Озмун барои дастгирии бурсии ташаббусҳо оид ба дастрасӣ ба додаҳои кушода

Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” –
Бунёди Мадад дар Тоҷикистон

Барномаи Дастрасӣ ба иттилоот дар чорчӯбаи авлавияти барномаи оид ба додаҳои кушода

ОЗМУНИ КУШОД ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

барои дастгирии бурсии ташаббусҳо, ки барои мусоидат намудан баҳри беҳтар гардондани дастрасӣ ба додаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, ки дар рушди навовариҳо дар хизматрасонӣ ба шаҳрвандон равона шудааст. Самтҳои авлавиятдор инҳоанд:

  • таъмини дастрасӣ ба додаҳои ҷамъиятию иҷтимоӣ, марбут ба соҳаи маориф ва илм, тандурустӣ, харитасозии электронӣ ва дигар маводҳо, ки барои рушди хизматрасонӣ мусоидат менамояд (то $10000);
  • дастгирии ташаббусҳои ҷавонон барои доир намудани чорабиниҳо оид ба коркарди барномаҳои инноватсионӣ таввассути истифода аз додаҳои кушода ва визуалӣ гардондани онҳо (то $10000);
  • дастгирии ташабусҳои тадқиқотӣ оид ба дастрасӣ ба иттилоот дар соҳаи хизматрасонии иҷтимоӣ (то $5000).

Барои иштрок дар озмун даъват мешаванд:
Ташкилотҳои ҷамъиятӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва васоити ахбори оммаи мустақил, ки таваҷҷуҳ ба омӯзиш ва таҳияи механизми самарбахш оид ба беҳтар намудани дастрасӣ ба иттилоот баҳри рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар тавассути истифода аз технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ доранд.

Барои иштирок дар озмун бояд варақаи иттилоотӣ ва мактуби ҳавасмандиро (на беш аз 2 саҳфа) бо мазмуни зерин пешниҳод кард:

  • Ҳадаф ва вазифаҳои лоиҳа;
  • Мавзӯи мухтасари лоиҳа (чорабиниҳои ба нақша гирифташуда);
  • Буҷети тахминии лоиҳа, ки дар ҳудуди аз 5000$ то 10000$ бошад;
  • Иттилоот дар бораи ташкилот ва намунаҳои корҳои муаллифӣ, марбут ба мавзуъи озмун;

Мӯҳлати охирини қабули ҳуҷҷатҳо – 5 майи с.2017.

Иттилооти муфассал ва шакли варақаи иттилоотиро метавонед аз сомонаи ташкилоти ИҶК БМ Тоҷикистон www.osiaf.tj/ru/grants ва ё аз суроғаи ш. Душанбе, куч. Бохтар 37/1, Маркази тиҷоратии “Вефа”, ошёнаи 4 дастрас намоед. Тел: 227-55-58, 227-07-16; e-mail: mavzuna.abdurakhmanova@osiaf.tj, Ҳамоҳангсози барномаи Дастрасӣ ба иттилоот Мавзуна Абдураҳмонова.

Машварат доир ба ҷараёни пешниҳоди ҳуҷҷатҳои озмун 2 майи с.2017, аз соати 9:00 то 11:00,
дар идораи ИҶК БМ дар Тоҷикистон баргузор мегардад.

Ҳуҷҷатҳои номбурда бояд ба суроғаи электронии osiaf@osiaf.tj равон карда шаванд ё ба суроғаи дар боло зиккршудаи ташкилот оварда шаванд.
Ҳуҷҷатҳое, ки бо вайрон намудани шартҳои ИҶ БМ Тоҷикистон омода шудаанд, нопурраанд ва ё баъди мӯҳлати нишондодашуда ворид мегарданд, баррасӣ намешаванд. Маводҳои пешниҳодшуда баргардонида намешаванд.

RSS
Follow by Email
Facebook
Facebook
Google+
https://www.osiaf.tj/2017/04/19/ozmuni-kushod-baroi-dastgirii-bursii-tashabbus-o/
Twitter
Instagram