Озмуни грантӣ барои беҳтарин маводи онлайн дар мавзӯи марбут ба буҷети ҷумҳурӣ ва идоракунии молияи давлатӣ

Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода”- Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, дар доираи барномаи “Дастгирии идоракунии молияи давлатӣ (ДИМД) дар Тоҷикистон”, ки аз тарфи Вазорати Рушди Байналмиллалии Британия Кабир маблағгузорӣ мешавад (DFID)

тамдиди озмуни грантиро барои беҳтарин маводи онлайн дар мавзӯи марбут ба буҷети ҷумҳурӣ ва идоракунии молияи давлатӣ эълон менамояд.

Барои иштирок дар озмуни грантӣ оид ба дата – журналистика рӯзноманигорон/ расонаҳои минтақавӣ ва миллӣ, нашрияҳои чопии давлатӣ ва ғайридавлатӣ, нашрияҳои онлайни Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда мешаванд. Мавзӯи дархостҳои лоиҳавӣ бояд масъалаҳои вобаста ба идоракунии молияи давлатӣ, идоракунии буҷет ва инчунин баланд бардоштани дониши молиявии аҳолиро инъикос намоянд.

Мақсадҳои озмуни грантӣ:
• Мусоидат дар беҳтар намудани малакаи касбии рӯзноманигарон дар соҳаи инъикоси онлайни масъалаҳои муҳими иқтисодии вобаста ба буҷет ва идоракунии молияи давлатӣ (ИМД);
• Баланд бардоштани сатҳи дониши молиявӣ ва маълумотнокии аҳолии ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба равандҳои буҷетӣ ва ИМД тавассути нашри онлайни маводи босифату касбӣ дар ВАО;
• Ҳавасмандгардонии ВАО барои пешбурди дата-журналистикаи онлайн.

Барои иштирок дар озмун хоҳишмандон аз ВАО бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:
• Дархости лоиҳавӣ барои иштирок дар озмун бо забонҳои русӣ ё тоҷикӣ;
• Тарҷумаи ҳоли муаллиф ё гурӯҳи муаллифон (CV).

Меъёрҳои интихоби мавод:
• Аҳамияти мавзӯъ;
• Мукаммал ва фаҳмо будани маълумот;
• Истифодаи сарчашмаҳои гуногун (мусоҳиба бо коршиносон, маълумотҳои расмӣ аз сарчашмаҳои мухталиф, инъикоси андешаҳои шаҳрвандон, маълумотҳои байналмилалӣ);
• Пешниҳоди ҷолиб;
• Дақиқ будани мавод;
• Истифодаи моҳирона ва босифати чандрасонаӣ дар инъикоси маълумотҳо (графика, даиаграммаҳо, харитаҳо, навор, садо, аксҳо ва ғайраҳо);
• Лоиҳа набояд барои пешбурди манфиатҳои сохторҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ ва ё ҷамъиятӣ мусоидат намояд;
МУҲИМ АСТ: Маводи дархостӣ дар озмуни грантӣ бояд аслӣ ва қаблан дар дигар расонаҳо нашр нашуда бошад.
Шахсоне,ки хоҳиши дар озмуни гранти иштирок кардан доранд, бояд ҳуҷатҳои дар боло зикр гардидаро то соати 08:00, 20-уми ноябри соли 2017 ба суроғаи зерин пешниҳод кунанд:
ш.Душанбе,кӯчаи Бохтар 37/1, Маркази тиҷоратии “ВЕФА”, ошёнаи 4-ум, тел: 441-07-45, 441-07-48, 441-07-29, ё бо суроғаи электронии osiaf@osiaf.tj ва xeniya.mironova@osiaf.tj

Шахси мутасаддӣ: Ксения Миронова, Ҳамоҳангсози барномаи “Дастгирии идоракунии молияи давлатӣ дар Тоҷикистон”.

Ҳуҷҷатҳое, ки бо вайрон кардани шартҳои ИҶК БМ – Тоҷикистон тартиб дода шудаанд, пурра нестанд ё баъди муҳлати зикршуда ворид гардидаанд, баррасӣ намешаванд. Маводи ба озмун пешниҳодшуда баргардонда намешавад.

 

 ШАКЛИ ДАРХОСТИ ЛОИҲАВӢ

RSS
Follow by Email
Facebook
Facebook
Google+
https://www.osiaf.tj/2017/10/12/konkurs/
Twitter
Instagram