Семинар барои ширкатҳое, ки дар соҳаи истихроҷ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд.

ПОСТ-РЕЛИЗ

шаҳри Душанбе 6 июли соли 2017-ум

Дар таърихи 6 июли соли равон дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Коалитсияи ТҶ ҶТ “Шаффофият барои рушд” барои ширкатҳое семинар гузаронида шуд, ки дар соҳаи истихроҷ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд.
Дар семинар, раванди амалишавии ТШСИ дар Тоҷикистонро муҳокима намуданд.

Дар семинар иштирокчиён бо Меъёрҳои ТШСИ (Ташаббуси шаффофият дар соҳаҳои истихроҷ) шинос шуданд. Нақшаи ТШСИ, талаботҳои Иқдом, хронологияи рушди ТШСИ дар Тоҷикистон баррасӣ шуд, маълумот дода шуд дар бораи Аввалин Ҳиисоботи миллӣ барои соли 2014, таркиб ва вазифаҳои Шурои ТШСИ ва ҳамчунон м дар бораи Иттиҳодияи ТҶ (Ташкилотҳои Ҷамъиятии) Ҷумҳурии Тоҷикистон “Шаффофият барои рушд” ва нақши ТҶ оид ба гузаронидани тадқиқотҳои гунонгун ва таҳлили вазъ оид ба ТШСИ маълумот дода шуд.
Иштирокчиён ҳамчунон бо натиҷаҳои ҳисоботи баҳогузорӣ аз 25.10.2016 , ҳисоботи аналитикӣ оид ба Ҳуқуқи бенефисиарӣ ва ҳисобот оид ба хароҷотҳои квазифискалии корхонаҳои давлатӣ шинос шуданд.
Намояндагони ширкатҳо ба мувофиқа омаданд, ки талаботҳои Ташаббусҳо ба такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба соҳаи истихроҷ таъсир хоҳад расонд.
Дар ҷараёни семинар кори амалӣ оид ба пур кардани як қатор шаклҳои махсуси ҳуҷҷатҳо ( оид ба ӯҳдадориҳои иҷтимоӣ ширкатҳо, феҳристи иҷозатномаҳо, ҳуқуқи бенефисиари) сурат гирифт. Намояндагони ширкатҳо имкони муколамаи самаранок оид ба масъалаҳои ҷории вазъи раванди тадбиқи ТШСИ дар Тоҷикистон; муҳокимаи ҳуқуқ бенефисиар ва имкониятҳои такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ ба Меъёрҳои ТШСИ; ошкор намудани хароҷотҳои иҷтимоӣ, квазифискали ва дигар хароҷотҳои ташкилотҳоро пайдо намудуанд.
Ҳамчунон ширкатҳо оид ба раванди иҷозатномадиҳӣ дар кишвар табодули назар карданд.
Дар семинар намояндагони ширкати аудитории BDO (маъмури мустақил) иштирок карданд, ки иштирокчиёноро бо вазъи ҷорӣ оид ба тайёр намудани ҳисоботи миллии дуюм оид ба ТШСИ барои солҳои 2015-2016 шинос карданд.
Семинари мазкур дар доираи барномаи “Дастгирии идоракунии молияи давлати дар Тоҷикистон”-и ИҶК БМ дар Тоҷикистон, бо дастгирии молиявии Вазорати Рушди байналмилалии Британяи Кабир гузаронида шуд.
Барои маълумоти бештар шумо метавонед бо мо ба суроғаҳои зерин муроҷиат намоед:
ngo.jahon@gmail.com, xeniya.mironova@osiaf.tj

RSS
Follow by Email
Facebook
Facebook
Google+
https://www.osiaf.tj/2017/07/07/russkiy-seminar-dlya-kompaniy-v-sfere-dobyivayushhey-otrasli-respubliki-tadzhikistan-v-aspekte-initsiativyi-prozrachnosti-v-dobyivayushhih-otraslyah-ipdo/
Twitter
Instagram