Замонатҳои қарзӣ

Директори барнома – Нигора Абидҷонова  nigora.abidjanova@osiaf.tj

Ҳамоҳангсози барнома: Нилуфар Каримова  nilufar.karimova@osiaf.tj

Маълумоти умумӣ:
Барномаи замонатҳои қарзӣ ба такмили худфаъолиятии “қишрҳои камбизоати” аҳолӣ тавассути ба даст овардани замонатҳои қарзӣ нигаронида шудааст.

Ҳадафи барномаи замонатҳои қарзӣ:
Мусоидат ба рушди соҳибкории хурд ва миёна, ки омили муҳими ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад, тавассути пешниҳоди машваратҳои пулакӣ ва дастрасӣ ба қарзҳои имтиёзнок.

Бархурди стратегӣ:
Мусоидат ба рушди иҷтисодии эҳтиёҷмандон, махсусан муҳоҷирони ба ватан баргашта.
Барномаи замонатҳои қарзӣ аз авлавиятҳои зерин иборат мебошад:

I. Авлавияти 1. Дастрасӣ ба қарзҳои имтиёзнок, пешбурди лоиҳаи қонун оид ба Фонди замонатӣ дар Тоҷикистон

– пешниҳоди замонатҳои қарзӣ ба муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта ва оилаҳои онҳо, ҷавонон, ки эҳтимолан метавонанд ба хариду фурӯши маводи мухаддир ҷалб шаванд, барои он, ки онҳо тавонанд бизнеси хурди худро оғоз кунанд;
– васеъкунии ҳамкорӣ бо ташкилотҳои қарзии хурди дигар ва донорон оид ба пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок барои стартапҳо дар ноҳияҳои дурдасти кишвар;
– ташаккули гурӯҳи корӣ оид ба таҳия ва нашри дастурамал доир ба фаъолияти Фондҳои замонатӣ дар Тоҷикистон бо забонҳои русӣ, тоҷикӣ ва узбекӣ.
– Ташаббускории таҳияи лоиҳаи қонун оид ба замонатҳои қарзӣ ва Фондҳои замонатӣ дар Тоҷикистон.

II. Аввлавияти 2. Дониши молиявӣ

такмили донишҳои молиявии аҳолӣ, азҷумла ҷавонон, занон, муҳоҷирон, ки оянда метавонад барои тасмимҳои босаводона ва паст намудани хатарҳо мусоидат намояд ва бо ҳамин ба такмили бехатарии молиявии аҳолӣ мусоидат кунад.
• таҳлили адабиёт оид ба донишҳои молиявӣ, ки забони тоҷикӣ тарҷума шудаанд.
• гирифтани ҳуқуқ аз муаллиф ва нашр барои он, ки гурӯҳи корӣ мувофиқкунӣ ва тарҷумаи китобро оғоз намояд.
• адаптатсия, таҳия ва нашри китоби А. Киреев барои талабагони синфҳои 10-11.
• бо вазорати Маориф ва илми ҶТ мувофиқ намудани ҷорикунии китоб ба муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонии кишвар.
• адаптатсия ва ташаккули он-лайн китоб.

Қабули дархостҳои лоиҳавӣ барои иштирок дар иҷрои самтҳои авлавиятдори барномаи замонатҳои қарзии ИҶК БМ дар Тоҷикистон танҳо дар чорчӯбаи озмунҳои эълоншавандаи расмӣ сурат мегирад.