Муҳокимаи васеъи мафҳуми “бенефитсиар”

1-уми декабри соли 2017- ум дар шаҳри Душанбе муҳокимаи васеъ оид ба мафҳуми мувофиқашудаи “бенефитсиар”, ки дар гузориши таҳлилии “Таҳлили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи ҳуқуқи бенефитисарӣ ва ошкор намудани он” тавсия шудааст баргузор мегардад. Инчунин, баррасии шарҳҳои мавҷудбудаи бенефитсиар дар созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои гуногун қабул шуда ва дастурҳо барои муаян кардани бенефитсиар (сатҳ ва назорат) низ муҳокима карда мешаванд

Соли 2016 дар доираи Стандарти Ташаббуси шаффофият дар соҳаи истихроҷ (ТШСИ) (талаботи 2.5) қарор қабул карда шудааст, ки то 1-уми январи соли 2020 ҳамаи кишварҳое, ки ТШСИ-ро татбиқ кардаанд, бояд ошкор намудани шахсияти бенефитсиарҳои шахсони ҳуқуқиро, ки дар озмунҳои хариди дороиҳои соҳаи истихроҷ, истифодабарӣ ва ё дар сармоягузорӣ ба онҳо иштирок менамоянд, таъмин намоянд.
Барои амалӣ намудани тадбирҳои омодакунии зарурӣ ва ислоҳот, Шӯрои ТШСИ 26-уми декабри соли 2016-ум Роҳнамо (дарожная карта) барои ошкор намудани иттилооти худ дар бораи ҳуқуқи бенефисиар, ки дар он рӯйдодҳои асосӣ ва муҳлатҳо, инчунин чораҳо барои арзёбӣ кардани иҷроиши Роҳнамо дар ҳисоботи солона оид ба фаъолияти Шӯрои ТШСИ тасдиқ ва нашр намуд.
Ҳадафи чорабинӣ гузарондани муҳокимаи васеъи тафсири мувофиқкардаи мафҳуми “бенефитсиар” мебошад, ки тавассути Ҳисоботи таҳлилӣ бо иштироки ҳамаи ҷонибҳои ҳавасманд тавсия шудааст: ширкатҳои бузурги истихроҷкунанда, ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ВАО, мақомоти давлатӣ.
Мавриди муҳокима иштирокчиён бо тафсирҳои мавҷудбудаи мафҳуми “бенефитсиар”, ки дар институтҳои байналмилалӣ ва кишварҳои хориҷӣ қабул шудаанд, таҷрибаҳои ҷойдошта шинос мегарданд, натиҷаҳои таҳлили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар заминаи ҳуқуқи бенефитсиарӣ ва тафсири онро муҳокима мекунанд, доир ба Дастурамали оид ба муайанкунии дороии бенефитсиарӣ тавсияҳо пешниҳод мекунанд (сатҳ ва назорат).
Нишаст дар толори меҳмонхонаи Осиё Грант Отел, бо суроғаи ш. Душанбе кӯчаи Мирзо Турсунзода 21/б, ошёнаи 5 баргузор мегардад.
Муҳокима дар чорчубаи барномаи “Дастгирии идоракунии молияи давлатӣ”, ИҶК БМ дар Тоҷикистон, ки аз ҷониби Вазорати Рушди Байналмилалии Британия Кабаир маблағгузорӣ мешавад, гузаронида хоҳад шуд.

Барои дарёфти маълумоти муфассал шумо метавонед бо мо тавассути суроғаҳои зерин тамос бигиред:
xeniya.mironova@osiaf.tj,
ngo.jahon@gmail.com

тел. 2275558

RSS
Follow by Email
Facebook
Facebook
Google+
https://www.osiaf.tj/2017/11/30/obsujdenie-2/
Twitter
Instagram