Бозомӯзии «Таълим тавассути бозӣ».

Аз 25 то 27 сентябри соли 2017 дар ноҳияи Тоҷикобод мавриди дастгирии Институти «Ҷамъияти Кушода»–Бунёди Мадад дар Тоҷикистон бозомӯзии «Таълим тавассути бозӣ» гузаронида шуд.
Ҳадафи бозомӯзии мазкур таълими волидон барои инкишофи ҳамаҷонибаи кӯдак аз рузи таваллуд то сесолагӣ буд.
Яке аз қадамҳои нахустин дар пешбурди ташаббус дар ноҳияи озмоишӣ гузарондани бозомӯзии серӯзаи шиносоии “Таълим тавассути бозӣ” бо мақсади иҷрои оянда ва мувофиқкунӣ ба шароитҳои Тоҷикистон мебошад.
Дар маводҳои модулии лоиҳавӣ натиҷаҳои тадқиқотҳои охирини илмӣ ва тавсияҳо оид ба тавассути бозӣ кӯдакро дар ҳар як марҳилаи инкишофи таълим додан инъикос ёфтаанд.
Ба бозомӯзӣ муаллимон ва мураббиён, намояндагон ва мутахассисони сохторҳои давлатӣ, маркази саломатӣ, институтҳои таҳсилот дар соҳаи инкишофи барвақтии кӯдаки ноҳияи Тоҷикобод ҷалб карда шуданд.
Таълими волидон–ҳиссагузории ҳаётан муҳим ба тарбия ва таълими кӯдакони хурдсол мебошад зеро, ки на ҳамаи онҳо дарк мекунанд, ки инкишофи ақлонии кӯдакон аз иштироки онҳо дар тарбияи ва таълим вобастагӣ дорад.

Бозомӯзӣ аз ҷониби тренерони маҳаллӣ гузаронида шуд.
Шумораи иштирокчиён -30 нафар.

Барои маълумоти муфассал метавонед ба ҳамоҳангсози барномаи “Инкишофи барвақтии кӯдак”и ИҶК БМ Лола Бобоева  lola.babaeva@osiaf.tj бо телефони 227 55 58 муроҷиат намоед.

RSS
Follow by Email
Facebook
Facebook
Google+
https://www.osiaf.tj/2017/09/29/%d1%80%d1%83%d1%81%d1%81%d0%ba%d0%b8%d0%b9-%d1%82%d1%80%d0%b5%d0%bd%d0%b8%d0%bd%d0%b3-%d0%be%d0%b1%d1%83%d1%87%d0%b5%d0%bd%d0%b8%d0%b5-%d1%87%d0%b5%d1%80%d0%b5%d0%b7-%d0%b8%d0%b3%d1%80%d1%83/
Twitter
Instagram