Директори барнома: Диловар Мунавваровdilovar.munavvarov(at)osiaf.tj

Ҳамоҳангсози барнома: Ҷовид Ибодовjovid.ibodov(at)osiaf.tj

Барномаи Ҳуқуқӣ дастгирии ҳаракатҳои ҳифзи ҳуқуқ ва Институтҳои соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон, ва инчунин мусоидат ба ҳамшарикон, ки дар соҳаи пешгирии шиканҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунанд, ба нақша гирифтааст.

 Ҳадаф:

Дастгирии ҳаракати ҳифозати ҳуқуқ дар Тоҷикистон.

 Муносибати стратегӣ:

  • Ҳифзи фазои шаҳрвандӣ ва дастгирии тағйироти иҷтимоӣ

Барномаи Ҳуқуқии ИҶК – БМТ аз авлавиятҳои барномавии зерин иборат мебошад:

Авлавияти 1: Такмили нерў ва рушди ҳаракати  ҳифозати ҳуқуқ;

Вазифаҳо:

– Пешбурди  меъёрҳои ҳуқуқӣ/байналмилалии қонунгузорӣ барои паст намудани хатари фишороварӣ аз болои ҳомиёни ҳуқуқ

– Мониторинги ва ҳуҷҷатгузории ҳолати ҳифзкунӣ/бехатарӣ дар минтақа, азҷумла масъалаҳои вобаста ба қонунҳои  вайронкунандаи ҳуқуқ ва сиёсате, ки фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ иртибот доранд.

– Мусоидат ба расондани ёрии ҷисмонӣ ва равонӣ;

– Бехатарии иттилоотӣ – рақамӣ ҳамчун бахши ҳимоя

– Такмили малакаҳо ва нерў дар гузарондани адвокатсия дар сатҳҳои миллӣ ва байналмилалӣ

Авлавияти 2: Ўҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар назди Мақомоти шартномавии СММ

– Мусоидат ба ҷомеаи шаҳрвандӣ ва Ҳукумати ҶТ дар пешбурди механизмҳои самараноки ҳифзи ҳуқуқи инсон мувофиқи стандартҳои байналмилалии эътирофшудаи Мақомоти шартномавии СММ.

 

Шаффофият ва зерҳисобият

 Ҳадаф:

Такмили назорати мустақил аз болои бахши хусусӣ ва давлатӣ               Бархурди стратегӣ:

Такмили нерўи ҷомеаи шаҳрвандӣ барои назорат.

Барномаи Шаффофият ва зерҳисобияти ШТ ИҶК – БМ аз авлавиятҳои зерини барномавӣ иборат мебошад:

Авлавияти 1:

Мониторинги мунтазами риояи ҳисоботдиҳӣ ва иҷрои тавсияҳо, азҷумла ифшои бебарории давлатӣ ва ҷалб намудани диққат ба ислоҳоти муҳими ТШСИ;

Вазифаҳо:

  • Такмили шаффофият дар бахши истихроҷ тавассути рушди нерўи таҳлилии ҳамаи ҷонибҳои ҳавасманд ва беҳдошти дастрасӣ ба иттилооти соҳавӣ.
  • Фаъолкунии мубоҳисаи ҷамъиятӣ бо ҳокимияти қонунгузор барои дарёфти сатҳи баланди шаффофият ва дастрасӣ ба иттилоот дар масъалаи захираҳои табии ва истифодабарии онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Авлавияти 2:

Мониторинги мунтазами ислоҳоти Индекси Шаффофияти Буҷет (OBI), барои беҳдошти индекс дар ҶТ.

 

  • Вазифаҳо:

– мусоидат дар такмили сатҳи ҷалби диққати ҷамъиятӣ ба иштирок дар раванди буҷетӣ дар сатҳи маҳаллӣ;

– муайанкунии сатҳи кушодагии равандҳои буҷетӣ.