Конференсияи байналмилалии сеюм оид ба “ Таҳсилоти фарогир: мушкилот ва ҷустуҷуйи роҳҳои ҳалли мавзуъ”

Конференсияи байналмилалии сеюм оид ба “ Таҳсилоти фарогир: мушкилот ва ҷустуҷуйи роҳҳои ҳалли мавзуъ”, дар таърихи 29 ноябри соли 2017 дар Душанбе гузаронида мешавад.

Конференсияи мазкур аз ҷониби Академияи маъорифи Тоҷикистон, Донишкадаи рушди маъориф, ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ, бо мусоидати шуъбаи созмони байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода”-Бунёди Мадад дар Тоҷикистон барпо мегардад

Ҳадафҳо:
• таҳлили ҷорӣ намудани таҳсилоти фарогир дар ҶТ: базаи қонунгузорӣ, имконот ва мушкилот/монеаҳо ;
• омузиш ва табодули таҷрибаи рушди таҳсилоти фарогир миёни кишварҳои хориҷии дуру наздик ;
• таҷрибаи байналмилалӣ ва нақши созмонҳои маҳаллӣ ва байналмилӣ дар рушди таҳсилоти фарогир ;
• мусоидат дар муттаҳид намудани талошҳои мутахасссисоне, ки дар бахшҳои қонунгузорӣ,илм, таҷрибаи амалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба хотири рушди таҳсилоти фарогир ҳамчун асоси ҷомеаи баробарҳуқуқ ва кушода, фаъолият менамоянд.
Самҳои асосии кори конференсия:

• таҳлили заминаи қонунгузорӣ дар соҳаи таҳсилоти фарогир ва мутобиқати он бо конвенсияҳои байналхалқии ҳуқуқи инсон, ки аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудаанд;
• ҳалли масъалаҳои сиёсии кадрӣ барои кор бо кӯдакони дорои эҳтиёҷоти махсуси таълимӣ (КДЭМТ);
• масъалаҳо вобаста ба рушди касбии мутахассисон ва бозомӯзии кадрҳо;
• мушкилоти маблағгузории самаранок дар соҳаи таҳсилоти фарогир(таълими инклюзивӣ);
• масъалаҳои таҳияи китобҳои дарсӣ, адабиёти таълимӣ ва методӣ, барои КДЭМТ;
• саволҳо барои муайян намуданни сатҳи дониш, қобилият ва малакаи КДЭМТ оид ба дараҷаҳои мухталифи таҳсилот;
• Нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ / созмонҳои ҷамъиятӣ ҳангоми ҳалли мушкилоти инкишофи барвақтии кӯдакон, таъмини дастрасӣ ба таҳсил ва татбиқи маҷмӯи масъалаҳои марбут ба таҳсилоти фарогир.
Дар Конференкия гузаронидани нишастҳои пленарӣ ва корҳои мавзуӣ оид ба самтҳои асосӣ дар назар аст.
Забонҳои кории конференция– тоҷикӣ ва руссӣ ҳастанд

Барои дарёфти маълумоти иловагӣ метавон ба ҳамоҳангсози Барномаи “Мусоидат ба таҳсилот”- Қобилова Гулчеҳра (gulchehra.kabilova@osiaf.tj) ва ба ҳамоҳангсози Барномаи “Инкишофи барвақти кудакон”-и Институти “Ҷамъияти Кушода”-Бунёди Мадад дар Тоҷикистон –Лола Бобоева муроҷиат намуд /

RSS
Follow by Email
Facebook
Facebook
Google+
https://www.osiaf.tj/2017/11/28/konferenciya-2/
Twitter
Instagram