Мизи мудаввар дар мавзуи «Танзими равандҳои муҳоҷирати корӣ аз Тоҷикистон: самтҳои нав, талабот ва ояндабиниҳо»

Пресс-релиз

Дустони рузноманигор ва алоқамандони мавзуи муҳоҷирати корӣ!
Мавзуъӣ бароятон муҳим аст?
Оё дар бораи паҳлуҳои он иттилооти кофӣ доред?
Аз сиёсати кишвар оид ба муҳочират огаҳед?
Масаълаҳои нозуки мавзуро аз шахсони масъул аниқу дақиқ кардан ният доред?
Ба суолҳоятон аз мутахассони варзидаи соҳа ҷавоб гирифтан мехоҳед???
Агар ҷавоби Шумо ба ин пурсиш « бале» бошад, пас аз иштирок дар мизи мудаввар таъхир накунед. Ин чорабинии муҳим дар мавзуи «Танзими равандҳои муҳоҷирати корӣ аз Тоҷикистон: самтҳои нав, талабот ва ояндабиниҳо» баргузор мешавад

Макони баргузории ин нишаст меҳмонхонаи «Шератон» аст
Сана ва оғози баргузории он 5 июл соати 9.00.
Мавзуъҳое, ки атрофашон муҳокимаҳо сурат мегиранд, хеле муҳиманд. Таваҷҷуҳ намоед ба номгуй онҳо:
“Тавсифи сиёсати ҷорӣ оид ба муҳоҷират дар Тоҷикистон”, Омодасозии касбии муҳоҷирон: натоиҷи пешакии тадқиқот”, “ Фаъолияти оҷонсиҳои хусусӣ оид ба кор дар Тоҷикистон”, “Омузиш ва тахмин(конекткра) кардани бозори кории Русия”. Ҳамгироии муҳоҷирони баргашта бо намунаҳое аз рузгори муҳоҷирон аз вилояти Суғд, “ Ҳимояи ҳуқуқҳои муҳоҷирони корӣ: таҷрибаи шарикон аз ФР”, “Вазъи занон – муҳоҷирони корӣ дар ФР”
Дар анҷоми ин нишаст гуруҳи коршиносон дар садади таҳия намудани тавсияҳо ва роҳҳои тадбиқи онхо дар масоили “Омода намудани муҳоҷирони корӣ қабл аз сафар”, “Ҳамгироии муҳоҷирони баргашта” ва “Ҳуқуқи инсон- муҳоҷирони корӣ” аст.
Тавсияҳо ва пешниҳодҳо ба ташкилоту муассисаҳои дахлдори давлатӣ дар соҳаи муҳоҷирати корӣ расонида хоҳанд шуд.
Ҳадафи чорабинии мазкур, бо назардошти талаботу чолишҳои замон ва ниёзи муҳоҷирону аъзои оилаи онҳо, мусоидат ба Тоҷикистон дар беҳтар намудани сиёсати муҳоҷирати корӣ аст.
Ташаббуси гузаронидани чунин мизи мудавар натиҷаи ҳамкориҳои ТҶ “Маркази ҳуқуқи инсон”, Институти “Ҷамъияти Кушода” Бунёди Мадад, Вазорати меҳнати ҶТ ва ҳамчунин дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аст.
Барои дарёфти иттилооти бештар метавонед ба коршинос оид ба робитаҳои ОО ”Маркази ҳуқуқи инсон” – Шоира Юсупова муроҷиат намоед:

Рақами телефони дастӣ- 933 00 13 17
Суроғаи электронӣ: shoiray@gmail.com

RSS
Follow by Email
Facebook
Facebook
Google+
https://www.osiaf.tj/2017/06/29/mizi-mudavvar-dar-mavzui-tanzimi-ravand-oi-mu-o-irati-kor-az-to-ikiston-samt-oi-nav-talabot-va-oyandabini-o/
Twitter
Instagram