Даври дуюми бозомӯзӣ барои фасилитаторон (мушовирон) ва ҳамшарикон дар чорчӯбаи барномаи “Замонатҳои қарзӣ”

Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон барои фасилитаторон ва ҳамшарикон даври дуюми бозомӯзиро дар чорчӯбаи барномаи “Замонатҳои қарзӣ”, дар мавзӯи “Рушди салоҳиятнокии машваратӣ” баргузор менамояд.

Чорабинӣ дар маҷмааи фароғатии «Сароб» (Хоҷа обигарм) аз 26 то 28 сентябри соли 2017  баргузор мегардад.

Бозомӯзӣ аз ҷониби коршиноси хориҷии барнома Мажена Мазевска (Полша) гузаронида мешавад.

Иштирокчиёни чорабинӣ фасилитаторони фаъол ва ҳамшарикон аз саросари кишвар мебошанд (22 нафар).

Ҳадафи гузарондани бозомӯзӣ:

  1. Ба даст овардани малакаҳои нави салоҳиятнокӣ мавриди таҳияи бизнес-модели (Model Canvas);
  2. Рушди малакаҳои мушовирон оид ба маркетинг.
  3. Пешниҳоди машваратҳои саводнок ва босифат ба соҳибкорони навташкил.

Барои маълумоти муфассал метавонед ба ҳамоҳангсози барномаи “Замонатҳои қарзӣ” Нилуфар Каримова муроҷиат намоед: тел. 2 275558, 441 07 05.

RSS
Follow by Email
Facebook
Facebook
Google+
https://www.osiaf.tj/2017/09/20/vtoroy-cikl-seminara/
Twitter
Instagram