Ҳисоботи солонаи фаъолияти барномаҳои ИҶК БМ дар Тоҷикистон барои соли 2016

Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ҳисоботи солонаи фаъолияти барномаҳояшро барои соли 2016 ба нашр расондааст.
Ҳисоботҳои солонаи ИҶК БМ мунтазам аз соли 2002 инҷониб таҳия ва нашр мешаванд. Дар он иттилооти муфассал дар бораи фаъолият, лоиҳаҳо амалиётӣ, лоиҳаҳои муштарак бо шарикон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти барномаҳо инъикос мегардад.
Ҳадафи нашри ҳисобот ва ба хоҳишмандон пешкаш намудани он аз шиносоӣ бо фаъолият ва ба иҷрои барномаҳо ҷалб намудани шаҳрвандон, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ иборат мебошад, ки ба таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ, беҳдошти сифати таҳсилот, тандурустӣ ва самтҳои дигари рушди ҷомеа нигаронида шудаанд .
Ҳисобот бо се забон тоҷикӣ, англисӣ ва русӣ нашр шуда, инчунин дар сомонаи расмии ИҶК ҷойгир мешавад.
Хоҳишмандон метавонанд аз ҳар намуди он истифода баранд.

Ҳаҷм 727 КВ

Шакл PDF

ГИРИФТАН

RSS
Follow by Email
Facebook
Facebook
Google+
https://www.osiaf.tj/2017/06/21/isoboti-solonai-faoliyati-barnoma-oi-i-k-bm-dar-to-ikiston-baroi-soli-2016/
Twitter
Instagram