Озмуни бурсӣ оид ба таҳия ва нашри комиксҳо

Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, дар чорчӯбаи барномаи «Фарҳанг ва Ҳунар» миёни ходимони касбии эҷодӣ ва ташкилотҳо барои иштирок дар озмуни бурсӣ оид ба таҳия ва нашри комиксҳо, бо мақсади истифодабарии онҳо барои муҳокима ва рӯнамоии масъалаҳои мубрами иҷтимоӣ ва таҳкими озодии баёни эҷодӣ озмун эълон менамояд. Ақидаҳои таҳиягарони комиксҳо бояд хусуияти дарозмуддат дошта бошанд ва ба нашри қисмҳо нигаронида шуда, ба таълим такя кунанд. Буҷети дархост набояд аз 3000 доллари ИМА бештар бошад.

Барои иштирок дар озмуни бурсӣ бояд ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда шаванд:
• шакли пуркаррдаи дархости бурсӣ (шакли дархост дар сомонаи www.osiaf.tj )
Меъёрҳои интихоби дархостҳо:
• пуррагии иттилооти пешниҳодгардида, мувофиқи шакли дархост
• тафаккури эҷодӣ ва такя ба инъикоси проблемаҳои иҷтимоӣ
• нияти оянда нашр намудани қисмҳои навбатии комиксҳо

Мӯҳлати охирини қабули ҳуҷҷатҳо – 16 июни соли 2017.

Маълумоти муфассалро шумо метавонед дар ИК БМ Тоҷикистон бо суроғаи зерин дарёфт намоед:
ш. Душанбе, к. Бохтар 37/1, Маркази кории “Vefa”, ошёнаи 4, тел: 441-07-28,
441-07-29; 227-55-58; е-mail: lolisanam.ulugova@osiaf.tj – шахси масъул – Лолисанам Улуғова.

Ҳуҷҷатҳоро метавонед тавассути почтаи электронии osiaf@osiaf.tj равон намоед ва ё ба идораи ИҶК БМ бо суроғаи дар боло зикршуда расонед.

Ҳуҷҷатҳоие, ки бо вайрон намудани шартҳои ИҶК БМ – Тоҷикистон пур карда шудаанд, нопурраанд ва ё баъди мӯҳлати нишондодашуда ворид шудаанд, баррасӣ намешаванд. Маводҳои ба озмун воридшуда баргардонида намешаванд.

RSS
Follow by Email
Facebook
Facebook
Google+
https://www.osiaf.tj/2017/06/05/ozmuni-burs-oid-ba-ta-iya-va-nashri-komiks-o/
Twitter
Instagram