Бозомӯзӣ оид ба маблағгузории сектори тандурустӣ

16-17 ноябри соли 2017 дар доираи барномаи “Дастгирии идораи молияи давлатӣ дар Тоҷикистон (ДИМД)” бозомӯзӣ оид ба маблағгузории сектори тандурустӣ баргузор гардид. Дар бозомӯзӣ намояндагони воситаҳои ахбори омма, таҳлилгарони ҷавон ва намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ширкат варзиданд.

Дар рафти бозомӯзии мазкур буҷаи сектори тандурустӣ ба таври мушаххас муҳокима ва таҳлил карда шуд. Ҳамчунон, дар ҷараёни бозомӯзӣ иштирокчиён дониш ва маълумотҳои нав дар мавзуъҳои роҷеъ ба соҳаи тандурустӣ аз ҷумла: системаи ягонаи иттилоотии идоракунии тандурустӣ, солимии аҳолӣ ва фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ, индикаторҳои миллии тандурустӣ, маблағгузории бахши тандурустӣ, барномаи кафолатҳои давлатӣ ва ғайра баррасӣ гардиданд.
Инчунин иштирокчиён дар давоми бозомӯзӣ имконияти дастрасӣ ба системаи ягонаи иттилоотии идоракунии тандурустӣ пайдо намуда, мустақилона таҳлилҳои худро оид ба маблағгузорӣ, дастрасии маълумотҳои оморӣ ва дигар паҳлуҳои система гузарониданд ва фикру андешаҳои худро баён намуданд.

Дар натиҷаи чорабинии мазкур, иштирокчиён ба се гуруҳ ҷудо гардида, барои омода намудани мақолаи таҳлилӣ дар соҳаи тандурустӣ фаъолият карданд. Дар анҷоми бозомӯзӣ мақолаҳо дар мавзуъҳои зерин: “Чаро ҷори кардани суғуртаи тиббӣ дар Тоҷикистон душвор аст, мушкилиҳои буҷавӣ”, “Мушкилоти кадрҳои тандурусти дар соҳаи тандурусти”, ва “Тадбиқи ислоҳотҳо дар соҳаи тандурустӣ” таёр ва муаррифи карда шуданд.

Ба сифати тренери бозомӯзӣ Сафаров Сайфиддин сармутахасиси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба системаи иттилоотиии идоракунии тандурустӣ даъват гардида буд.

Барномаи “Дастгирии идоракунии молияи давлатӣ” аз ҷониби Институти “Ҷамъияти Кушода” Бунёди Мадад дар Тоҷикистон амалӣ мегардад. Институти “Ҷамъияти Кушода” Бунёди Мадад дар Тоҷикистон бахши шабакаи байналмилалии фондҳо ва ҳамзамон аз ҷумлаи яке аз фондҳои миллии сершуморест, ки ба шабакаи Институтҳои “Ҷамъияти Кушода” шомил мешаванд.
Рисолати стратегии Фонд мусоидат ба рушд ва нумуи равандҳои демократӣ ва инкишофӣ ҷомеаи демократӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

RSS
Follow by Email
Facebook
Facebook
Google+
https://www.osiaf.tj/2017/11/21/%d0%b1%d0%be%d0%b7%d0%be%d0%bc%d3%af%d0%b7%d3%a3-%d0%be%d0%b8%d0%b4-%d0%b1%d0%b0-%d0%bc%d0%b0%d0%b1%d0%bb%d0%b0%d2%93%d0%b3%d1%83%d0%b7%d0%be%d1%80%d0%b8%d0%b8-%d1%81%d0%b5%d0%ba%d1%82%d0%be%d1%80/
Twitter
Instagram