Озмун барои муайан намудан ва таҳияи стратегияи коммуникатсионӣ ва нақшаи муносиби фаъолияти ИҶК БМ дар Тоҷикистон

Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон барои пешниҳод намудани хизматрасониҳо оид ба муайан намудан ва таҳияи стратегияи коммуникатсионӣ ва нақшаи муносиби фаъолият дар самти расидан ба ҳадафҳои асосӣ, ҳамкории самаранок бо ҷонибҳои ҳавасманд ва бештар намудани маълумотнокӣ оид ба фаъолияти Бунёд, миёни мутахассисон ва ташкилотҳо озмун эълон менамояд.

Пудратчӣ бояд стратегияи коммуникатсионӣ ва нақшаи муносиби амалкуниро барои чор сол таҳия намояд. Стратегияи коммуникатсионӣ бояд захираҳои мавҷудбуда ва авлавиятҳои самтҳои фаъолияти Бунёдро ба ҳисоб гирад.

Ба шахсони ҳавасманд пешниҳод намудани номаи асосноккунӣ барои иштирок дар озмун бо нишон додани муҳлатҳо ва арзиши хизматрасониҳо, тавсияномаҳо аз фармоишгарони собиқ, дар лифофаи басташуда бо қайдкунии «Таҳияи стратегияи коммуникатсионӣ», то соати 17:00 17 ноябри соли 2017 ба идораи ИҶК БМ дар Тоҷикистон бо суроғаи зерин зарур аст: ш. Душанбе, к. Бохтар 37/1 (бинои маркази тиҷоратии “ВЕФА”, ошёнаи 4).

Барои дарёфти маълумоти муфассал метавонед бо почтаи электронӣ ва телефонҳои зерин тамос бигиред: osiaf@osiaf.tj 227-55-58; 227-07-16: 227-07-49.

Ҳуҷҷатҳое, ки бо вайрон намудани шартҳои ИҶК БМ дар Тоҷикистон тартиб дода шудаанд, нопурраанд ва ё пас аз мӯҳлати муайяншуда ворид мегарданд, баррасӣ намешаванд. Ҳуҷҷатҳои ба озмун пешниҳодгардида баргардонида намешаванд.

RSS
Follow by Email
Facebook
Facebook
Google+
https://www.osiaf.tj/2017/11/07/%d0%be%d0%b7%d0%bc%d1%83%d0%bd-%d0%b1%d0%b0%d1%80%d0%be%d0%b8-%d0%bc%d1%83%d0%b0%d0%b9%d0%b0%d0%bd-%d0%bd%d0%b0%d0%bc%d1%83%d0%b4%d0%b0%d0%bd-%d0%b2%d0%b0-%d1%82%d0%b0%d2%b3%d0%b8%d1%8f%d0%b8-%d1%81/
Twitter
Instagram