Тендер барои коркард, ташкилкунӣ, татбиқ ва хизматрасонии муваққати платформа дар реҷаи дастрасии мустақим

Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон барои коркард, ташкилкунӣ, татбиқ ва хизматрасонии муваққати платформа дар реҷаи дастраси мустақим (он-лайн платформа), ки барои пешниҳоди дархостҳо ба озмунҳои эълоншавандаи ташкилот таъин мешавад, тендер эълон менамояд.

Барои иштирок дар тендер шахсони ҳуқуқӣ ва воқеъӣ, ки дар соҳаи web-дизайн ва коркарди он-лайн платформаҳо таҷриба доранд, даъват карда мешаванд.

Барои иштирок дар тендер пешниҳод намудани маҷмӯъи ҳуҷҷатҳои зерин зарур аст:

1. Мактуб – дархост барои иштирок дар тендер бо нишон додани иттилооти зерин:
• Иттилоот дар бораи ташкилот ё шахси воқеъӣ;
• Таҷриба дар соҳаи коркарди таъминкунии барномавии амсол, web-дизайн;
• Буҷети пешниҳодшаванда барои ташаккули он-лайн платформа.
2. Ҳуҷҷатҳои бақайдгирии ташкилот, барои шахси воқеъӣ – ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ихтисоси касбӣ ва иҷозати фаъолияти мазкур.

Мӯҳлати охирини қабули ҳуҷҷатҳо барои тендер – 23 июни соли 2017.

Дархост барои иштирок дар тендер бояд ба идораи ташкилот дар лифофаи сарбаста бо нишондиҳии “он – лайн платформа» ба суроғаи зерин расонда шаванд:
ш. Душанбе, к. Бохтар 37/1, Маркази корӣ ва тиҷоратии “Vefa”, ошёнаи 4

Ҳуҷҷатҳо барои озмун дар қабулгоҳи идора қабул ва ба қайд гирифта мешаванд.
Маълумоти иловагиро метавонед тавассути телефонҳои 227 07 16,  227 07 49 ё почтаи электронии osiaf@osiaf.tj дарёфт намоед.

Ҳуҷҷатҳое, ки бо вайрон намудани шартҳои ИҶК БМ дар Тоҷикистон тартиб дода шудаанд, нопурранд ва ё баъди мӯҳлати муқарраршуда ворид шудаанд, баррасӣ намешаванд. Маводҳои барои иштирок дар тендер пешниҳодшуда баргардонида намешаванд.

 

[button style=”medium” type=”rounded” color=”#COLOR_CODE” background=”#COLOR_CODE” src=”https://www.osiaf.tj/wp-content/uploads/2017/06/Tehnicheskoe-zadanie-po-platforme_Grantyi.docx” target=”_blank”]ГИРИФТАНИ ВАЗИФАИ ТЕХНИКӢ[/button]

 

RSS
Follow by Email
Facebook
Facebook
Google+
https://www.osiaf.tj/2017/06/07/tender-baroi-korkard-tashkilkun-tatbi-va-hizmatrasonii-muva-ati-platforma-dar-re-ai-dastrasii-musta-im/
Twitter
Instagram