Озмун барои дастгирии ташаббусҳои лоиҳавии ташкилотҳои ҷамъиятии волидони кӯдакони маъюбиятдошта.

Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон

барои дастгирии ташаббусҳои лоиҳавии ташкилотҳои ҷамъиятии волидони кӯдакони маъюбиятдошта барои иҷрои барномаҳои дахолати барвақтии кӯдакон озмун эълон менаомояд.

Барои иштирок дар озмун – ташкилотҳои волидони кӯдакони маъюбиятдошта, ки хизматрасониҳои дахолати барвақтиро ба оилаҳое, ки кӯдакони дар инкишофашон нуқсондошта ва маъюбиятдошта, пешниҳод мекунанд, даъват карда мешаванд. Пешниҳоди дархостҳои ҳамшарикӣ аз якчанд ташкилот афзалият доранд.
Барои иштирок дар озмун бояд шакли пуркардаи дархости лоиҳавӣ пешниҳод карда шавад.
Буҷети лоиҳаи як ташкилот набояд аз 7000 доллари ИМА бештар бошад; буҷети лоиҳа аз якчанд ташкилот набояд аз 22 000 доллари ИМА бештар бошад.

Муҳлати охирини қабули ҳуҷҷатҳо – 28 сентябри соли 2017 .
Иттилооти муфассал ва шакли дархостро метавонед аз сомонаи ИҶК БМ дар Тоҷикистон www.osiaf.tj/ru/grants ва ё дар суроғаи ш. Душаебе, к. Бохтар 37/1, Маркази кории “Vefa”, ошёнаи 4 дарёфт намоед. тел: 221-55-58, 441-07-28, 441-07-45, 441-07-46; email: osiaf@osiaf.tj
Ҳуҷҷатҳое, ки бо вайронкунии шартҳои ИҶК БМ дар Тоҷикичтон тартиб дода шудаанд ва ё баъди мӯҳлати муқарраршуда ворид мешаванд қабул ва баррасӣ намешаванд. Маводҳои воридшуда баргардонида намешаванд.

RSS
Follow by Email
Facebook
Facebook
Google+
https://www.osiaf.tj/2017/09/12/%d0%be%d0%b7%d0%bc%d1%83%d0%bd-%d0%b1%d0%b0%d1%80%d0%be%d0%b8-%d0%b4%d0%b0%d1%81%d1%82%d0%b3%d0%b8%d1%80%d0%b8%d0%b8-%d1%82%d0%b0%d1%88%d0%b0%d0%b1%d0%b1%d1%83%d1%81%d2%b3%d0%be%d0%b8-%d0%bb%d0%be/
Twitter
Instagram