Бозомӯзӣ барои ходимони эҷодкор ва намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ

Аз 13 то 15 ноябр барои ходимони эҷодкор ва намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар чорчӯбаи лоиҳаи оид ба озодии баён таҳти роҳбарии коршиноси хориҷӣ Мэрри Энн ДЕВЛИЕГ (Mary Ann DEVILEG) гузаронида мешавад.

Ҳадафи чорабинии мазкур арзёбии вазъият ва мусоидат ба рушди озодии баёни эҷодӣ барои гурӯҳи ашхоси дархосткарда мебошад.

Озодии баён бахши асосии ҳуқуқҳо ва озодиҳои демократӣ ба ҳисоб меравад; мафҳуми «озодии баён» таъминкунии озодии баёни бемамонияти ақидаҳо, таҷассуми ақидаҳои эҷодӣ, доштани эътиқоди шахсӣ ва озодона баён намудани онҳо; доштани озодии ҷустан, дарёфт намудан ва паҳн намудани иттилоот ва ақоиди эҷодӣ бо васоити мухталиф ва новобаста аз марзҳои давлатро ифода мекунад.

Дар чорчӯбаи бозомӯзии мазкур муҳокимаи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии оид ба озодии баён ва иҷрои онҳо дар мисоли Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст. Иштирокчиёни бозомӯзӣ оянда метавонанд донишҳои бадастовардаро дар фаъодияти касбияшон истифода кунанд.

Сана: 13 – 15 ноябри соли 2017
Макон: Толори Маркази кории Вэфа

Барои дарёфти маълумоти бештар метавонед бо Лолисанам Улуғова, ҳамоҳангсози барномаи “Фарҳанг ва Ҳунар”и ИҶК БМ, тавассути почтаи электронии lolisanam.ulugova@osiaf.tj ё телефони 227 55 58. тамос бигиред

RSS
Follow by Email
Facebook
Facebook
Google+
https://www.osiaf.tj/2017/11/15/treinig/
Twitter
Instagram