Пешниҳоди грант ба Шифохонаи парастории ҳамшираҳои шавқати ш. Душанбе

ИҶК БМ дар Тоҷикистон ба Шифохонаи парастории ҳамшираҳои шавқати (ШПҲШ) ш. Душанбе, барои иҷрои ташаббуси оид ба ташаккули шароит барои рушди кӯмаки паллиативӣ (КП) ба кӯдакон, грант пешниҳод намуд.

Грант дар натиҷаи гузарондани озмуни кушода барои грантҳои хурд дар чорчӯбаи барномаи “Тандурустии Ҷамъиятӣ” оид ба дастгирии ташаббусҳои доир ба ташаккули системаи пешниҳод намудани кӯмаки паллиативӣ ба кӯдакон, ҳалли масоили дастрасӣ ба хизматрасонии босифати тиббӣ, дастгирии психологӣ ва иҷтимоии маризон ва оилаҳои онҳо пешниҳод карда шудааст.

Да чорчӯбаи фаъолияти худ ШПҲШ ташкилкунии шароит барои пешниҳоди КП ба кӯдакон, бо роҳи омӯзондани ҳамшираҳои шавқат тавассути харидории таҷҳизоти зарурӣ, дар шаоити статсионар расондани кӯмак ва дастгирии лозимӣ ба кӯдакони ниёзмандии паллиативидошта ва инчунин ба оилаҳои кӯдаки паллиативиро ба нақша гирифтааст.

Дар акс: И. Абдуллоев, Директори иҷрояи ИҶК БМ, Шукурова З.А, Директори Шифохонаи парастории ҳамшираҳои шавқати ш.Душанбе, Ҳасанова Н.Х – сармутахассиси оид ба кори ҳамширагӣ ва кӯмаки паллиативии ШПҲШ ш.Душанбе, Нигора Абидҷанова – Директори барномаҳои тандурустии ҷамъиятӣ, муҳоҷират ва соҳибкории навташкили ИҶК БМ.

RSS
Follow by Email
Facebook
Facebook
Google+
https://www.osiaf.tj/2017/09/26/peshnihodi-grant-php/
Twitter
Instagram