Директори барномаНазархудо Дастамбуевnazarkhudo.dastambuev(at)osiaf.tj

Ҳамоҳангсози барнома: Лола Улуғоваlolisanam.ulugova(at)osiaf.tj

Ҳадаф:
— Фароҳам овардани муҳити мусоид барои рушди санъати муосир бо мақсади муҳокимаи масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ тавассути гузарондани муаррифиҳо дар бораи назария ва ҷараёнҳои санъати муосир, намоиши перформенсҳо, филм-скринингҳо барои гурӯҳҳои аз ҷомеа ҷудо, ҷавонони бомаърифат ва рассомоне, ки дар санъати муосир фаъолияти баланд нишон медиҳанд.

Самтҳои афзалиятноки барнома:
— Рушди нерӯи ташкилотҳои ҳамшарик
Пешниҳод намудани бурсҳо барои дастгирии ташкили лабораторияҳои эҷодӣ, арт-резиденсияҳо, лексияҳои кушод, намоишҳо, гузарондани муаррифиҳои оммавӣ дар бораи назария ва ҷараёнҳои санъати муосир, намоиши перформенсҳо, филм-скринингҳо барои гурӯҳҳои аз ҷомеа ҷудо, ҷавонони бомаърифат ва рассомоне, ки дар санъати муосир фаъолияти баланд нишон медиҳанд.
— Таҳкими ҳамкорӣ бо мақсади ба даст овардани рушди иҷтимоӣ дар ҷомеа.
Ташкили конференсияҳои минтақавӣ оид ба истифодаи таҷрибаҳои муосир, пешбурди арт-активизм ва мубодилаи таҷриба бо ташкилотҳои ҷамъиятии Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ, баргузор намудани кинофестивалҳои миллӣ ва намоишҳои театрӣ.
— Рушди ниҳоии ташкилотҳои ҳамшарик
Имконият додан ба ташкилотҳои ҳамшарик дар ташкил ва маблағгузории чорабиниҳое, ки бо рушди санъати муосир, инчунин рушди иҷтимоии ҷомеа алоқаманд мебошанд.

Шарикон:
Вазорати фарҳанги ҶТ;
Консерваторияи миллии ба номи Т. Сатторов;
Иттифоқи кинематографистони ҶТ;
Ташкилоти ҷамъиятии «Дидор»
Хазинаи ҷамъиятии «Санъати муосир»
Маркази фарҳангии «Бохтар»
Маркази санъат ва барномаҳои таълимии «Суғд»