Форуми ҷавонон бо баромадҳои вижаи фориғутаҳсилини (хатмкардаҳо) Барномаи бурси”- и Институти “Ҷамъияти Кушода ва Барномаи «Чивининг»-и Сафорати Британияи Кабир дар Душанбе

02-03 декабри соли 2017 дар ш. Душанбе нахустин “ Форуми ҷавонон бо баромадҳои вижаи фориғутаҳсилини (хатмкардаҳо) Барномаи бурси”- и Институти “Ҷамъияти Кушода ва Барномаи «Чивининг»-и Сафорати Британияи Кабир дар Душанбе баргузор мегардад

Форум аз ҷониби Шуъбаи созмони байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» -Бунёди Мадад дар Тоҷикистон бо кумаки молии Барномаи Чивининги сафорати Британияи Кабир дар Душанбе гузаронида мешавад.
Ҳадафи ин чорабинӣ сохтани як платформа барои ҳамкориҳои пурсамар ва табодули таҷрибаҳо миёни хатмакардаҳои Барномаҳои бурсӣ ва ҷавонони пешсаф аст. Шакли баргузории ин форум ҳам аз омузиш ва ҳам аз мубоҳисаҳои пленарӣ ва корҳои гуруҳӣ иборат аст, ки ҳар иштирокчӣ бо майлу хости худ онро метавонад интихоб намояд. Ба ҳайси муаллим коршиносони соҳибихтисос аз Асосиатсияи тафакури интиқодӣ ҷалб шудаанд.

Дар ин чорабинӣ тахминан 45 нафар аз пешсафони созмонҳои ҷамъиятӣ ва хатмкардаҳои барномаҳои бурсӣ имкони ширкат кардан доранд. Дар кори платформаи таълимӣ ҳамчунин намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон, сайёҳӣ ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷҷикистон ба хотири ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаи иҷрои лоиҳаҳо барои ҷавонон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон дар ҶТ иштирок хоҳанд кард.
Забони кории форум тоҷикӣ ва руссӣ аст

Барои дарёфти маълумоти иловагӣ метавон бо Гулнора Шукурбекова (gulnora.shukurbekova@osiaf.tj), ҳамаоҳангсози Барномаҳои бурсӣ ва ҷавонони шуъбаи созмони байналмилалии Институти « Ҷамъияти Кушода»-Бунёди Мадад дар Тоҷикистон тамос гирифт

RSS
Follow by Email
Facebook
Facebook
Google+
https://www.osiaf.tj/2017/11/30/forum/
Twitter
Instagram