Озмун барои нашри тақвимҳои деворӣ ва рӯйимизии ИҶК БМ дар Тоҷикистон

Шуъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон
барои нашри тақвимҳои деворӣ ва рӯйимизӣ озмун эълон менамояд

Андозаи тақвимҳо:

Тақвими деворӣ
Андоза : 60 х 48 см,
Шумораи нашр: 600 нусха
Таркиб: 6 варақ + муқова + картон (ки аз як тараф муҳр шудааст)
Коғаз ва чоп: 6 варақ – 250 гр/м2., сафед (матовая мелованная) 4+4
муқова 280 гр/м2., сафед (матовая мелованная) 4+4
картон 300 гр/м2 4+0
Муқовабандӣ: бастаи металлӣ, спирал – 48 см, ригел (ҳалқача барои овехтан) ранги сиёҳ

Тақвими рӯйимизӣ
Андоза : 18 х 11см
Теъдод: 300 нусха
Таркиб: 6 варақ + муқова + таҳмон (подставка)
Коғаз ва чоп: 6 варақ ва муқова – 250 гр/м2 сафед (матовая мелованная) 4 + 4 Таҳмон: (18 х 34 см) – 280 гр.\м2, сафед (матовая мелованная), 4+4
Муқовабандӣ: бастаи металлӣ, спирал – 18 см, ранги сиёҳ

Барои иштирок дар озмун дархостнома бояд бо ишораи маълумоти зерин пешниҳод гардад:
– номгӯи ташкилот бо ишораи шахсе, ки ҳуқуқи имзои шартномаро дорад;
– шарту шароити пешниҳод
– арзиш бо нишондиҳии ААИ (НДС) ва муҳлати иҷрои кор;
– намунаи маҳсули чопии ташкилоти довталаб (на камтар аз ду нусха).

Дархостнома бояд дар лифофаи пӯшида бо навиштаи «Озмун барои чопи тақвимҳои солона» то соати 17:00 20 ноябри соли 2017 ба идораи ИҶК БМ ба суроғаи зерин, пешниҳод гардад: ш. Душанбе, к. Бохтар 37/1, Маркази тиҷоратии “Vefa”, ошёнаи 4-ум, тел: 227-55-58; 227- 07-49, 227-07-16. е-mail: osi@osi.tajik.net;

Ҳуҷҷатҳое, ки бо вайрон намудани шартҳои ИҶК БМ дар Тоҷикистон тартиб дода шудаанд, нопурраанд ва ё пас аз мӯҳлати муайяншуда ворид мегарданд, баррасӣ намешаванд. Ҳуҷҷатҳои ба озмун пешниҳодгардида баргардонида намешаванд.

RSS
Follow by Email
Facebook
Facebook
Google+
https://www.osiaf.tj/2017/11/07/%d0%be%d0%b7%d0%bc%d1%83%d0%bd-%d0%b1%d0%b0%d1%80%d0%be%d0%b8-%d0%bd%d0%b0%d1%88%d1%80%d0%b8-%d1%82%d0%b0%d2%9b%d0%b2%d0%b8%d0%bc%d2%b3%d0%be%d0%b8-%d0%b4%d0%b5%d0%b2%d0%be%d1%80%d3%a3-%d0%b2%d0%b0/
Twitter
Instagram