Ҷомеаи академии Тоҷикистон дар пешбурди захираҳои кушодаи таҳсилотӣ ширкат хоҳад кард.

Ташкмлоти ҷамъиятии “Маркази технологияҳои иттилооти коммунмкатсионӣ, ш.Душанбе” мавриди дастгирии Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” Бунёди Мадад дар Тоҷикистон корро оид ба рушд ва пешбурди захираҳои кушодаи таҳсилотӣ дар лоиҳаи “Маъруфгардонии захираҳои кушодаи таҳсилотӣ” идома медиҳад.

Дар чорчӯбаи лоиҳаи мазкур пурра намудани портали захираҳои кушодаи таҳсилотии www.oer.cict.tj ба нақша гирифта шудааст, ки дар доираи лоиҳаи озмоишӣ бо маводҳои нави таълимӣ сохта шуда буд. Ба ғайр аз ин ба маводҳои матнии устодон видео ва аудио маводҳо илова карда мешаванд.

Барои иштирок дар лоиҳа ҷомеаи академии Тоҷикистон (олимони ИИТ, профессорон, дотсентҳо ва дигар устодони онишгоҳҳои олӣ) даъват карда мешаванд. Вазифаи иштирокчиёни лоиҳа аз пешниҳоди маводи таълимӣ методии коркардашуда бо дастрасии озод, ва инчунин ба он ҳамроҳ намудани маводҳои видеоӣ ва аудио иборат хоҳад буд.

Интихоби иштирокчиён дар асоси озмун сурат хоҳад гирифт. Иштирокчиёне, ки корҳояшон аз озмун мегузаранд соҳиби мукофотпулӣ мегарданд. Ҳамаи маводҳои нави таҳиякардаи онҳо портали мавҷудбудаи захираҳои кушодаи таҳсилотиро пурра мекунанд. Инчунин, портали мазкур барои кормандони сохторҳои таҳсилотии шаҳрҳои калидии Тоҷикистон (Душанбе, Хӯҷанд, Қурғонтеппа, Хоруғ) рӯнамоӣ карда мешаванд.

Ба ғайр аз ин истифодабарандагони технологияҳои мобилӣ метавонанд ба таҷҳизоти андроиди худ шакли мобилии захираҳои таҳсилотии мазкурро бардошт кунанд. Пештар дар лоиҳаҳо замимаҳои мобилӣ дар асоси панҷ курс ва се китби дарсӣ сохта шуда буд. Замимаҳои мобилии мазкур дар системаи  Google Play ройгон ҷой дода шудаанд.

Ҳамаи корҳои таҳиякарда ва дар портали захираҳои кушодаи таҳсилотӣ ҷойгиршудаи иштирокчиёни лоиҳа бо Литсензияи Creative Commons ҳифз карда мешаванд. Литсензияи Creative Commons озод аст ва ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат мекунад.

Бо мақсади маъруфкунии захираҳои кушодаи таҳсилотӣ дар чорчӯбаи лоиҳа ТҶ “Маркази ТИК” дар якҷоягӣ бо Федератсияи миллии клубҳои ЮНЕСКО Тоҷикистон мавриди дастгирии Бюрои кластерии ЮНЕСКО дар Алмаато баргузории як қатор вохӯриро дар шаҳрҳои калидии кишвар бо мутахассисони соҳаи таҳсилот ва фаҳмондадиҳии афзалияти захираҳои кушодаи таҳсилотӣ ба нақша гирифтааст.

Лоиҳаи оид ба рушди ЗКТ роҳандозиашро дар соли 2015 ба сифати лоиҳаи оозмоишӣ оғоз карда буд. Ташаббус аз ҷониби устодони донишгоҳҳои олии кишвар фаъолона дастгирӣ шуда буд. Соли 2016 лоиҳа васеъ карда шуда 7 донишгоҳҳои олии мамлакат ва як гимназияро фаро гирифта буд. Дар рафти иҷрои лоиҳа аз ҷониби устодони донишгоҳҳои олии кишвар беш аз 50 захираи кушодаи таҳсилотӣ таҳия карда шуд. Ба ғайр аз ин барои якчанд донишгоҳи олӣ дар пояи серверҳои онҳо порталҳо бо дастрасии берунӣ ба захираҳои кушода таҳсилотӣ сохта шуда буданд ва аз ҳисоби IT мутахассисони донишгоҳҳо мутахассисон оид ба идоракунии порталҳои мазкур омода карда шуданд. Мавриди иҷрои лоиҳаи пешина беш аз 100 устодон ва 60 донишҷӯён аз ҳашт муассисаи таҳсилотии кишвар таълим дода шуданд.

RSS
Follow by Email
Facebook
Facebook
Google+
https://www.osiaf.tj/2017/10/11/otkritie-obr_resursi/
Twitter
Instagram