Озмуни тамдидшудаи грантӣ оид ба журналистикаи додаҳо барои ВАО

Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода”- Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, дар доираи барномаи “Дастгирии идоракунии молияи давлатӣ (ДИМД) дар Тоҷикистон”, ки аз тарфи Вазорати Рушди Байналмиллалии Британия Кабир маблағгузорӣ мешавад (DFID)

ВАО-и Тоҷикистонро барои иштирок дар озмуни грантӣ барои беҳтарин мавод дар мавзӯи марбут ба буҷети ҷумҳурӣ ва идоракунии молияи давлатӣ даъват менамояд.

Барои иштирок дар озмуни грантӣ оид ба дата -журналистика рӯзноманигорон/ редаксияҳои расонаҳои минтақавӣ ва миллии чопӣ ва онлайн, телевизионҳо ва радиоҳои давлатию ғайридавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда мешаванд.

Мавзӯи дархостҳои лоиҳавӣ бояд масъалаҳои вобаста ба идоракунии молияи давлатӣ, идоракунии буҷет ва инчунин баланд бардоштани дониши молиявии аҳолиро инъикос намоянд.

Мақсадҳои озмуни грантӣ:
• Мусоидат дар беҳтар намудани малакаи касбии рӯзноманигарон дар инъикоси масъалаҳои муҳими иқтисодӣ вобаста ба буҷет ва идоракунии молияи давлатӣ (ИМД);
• Кӯмак ба рӯзноманигороне, ки барои эҷоди лоиҳаҳо доир ба масъалаҳои муҳими иқтисодӣ имконияти молиявӣ надоранд;
• Баланд бардоштани сатҳи дониши молиявӣ ва иттилоонидани аҳолии ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба равандҳои буҷетӣ ва ИМД тавассути нашри маводи босифату касбӣ дар ВАО;
• Ҳавасмандгардонии ВАО барои пешбурди дата-журналистика.

Барои иштирок дар озмун хоҳишмандон аз ВАО бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:
• Дархости лоиҳавӣ барои иштирок дар озмун бо забонҳои русӣ ё тоҷикӣ (нусқаи дархост дар сомонаи: https://www.osiaf.tj/2017/02/16/russkiy-prodlyonnyiy-grantovyiy-konkurs-po-data-zhurnalistike-dlya-smi/ ҷой дода шудааст);
• Тарҷумаи ҳоли муаллиф ё гурӯҳи муаллифон (CV).

Меъёрҳои интихоби мавод:
• Аҳамияти мавзӯъ;
• Мукаммал ва фаҳмо будани маълумот;
• Истифодаи сарчашмаҳои гуногун (мусоҳиба бо коршиносон, маълумотҳои расмӣ аз сарчашмаҳои мухталиф, инъикоси андешаҳои шаҳрвандон, маълумотҳои байналмилалӣ);
• Пешниҳоди ҷолиб;
• Дақиқ будани мавод;
• Истифодаи моҳирона ва босифати чандрасонаӣ дар инъикоси маълумотҳо (графика, даиаграммаҳо, харитаҳо, навор, садо, аксҳо ва ғайраҳо);
• Лоиҳа набояд барои пешбурди манфиатҳои сохторҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ ва ё ҷамъиятӣ мусоидат намояд;
МУҲИМ АСТ:

Маводи дархостӣ дар озмуни грантӣ бояд аслӣ ва қаблан дар дигар расонаҳо нашр нашуда бошад.
Шахсоне,ки хоҳиши дар озмуни иштирок кардан доранд, бояд ҳуҷатҳои дар боло зикр гардидаро то соати 17:00, 24-уми феврали соли 2017 ба суроғаи зерин пешниҳод кунанд:

ш. Душанбе,кӯчаи Бохтар 37/1, Маркази тиҷоратии “ВЕФА”, ошёнаи 4-ум, тел: 441-07-45, 441-07-48, 441-07-29, ё бо суроғаи электронии osiaf@osiaf.tj ва xeniya.mironova@osiaf.tj

Шахси мутасаддӣ: Ксения Миронова, Ҳамоҳангсози барномаи “Дастгирии идоракунии молияи давлатӣ дар Тоҷикистон”.

Ҳуҷҷатҳое, ки бо вайрон кардани шартҳои ИҶК БМ – Тоҷикистон тартиб дода шудаанд, пурра нестанд ё баъди муҳлати зикршуда ворид гардидаанд, баррасӣ намешаванд. Маводи ба озмун пешниҳодшуда баргардонда намешавад.

ГИРИФТАНИ ДАРХОСТ

ГИРИФТАНИ ҶАВОБҲО БА САВОЛҲО ОИД БА ПУР КАРДАНИ ДАРХОСТ

RSS
Follow by Email
Facebook
Facebook
Google+
https://www.osiaf.tj/2017/02/16/russkiy-prodlyonnyiy-grantovyiy-konkurs-po-data-zhurnalistike-dlya-smi/
Twitter
Instagram