Захираҳои кушодаи таҳсилотӣ – технологияҳои дастраси такмили сифати таҳсилот

Рушди захираҳои таҳсилотӣ нахустин бор дар Тоҷикистон соли 2015 бо ташаббуси ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ТИК» мавриди дастгирии Вазорати Маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мавриди дастгирии молиявии Институти «Ҷамъияти Кушода» Бунёди Мадад дар Тоҷикистон оғоз шуда буд.

Марҳилаи аввали ташаббус аз роҳандозӣ намудани захираҳои кушодаи таҳсилотӣ (ЗКТ) дар пояи панҷ Донишгоҳи олии кишвар иборат буд. Диққати асосӣ ба ташаккули платформа барои дастрасӣ ба захираҳои кушодаи таҳсилотӣ ва рушди контенти таҳсилотӣ аз ҷониби устодони донишгоҳҳои олӣ дода шуда буд. Иштирокчиёни лоиҳа аз бозомӯзиҳо гузашта, курсҳоро аз фанҳои математика, иқтисодиёт, забонҳои хориҷӣ, технологияҳои иттилоотӣ, психология ва ғайра ташкил мекарданд.

Соли 2016 ба натиҷаҳои мусбии лоиҳаи озмоишӣ такя намуда, ташаббуси ЗКТ дар минтақаҳои кишвар васеъ карда шуд, ва донишгоҳҳои шаҳрҳои Кӯлоб, Хӯҷанд ва Хоруғро фаро гирифт. Захираҳои нави кушодаи таҳсилотӣ онлайн платформаро бо фанҳои химия ва физика, таърих ва ҳуқуқ, бизнес ва иқтисодиёт, фаъолияти бонкӣ, маркетинг, забонҳои барномасозӣ ва дигарҳо ғанӣ гардонид. Бештари ЗКТ ба забони миллӣ тартиб дода шудаанд.

Дар ҳоли ҳозир, ЗКТ Институти Давлатии забонҳо ба номи С.Улуғзода, Донишгоҳи Давлатии Педагогии ба номи С.Айнӣ, Донишгоҳи соҳибкорӣ ва хизмат, Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб ба номи А.Рӯдакӣ, Донишгоҳи Давлатии ҳуқуқ, соҳибкорӣ ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хӯҷанд, Донишгоҳи Давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев, ва инчунин Институти Идоракунии Давлатии назди Президенти ҶТ ва Гимназияи Хотам ва ПВро фаро гирифтааст.

Дар портали захираҳои кушодаи таҳсилотии http://oer.cict.tj/ беш 50 курс, ки аз ҷониби устодон омода шудаанд, дастрас мебошанд. Ба ғайр аз ин, барои якчанд донишгоҳи олӣ порталҳо дар пояи серверҳояшон бо дастрасии дохилӣ ва берунӣ ба захираҳои кушодаи таҳсилотӣ сохта шудаанд, ва инчунин мутахассисон оид ба идоракунии порталҳои ЗКТ, аз ҳисоби кормандон ва устодони донишгоҳҳо тайёр карда шудаанд.

Муддати ду сол беш аз 100 муаллим ва 60 донишҷӯ аз муассисаҳои таҳсилотии кишвар оид ба назария ва амалияи ташаккули ЗКТ таълим гирифтанд. Ба ғайр аз ин, аз ҷониби Маркази ТИК ҳамасола миёни муаллимон озмунҳо барои интихоби беҳтарин захираи кушодаи таҳсилотӣ ташкил карда мешавад. Аз рӯи натиҷаҳои озмунҳои солҳои 2016-2017 панҷ ғолиб аз донишгоҳҳои мухталифи кишвар муайан шуданд. Инҳо, Шамшоди Ҷамшед аз Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб ба номи А.Рӯдакӣ, Мунира Обидова аз Донишгоҳи Давлатии Педагогии Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, Шӯҳратҷон Исмоилов – Донишгоҳи Давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон шаҳри Хӯҷанд, Ҷамшед Заргаров – Донишгоҳи Давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев ва Зарина Каримова – Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ мебошанд. Ғолибон соҳиби планшет ва сертификат дар бораи иштироки муваффақ дар тренинг оид ба ЗКТ гаштанд.
Хурсандиовар аст, ки ЗКТ-и ташкилшуда аз маводҳои гуногун, ба мисоли лексияҳо, рӯнамоиҳо ва маодҳои аудио ва видео иборат мебошанд. Ба фикри иштирокчиёни ташаббус, дастрасии озод ба захираҳои таҳсилотӣ ва системаи таълими фосилавӣ, навоварии беҳтарин дар раванди таҳсилот мебошад.

Барои таъминкунии дастрасии васеъ ба ЗКТ, иҷрокунандагони лоиҳа «Маркази ТИК» ташкилкунии шаклҳои мобилии курсҳои ғолибони озмуни ҳарсоларо оғоз кардаанд. Ба ғайр аз ин, ба ташаббус муаллимони Гимназияи «Ҳотам ва ПВ» пайвастанд, ки барои дастрасии озод се китоб, «Ҳалли масъалаҳо аз фанни химия», «Асосҳои назариявии химия», «Химияи физикавии элементарӣ» – ро пешниҳод карданд, ки дар асоси онҳо замимаҳои мобилии барои смартфонҳо дорои системаи андроид дастрас сохта шудаанд. Замимаҳои мобилӣ дар системаи Google Play ҷойгир карда шудаанд ва барои ҳама ройгон дастрасанд.

Муаллими психологияи кӯдаконаи Донишгоҳи Давлатии Педагогӣ Мунира Обидова қайд мекунанд, ки бо пайдошавии захираҳои мазкур донишҷӯёнаш ба захираҳои таҳсилотӣ аз рӯи фанни ӯ ба забони тоҷикӣ дастрасӣ пайдо карданд. “Бисёр шодам, ки дар кишварамон рушди системаи таҳсилоти фосилавии донишҷӯён оғоз гардидааст. Системаи мазкур барои арзёбии воқеъии донишҳои донишҷӯён аз рӯи фанн имконият фароҳам меорад. Дар саҳфаи худам ман маводҳоро дар шакли лексия, рӯнамоӣ ва тестҳо, ва инчунин маводҳои иловагӣ барои кори мустақил, ҷойгир кардам. Аз ҳама писанддида барои ман сохтани тестҳо буд. Ман тестҳоеро сохтам, ки донишҷӯён худашонро тафтиш мекунанд, ва ҳоло онҳо метавонанд натиҷаҳоро вақти дилхоҳ ва дар макони дилхоҳ онлайн супоранд. Дар ҳоли ҳозир мо ҳамроҳи ҳамкорон корҳои илмии олимони барҷастаи соҳаи психологияи кӯдаконаро ба забони тоҷикӣ тарҷума карда истодаем, то ки оянда донишҷӯён барои шиносоӣ бо ин маводҳо ба забони модарӣ имконият пайдо кунанд. Оянда мехоҳам якчанд курсҳои нав таҳия кунам. Фикр мекунам, ки системаи фосилавии таҳсил барои таҳсилоти мо саривақтӣ ва муфид аст. ”

Агар дар Донишгоҳи педагогии Душанбе донишҷӯён системаи захираҳои кушодаи таҳсилотиро асосан барои озмоиши худ ва омӯзиши иловагии маводҳо истифода мебаранд, дар Донишгоҳи Давлатии ҳуқуқ, соҳибкорӣ ва сиёсати Хӯҷанд бошад, аллакай тавассути портали мазкур корҳои контролиро месупоранд. Чунон, ки Шӯҳратҷон Исмоилов, муаллими асосҳои барномарезӣ қайд карданд, ин роҳ барои донишҷӯён ва устодон бениҳоят роҳат мебошад. “Ман барои худ системаи нави таълими донишҷӯёнро дарёфтам. То ман дар донишгоҳи мо касе аз системаи таҳсилоти фосилавӣ истифода набурдааст. Ҳоло донишҷӯёни мо корҳои контролиро тавассути портали захираҳои кушодаи таҳсилотӣ месупоранд. Донишҷӯён бо шавқу рағбати зиёд ташаббуси мазкурро қабул карданд. Курси ташкилкардаи ман оид ба асосҳои барномасозӣ ба забони русӣ – ин танҳо як қадам ба сӯи рушди портали захираҳои кушодаи таҳсилотии донишгоҳи мо мебошад. Имрӯз ман нақшаи ташкилкунии курси нав ба забони тоҷикӣ дорам. Муаллимон, ҳамкорони ман ба системаи мазкур ҳавасмандӣ пайдо карданд ва низ мехоҳанд онро барои таълими донишҷӯён истифода баранд. ”

Донишҷӯёни Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб низ имконияти истифодабарии захираҳои кушодаи портали таҳсилотиро доранд. Аз рӯи гуфтаҳои ассистенти кафедраи адабиёти тоҷик Шамшоди Ҷамшед, иштирок дар бозомӯзии оид ба ЗКТ раванди таҳсили донишҷӯёнро тағйир додааст. “Мо тавонистем онҳоро ба истифодабарии технологияҳои муосир ҷалб намоем. Худамон ҷойгиркунии маводҳоямонро дар интернет ёд гирифтем. Ин сол мо алҳол мо донишҷӯёнро фосилавӣ таълим намедиҳем. Аммо оянда истифодабарии ин техникаи таҳсилро ба нақша гирифтаем. Он замон донишҳои дар бозомӯзиҳо ба дастовардаамон ба мо кӯмак хоҳанд кард. Ҳоло мо захираҳои ташкилкардаамонро ба сифати таълими иловагии донишҷӯён истифода мебарем. Оянда мо мехоҳем захираҳои кушодаи таҳсилотии бештар созем ва онҳоро ба раванди таҳсилот татбиқ намоем. Инчунин мехоҳем, ки форумҳои мухталиф ва озмунҳо бо ҷалбкунии донишҷӯён гузаронида шаванд то, ки онҳо дар истифодабарии захираҳои кушодаи таҳсилотӣ ҳавасманд шаванд. ”.
Зарина Каримова, устоди Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ дар бораи бозомӯзӣ аз сафҳаҳои сомонаҳои иҷтимоӣ огоҳ мешавад, ва ба он нигоҳ накарда, ки донишгоҳи ӯ дар шумораи донишгоҳҳои озмоишии лоиҳа набуд, ҳавасманди иштирок дар ташаббуси ЗКТ мешавад. “Ба ман аҷоибӣ кард, ки ин чи гуна бозомӯзиҳо ҳастанд, ва ман тасмим гирифтам, ки дар онҳо иштирок кунам. Ҳоло бошад донишҷӯёни ман имтиҳонҳоро тавассути портали захираҳои кушодаи таҳсилотӣ месупоранд. Ҳамкоранам ҳавасманди маводҳои сохтаи ман гаштанд ва инчунин онҳоро дар дарсҳояшон истифода мебаранд. Ман бошам, ташаккули курс оид ба менеҷменти инноватсиониро ба нақша гирифтаам. Умедворам, ки оянда донишгоҳи мо низ иштирокчии лоиҳаи мазкур мегардад. ”.
Рушди ЗКТ – ин имконияти таҳсил дар ҳар замон ва дар ҳар макон, ин воситаи озмоиши донишҳои худ аз рӯи ин ё он фанн, ин донишомӯзии мустақил ва худинкишофёбист. Дар аксари мамлакатҳо системаи захираҳои кушодаи таҳсилотӣ аллакай зиёд рушд кардааст ва карда истодааст. Тоҷикистон ҳамаи имкониятҳои зарурии рушди захираҳои кушодаи таҳсилотии худро дорад, танҳо хоҳиши истифодабарии онҳо муҳим аст. ИҶК дар якҷоягӣ бо шарикон корро дар рушди захираҳои кушодаи таҳсилотӣ идома медиҳад ва ҳамаи муассисаҳои таҳсилотии ҳавасманд, устодон ва муаллифони китобҳоро барои ҳамроҳшавӣ ба ташаббуси оид ба пешбурди таҳсилоти дастраси кушода дар Тоҷикистон даъват менамояд.

 

*Маълумот: Таърифи қабулкардаи ЮНЕСКО: «Захираҳои кушодаи таҳсилотӣ – захираҳои таълимӣ ва илмӣ, ки барои дастрасии озод мавҷуданд ва ё таҳти литсензия нашр шудаанд, ки барои истифодабарии ройгон ва модификатсия аз ҷониби шахсони сеюм иҷозат медиҳад». (Манбаъ: Институти ЮНЕСКО оид ба технологияҳои иттилоотӣ дар таҳсилот http://iite.unesco.org/oer/)

 

RSS
Follow by Email
Facebook
Facebook
Google+
https://www.osiaf.tj/2017/06/01/zahira-oi-kushodai-ta-silot-tehnologiya-oi-dastrasi-takmili-sifati-ta-silot/
Twitter
Instagram