ДАЪВАТ БА ЛЕКСИЯИ КУШОДАИ “Ҷалби шаҳрвандон дар қабули қарорҳои давлатӣ”

ДАЪВАТ БА ЛЕКСИЯИ КУШОДА

1 ДЕКАБРИ СОЛИ 2017, 1600 – 1700

Мавзуи лексияи кушода: “Ҷалби шаҳрвандон дар қабули қарорҳои давлатӣ”

Дар лексияи мазкур масоили назариявӣ ва амалии ҷалби шаҳрвандон дар қабули қарорҳои давлатӣ, марҳилаҳо ва тартиби қабули қарорҳо, шарикии байни ҳукумат, бизнес ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамчун шарти қабули қарорҳои самаранок, принсипҳо ва марҳилаҳои мониторинги барномаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ғайра баррасӣ мегарданд.

Давлат он сохтор ва мақомоте мебошад, ки ҷомеаи муосирро муттаҳид мекунад ва ба ӯ комилият мебахшад.
Маҳз дар чорчӯбаи он мақомоти воломақом мутамарказ мегарданд, механизмҳои идоракунӣ ташаккул меёбанд ва қарорҳои қабул карда мешаванд, ки ба танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ равона карда гардидаанд.
Айни замон аксар қарорҳое, ки дар тамоми сатҳҳо ва зинаҳои ҳокимияти давлатӣ қабул карда мешаванд, бояд дар заминаи таҳлили илмии ҳолат ва тамоюли инкишофи равандҳои иҷтимоӣ сурат гиранд. Аз ин лиҳоз, иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар қабули қарорҳои давлатӣ самаранокии қарорҳои қабулшавандаро баланд бардошта, ба танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ, шарикии давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин рушди иҷтимоӣ-иқтисодии мамлакат мусоидат менамояд.

Макони чорабинӣ: ш. Душанбе, Маркази тиҷоратии “Вэфа”, ошёнаи якум, толори №1

Забони чорабинӣ: тоҷикӣ, русӣ

ЛЕКТОР: Ҷабборов Фатҳулло Амриевич – номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи идоракунии давлатӣ ва маҳаллии Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат. Муаллифи беш аз 60 номгӯи корҳои илмӣ-методӣ ва таълимӣ-методӣ мебошад. Яке аз муаллифони комплекси таълимӣ-методии “Ҷалби шаҳрвандон дар қабули қарорҳои давлатӣ” аст.
Ҷабборов Фатҳулло иштирокчии як қатор лоиҳаҳои байналмилалӣ, аз қабили “Пешгӯикунии макроиқтисодӣ ва сиёсати макроиқтисодӣ дар Россия”, “Маълумоти иқтисодӣ ва тиҷоратӣ”, “Рушд ва такмили мудирияти донишгоњ доир ба масоили робитањои байналмилалї”, “Њуҷљатгузорӣ ҷиҳати таъмини сифати барномањои таълимї” ва ғайраҳо мебошад.

Силсилаи лексияҳои кушода дар чорчӯбаи лоиҳаи “Дастгирии идоракунии молияи давлатӣ” гузаронида мешавад ва аз ҷониби Вазорати рушди байналмилалии Бритониёи Кабир (DFID) маблағгузорӣ мегардад.

Барои дарёфти маълумоти бештар метавонед ба ҳамоҳангсози Барномаи “Дастгирии идоракунии молияи давлатӣ” Манучеҳр Камолиддинов муроҷиат намоед: manuchehr.kamoliddino@osiaf.tj, тел. 2275558

Мавқеи шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ва Вазорати рушди байналмилалии Бритониёи Кабир мумкин аст бо нуқтаи назари муаллиф – баромадкунанда мувофиқ набошанд.

RSS
Follow by Email
Facebook
Facebook
Google+
https://www.osiaf.tj/2017/11/29/lekciya/
Twitter
Instagram