jourgesoros

Ҷорҷ  Сорос дар замони авҷи даргириҳои хунини асри бист дар Маҷористон,замоне ки тамоми кишвар майдони  муҳориба буд, ба воя расидааст. Бардошти ӯ аз ин ҳодисаву  руйдодҳо, мисли зуроварӣ, истилоъи аҷнабиён, яҳудбадбинӣ ва дигар намудҳои таҳаммулнопазирӣ, дар якҷоягӣ бо иштиёқи ӯ бо фалсафа, минбаъд бинои афкору ақидаи  уро сохтанд ва барои муваффақ шуданаш ҳам дар  фалсафа ва ҳам дар саховатпешагӣ мусоидат намуданд.

 Ӯ соли 1930 дар Будапешт ба дунё омада, дар марҳилаи  Ҷанги Дуюми Ҷаҳон зери истилои фашистӣ  ва баъди ҷанг зери бори станилизм қарор доштани Маҷористонро аз  сар гузарондааст. Сорос соли 1947 Маҷористонро тарк гуфта ба Англия  сафар кард. Қабл аз хатми мактаби иқтисодии Лондон Сорос бо асраи Карл ПопперҶомеаи кушода ва душманони ӯ»  оид ба фалсафаи илмҳо ва назари интиқодии ӯ доир ба худкомагӣ (тоталитаризм)  шинос шуд. Муаллифи   асар иддаъо дошт, ки ҳеҷ фалсафае ё идиологияе дар ниҳояти худ ҳақиқатро инъикос наменамояд  ва ҷомеа танҳо вақте рушд мекунад, ки идораи демократӣ , озодии баён, гуногунии афкор ва эҳтиром бар ҳуқуқи инсонро таъмин намояд,  

Дертар ,вакте ки  Сорос ба ҳайси таҳлилгари молиявӣ  ва тоҷир дар Ню Йорк  кор мекард, ақидаи Попперро барои инкишофи назарияи иҷтимоъи худ(назарияи «инъикосият»,/ «рефлективи»)…,барои шарҳи он ки чӣ тавр механизми робита бо ҷомеа метавонад қимати махсулоти бозорро  барои алоқамандони он тағйир диҳад, истифода бурд. Чун муътақид шуд, ки дар тиҷорат аз фалсафа ҳам муваффақтар аст, Сорос ба истифодаи идеяҳои худ оид  ба «инъикосият» дар сармоягузорӣ шуруъ намуд ва минҷумла аз ин назария дар пешгуйи ба вуҷуд омадани «ҳубобоҳо»-и молиявӣ истифода намуд.

 Соли 1967 ӯ ба таъсиси бунёди сармоягузориии офшорӣ мусоидат намуд. Соли 1973 ширкати сармоягузории хусусӣ сохт, ки дар ниҳояти кор ба Quantum Fund- ба яке аз аввалин бунёдҳои сармоягузорӣ табдил ёфт.

 Хотироти ҳузангези Сорос дар бораи яҳудситезии замони ҷанг дар Маҷористон дар зеҳни ӯ соли 1979 зарурати кумаки  молӣ намудан ба донишҷуёни сияҳпусти Донишгоҳи Кейптаун дар Африқои Ҷанубии замони нажодпарастиро бедор намуд. Соли 1984 Сорос  дар Маҷористон Бунёди фарҳангӣ ва таълимиро таъсис дод. Дертар ӯ ба ҳаракату ҷарёнҳои дигаргунандешӣ дар кишварҳои низомашон коммунистии Аврупои Шарқӣ мусоидат намуд. Одамонро барои таъсиси ташкилотҳои нав, барои рушди таҳаммулгароӣ, идораи демократӣ, тавсиъаи ҳуқуқи инсон ва волояти қонун кумак намуд, чун дар созмонҳои расмӣ имкони изҳори ақида набуд ва   доштани ақидаи мухолиф тащвиқоти зиддидавлатӣ ҳисоб мешуд ва замоне  буд  ки диктатураи яккаҳизбӣ инҳисори сирф ҳукумат буд

 .Дар поёнии солҳои 80 ва аввали солҳои 90, замоне   ки Блоки Шарқӣ   ва Иттиҳоди шуравӣ пош хурданд, Сорос  бо нияти таъсиси ҷомеаҳои кушода дар тамоми минтақа  тасмим гирифт,ки маблағузориро бештар намояд. У бовари худро нисбат ба  андешаи интиқодӣ ва рушди демокративу сиёсӣ бо кушодани Донишгоҳи  Аврупои Марказӣ  дар соли 1991 собит намуд. Соли 1993 Институти Ҷамъияти Кушодаро   таъсис дод. Дар тулии  се даҳсолаи ахир ғояи инсонпарварии Сорос боиси  зуҳури силсилаи бунёдҳое шуд , ки дар Африқову Осиё, Аврупою Амрикои Лотинӣ ва Иёлоти Муттаҳида аз рушди ҷомеаҳои  кушода пуштибонӣ мекунанад. Барои  дастгирӣ аз ҳуқуқи инсон, озодии баён, дастрасӣ ба хидматрасонӣ дар соҳаи тибб ва таълим  дар 70 кишвар то кунун Сорос 8 миллиард пул сарф кардааст

 Яке аз охирин китобҳои Сорос бо номи «Маърузаҳои Сорос: дар Донишгоҳи Аврупои Марказӣ» соли 2010 нашр шудааст. Ӯ ҳамчунин муаллифи якчанд китоби дигар аст,аз ҷумла «Заволии соли 2008 бозгуйи чист», «Намунаи нави бозорҳои молиявӣ» (2009), «Асри хатоҳо: натиҷаи ҷангҳо ва террор»(2006),. «Ҳубоби бартариҳои амрикоӣ»(2005), «Ҷорҷ  Сорос оид ба ҷаҳонишавӣ»(2002), «Ҷамъияти кушода: ислоҳоти капитализми глобалӣ»(2000) «Буҳрони капитализми глобалӣ: ба ҷомаеи кушода хатари нобудшавӣ таҳдид мекунад» (1998)« Сорос дар бораи Сорос: Будан пеш аз ҳама» (1995), «Андеррайтинги демократия»(1991), «Ифтитоҳи низоми шуравӣ»(1990), «Алхимияи молия»(1987.) Мақолаҳои ӯ дар бораи сиёсат, ҷомеа ва иқтисодиёт зуд зуд дар нашрияҳои муътабари олам ба табъ мерасанд.

Маълумоти муфассал оид ба фаъолитҳои Ҷорҷ Сорос, ки берун аз доираи фаъолияти Бунёдҳои Ҷамъияти Кушодаанд, дар сайти www.georgesoros.com пешниҳод шудаанд.