Озмун миёни ширкатҳои сайёҳӣ барои расонидани хизматрасониҳо дар чорчӯбаи лоиҳаҳо.

Шӯъбаи Ташкилоти байналмилалии
Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон

Миёни ширкатҳои сайёҳӣ барои расонидани хизматрасониҳои зерин дар чорчӯбаи лоиҳахо озмун эълон менамояд.

Масъулияти асосии ширкати сайёҳӣ:
Машварат дар интихоби шакли беҳтарини хати сайр;
• Пешфармоиш (брон) ва хариди чиптаҳои ҳавопаймо аз ширкатҳои ҳавопаймоии гуногун;
• Додани маълумот доир ба истифодаи тарофа ба чиптаи фармудашуда;
• Дар ҳолати зарурӣ – тағйири чипта (тағйири рӯзи парвоз, хати сайр, сатҳи парвоз) мувофиқи талаботи ширкатҳои ҳавопаймоӣ;
• Чиптаҳои ҳаваопаймоиро бо ҳуҷҷатҳои лозима ба идора расонидан;
• Хизматрасонӣ доир ба пешниҳоди суғуртаи тиббӣ;
• Хизматрасонӣ дар гирифтани раводид ва аз қайд гузаронидан;
• Пешфармоиш (брон)и меҳмонхона бо кафолати нигоҳ доштани пешфармоиш дар сурати дер омадани меҳмон;
• Хизматрасонии трансферт: аз фурӯдгоҳ то меҳмонхона ва аз меҳмонхона то фурӯдгоҳ; хизматрасониҳои VIP дар фурӯдгоҳҳо; ташкили сафарҳои сайёҳӣ дар Тоҷикистон.

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод кардан зарур аст:
• Мактуб-дархост бо ишораи таҷрибаи корӣ дар ин самт;
• Мавҷудияти иҷозатнома барои фаъолият, нусхаи аз қайд гузаштан дар Вазорати адлияи ҶТ;
• Тавсияномаҳо аз ҳамкорон;
• Нархнома барои хизматрасониҳои пешниҳодмешуда.

Рӯзи охирини қабули ҳуҷҷатҳо то 17:00 25 декабри соли 2017.
Лифофаҳо бояд дар шакли пӯшида, бо навиштаҷоти «Пешниҳодҳо барои иштирок дар озмун миёни ширкатҳои сайёҳӣ» ба дафтари ИҶК-БМ, ба суроғаи: ш.Душанбе, кӯчаи Бохтар, 37/1, бинои маркази тиҷоратии «Вефа», ошёнаи 4 пешниҳод карда шаванд. Телефонҳо барои тамос: 227-55-58; 227-07-16, 227-07-49, почтаи эл.: osiaf@osiaf.tj
Ҳуҷҷатҳое, ки баъд аз мӯҳлати зикргардида пешниҳод гардидаанд ё номукаммаланд, баррасӣ намегарданд. Довталабон доир ба натиҷаҳои озмун хабардор карда мешаванд. Сабабҳои рад шудани пешниҳод шарҳ дода намешаванд. Ҳуҷҷатҳои ба озмун пешкашгардида баргардонида намешаванд.

RSS
Facebook
Facebook
Google+
https://www.osiaf.tj/2017/12/13/konkurs-2/
Twitter
Instagram
Social media & sharing icons powered by UltimatelySocial