Озмун барои иштирок дар тренинги семоҳа оид ба омӯзиши самтҳои фьюжн

Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, дар чорчӯбаи барномаи “Фарҳанг ва Ҳунар”, миёни донишҷӯёни донишгоҳҳои ҳунар (самтҳои мусиқӣ ва рақс), ва инчунин раққосон ва навозандагони касбӣ барои иштирок дар тренинги семоҳаи оид ба омӯзиши самтҳои фьюжн озмун эълон менамояд.

Мақсади тренинг дастгирии ташаббусҳои эҷодии ҷавон мебошад, ки ба муҳокима ва рӯнамоии масъалаҳои назарраси иҷтимоии ҷомеа ва такмили озодии худнамоии эҷодӣ нигаронида шудаанд.

Барои иштирок дар тренинг пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои зерин зарур аст:
• шакли пуркардаи дархост барои иштирок дар тренинг (дар сомонаи www.osiaf.tj ё метавонед ба ҳамоҳангсози барномаи “Фарханг ва Ҳунар” Улуғова Л. бо суроғаи lolisanam.ulugova@osiaf.tj муроҷиат намоед)
• резюме бо намунаҳои корҳои эҷодӣ

Меъёрҳои интихоби иштирокчиён барои тренинг:
• тафаккури эҷодӣ ва доштани нияти такмили ихтисос;
• донистани асосҳои дониши мусиқӣ ва ххореография;

Мӯҳлати охирини қабули ҳуҷҷатҳо – 18 майи 2017.

Иттилооти муфассалро шумо метавонед дар ИҶК БМ – Тоҷикистон бо суроғаи зерин дастрас намоед:
ш. Душанбе, к. Бохтар 37/1, Маркази кории “Vefa”, ошёнаи 4, тел: 441-07-28,
441-07-29; 227-55-58; е-mail: lolisanam.ulugova@osiaf.tj – шахси масъул- Лолисанам Улуғова.

Ҳуҷҷатҳоро метавонед тавассути почтаи электронии osiaf@osiaf.tj равон кунед ва ё ба идораи ташкилот ба суроғаи дар боло зикршуда расонед.

Ҳуҷҷатҳое, ки бо вайрон намудани шартҳои ИҶ БМ Тоҷикистон омода шудаанд, нопурраанд ва ё баъди мӯҳлати нишондодашуда ворид мегарданд, баррасӣ намешаванд. Маводҳои пешниҳодшуда баргардонида намешаванд.

[button style=”medium” type=”rounded” color=”#COLOR_CODE” background=”#COLOR_CODE” src=”https://www.osiaf.tj/wp-content/uploads/2017/04/Forma-dlya-zapolneniya-UM.docx” target=”_blank”]ГИРИФТАНИ ШАКЛИ ДАРХОСТ[/button]

RSS
Follow by Email
Facebook
Facebook
Google+
https://www.osiaf.tj/2017/04/28/ozmun-baroi-ishtirok-dar-treningi-semo-a-oid-ba-om-zishi-samt-oi-fyuzhn/
Twitter
Instagram