Бозомӯзӣ оид ба озодии баёни эҷодӣ

Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, дар чорчӯбаи барномаи «Фарҳанг ва Ҳунар» миёни ходимони эҷодкор ва инчунин барои намояндагони аҳли ҷомеа барои иштирок дар бозомӯзии оид ба озодии баёни эҷодӣ озмун эълон менамояд.

Барои иштирок дар тренинг ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод бояд кард:
• Шакли пуркардаи дархост барои иштирок дар тренинг (дар сомона www.osiaf.tj ё метавонед ба ҳамоҳангсози барномаи “Ф ва Ҳ” Улуғова Л.А. тавассути суроғаи lolisanam.ulugova@osiaf.tj муроҷиат намоед);
• резюмеи дархосткунанда

Меъёрҳои интихоби иштирокчиён барои тренинг:
• такя ба муҳокима ва пайдо намудани роҳҳои ҳалли масъалаҳои мубрами иҷтимоӣ;
• доштани маълумоти асосӣ дар соҳаи касбҳои эҷодкорӣ, ва инчунин касбҳои дигари гуманитарӣ: ҳуқуқшиносӣ, журналистика ва ғайра

Мӯҳлати охирини қабули ҳуҷҷатҳо – 5 октябри соли 2017.

Маълумоти муфассалро шумо метавонед аз ИҶК БМ дар Тоҷикистон бо суроғаи зерин дарёфт намоед:
ш. Душанбе, к. Бохтар 37/1, Маркази корӣ ва тиҷоратии “Vefa”, ошёнаи 4, тел: 441-07-28,
441-07-29; 227-55-58; е-mail: lolisanam.ulugova@osiaf.tj – шахси масъул- Лолисанам Улуғова.

Ҳуҷҷатҳоро метавонед тавассути почтаи электронии osiaf@osiaf.tj равон кунед ё ба ба суроғаи дар боло зикршуда расонед.

Ҳуҷҷатҳое, ки бо вайронкунии шартҳои ИҶК БМ дар Тоҷикистон таҳия шудаан, нопурраанд ва ё баъди мӯҳлати нишондодашуда пешниҳод гардидаанд, баррасӣ намешаванд. Маводҳои ба озмун пешниҳодшуда баргардонида намешаванд.

 

БАРДОШТИ ШАКЛИ ДАРХОСТ

RSS
Follow by Email
Facebook
Facebook
Google+
https://www.osiaf.tj/2017/09/26/bozomuzi-ac/
Twitter
Instagram