Семинари “Раванди буҷетии Тоҷикистон ва ташаккулёбии буҷети маҳаллӣ” дар панҷ ноҳияи Водии Рашт

Аз 23 июн то 8 июли соли равон дар панҷ ноҳияи Водии Рашт, аз ҷумла дар ноҳияҳои Тоҷикобод, Лахш, Рашт, Нуробод ва Сангвор бо иштироки зиёда аз 150 нафар кормандони давлатӣ, намояндагони бахши хусусӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ семинарҳои омӯзишии 2-рӯза барпо шуданд.
Мавзуи семинар “Раванди буҷетии Тоҷикистон ва ташаккулёбии буҷети маҳаллӣ” буд ва из ин ру намояндагони сохторҳои дахлдор: сохторҳои худидоракунии маҳалӣ, раёсатҳои молия, маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ бештар фаро гирифта шуданд.
Ин чорабиниро Маркази рушди байналмилалии Донишгоҳи шаҳри Нюйорк бо дастгирии молиявии Институти “Ҷамъияти кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонд.
Чорабинии мазкур дар доираи барномаи “Дастгирии идораи молияи давлатӣ” баргузор гардида, дар он бо мафҳумҳои сиёсати буҷетӣ ҳамчун воситаи расидан ба ҳадафҳои худидоракунии маҳаллӣ, раванди буҷети ҳозиразамони Тоҷикистон, шаффофияти буҷет, асосҳои ҳуқуқии ташаккулёбии буҷети маҳаллӣ, таҳлили даромадҳои буҷети маҳаллӣ, хароҷотҳои буҷети маҳаллӣ, муносибатҳои байни буҷетӣ, тартиби гузаронидани муҳокимаи ҷамъиятии буҷет ва ғайраҳо шиносоӣ пайдо намуданд.
Дар рафти баргузории чорабиниҳои мазкур тамоми ҷанбаҳои мавзуъҳои омузишӣ бо шунавандагон муфассал барраси карда шуда, аз руи ҳар як мавзуи муҳокимашаванда дарсҳои амалӣ дар гуруҳҳои хурд гузаронида шуд.

Барои дарёфти маълумоти муфассал метавон бо ҳамоҳангсози Барномаҳои Институти “Ҷамъияти Кушода” Бунёди Мадад дар Тоҷикистон –Умедҷони Маҷидӣ (umed.majidi@osiaf.tj) тамос гирифт.

RSS
Follow by Email
Facebook
Facebook
Google+
https://www.osiaf.tj/2017/07/10/seminari-ravandi-bu-etii-to-ikiston-va-tashakkulyobii-bu-eti-ma-all-dar-pan-no-iyai-vodii-rasht/
Twitter
Instagram