳабсҳо PRI, ки ба бартараф намудани зӯроварӣ нисбати кӯдакон дар муассисаҳои пӯшидаи Осиёи Марказӣ равона гардида, дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо созмони ҷамъиятии «Ташаббуси ҳуқуқӯӣ», бо кӯмаки Иттиҳоди Аврупо роҳандозӣ шудааст, доир мегардад.

43%-и кӯдаконе, ки дар пажуҳиши PRI «Голос ребенка» («Садои кӯдак») дар соли 2015 иштирок намудаанд, гуфтанд, ки онҳо худро дар шуъбаи милитсия амну бехатар ҳис кардаанд. Аз ҳар се нафар як кӯдак дар бораи муносибати бади милисаҳо зикр карда гузаштанд ва аксарият гуфтанд, ки таҳқири дурушти лафзӣ шунидаанд. Як писар аз андаке зӯроварии ҷисмонӣ шикоят кард ва боз як писари дигар аз истифода шудани ҳаракатҳои зӯроваронаи бераҳмона нисбаташ шиква намуд. Ягон нафар аз кӯдаконе, ки дар бораи сӯйистифодаҳо хабар доданд, дар ин бора калонсолонро огоҳ накардаанд. Қисми зиёди кӯдакон ин корро накардаанд, зеро бар ин бовар будаанд, ки ба онҳо бовар намекунанд. Гузоришгари вижа оид ба шиканҷа дар соли 2015 гузориши иловагӣ тартиб дод, ки дар он идома доштани нигарониҳо оид ба «ҳисоботҳо дар бораи он, ки кӯдакони дар низоъ бо қонун қарордошта ҳангоми ҳабс ва зинаҳои гуногуни боздошт бо муносибати бераҳмона дучор мешаванд», зикр ёфтааст.

Макони баргузории давраи омӯзишӣ: маҷлисгоҳи меҳмонхонаи «Комфорт», шаҳри Душанбе, кӯчаи Толстой, 59.  Рӯз ва вақти баргузорӣ: 25-27-уми майи соли 2016, аз соати 09:00 то 17:00

Барои дарёфти маълумоти иловагӣ, лутфан, ба Гулчеҳра Раҳмонова муроҷиат намоед  – 93 578 20 90, суроѓаи электронӣ: g.rakhmanova.rakhmanova@gmail.com