Бозомӯзӣ таҳти шиори: «Мо бар зидди зўроварӣ дар оила ҳастем»

6 декабри соли 2017 ташкилоти ҷамъиятии «Бонувони фардо»-и вилояти Хатлон барои 20 нафар аз ҳисоби фаъолон ва пешсафони ҷамоатҳо маҳалҳо, намояндагони дин, кормандони маориф, мудирони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар ноҳияи Шаҳритус таҳти шиори: «Мо бар зидди зўроварӣ дар оила ҳастем» бозомӯзӣ гузаронид.
Ташаббуси мазкур аз ҷониби «Институти «Ҷамъияти Кушода»-и Бунёди Мадад дар Тоҷикистон дар доираи барномаи «Фарҳанг ва ҳунар» дар чорчӯбаи лоиҳаи «Паст кардани зўроварӣ дар оила бо воситаи комиксҳо» дастгирӣ ёфт.

Чорабинии мазкур бо намоиши аёнии комиксҳои эљодии рассоми ҷавон ва болаёқати Тоҷикистон Ҳусейн Чиллаев тақвият ёфт.
Дар комиксҳо муаммоњои зиндагӣ оид ба кам нест кардани зўроварӣ дар оила тасвир ёфтаанд.
Комиксҳо аз 10 овезаҳои хурди андозаи қоғази А3 ва слайдҳо бо навиштаҷоти: тасаввуроти зўроварӣ дар оила, намудҳои зўроварӣ ва Қонуни ҶТ дар бораи «Пешгирии зўроварӣ дар оила», иборатанд ва дар бозомӯзиҳо ба ҳайси тақвиятдиҳандаи мавзуъ истифода мешаванд.

Истифода бурдани усули нави интерактивӣ, намоиши комиксҳои муқоисавии зўроварӣ дар оила ва бар муқобили зўроварӣ дар оила, баҳсу мунозирҳо оид ба мавзўъ ва хусусан ҷанбаи овозӣ ва видеоии комиксҳо барои иштирокчиён таъсири дучанд мерасонад ва дар хотираҳо мустаҳкам нақш мебандад.
Намоиши таҳлилии комиксҳо барои иваз намудани ахлоқи иштирокчиён ҳамчун усули воситаи аёнӣ мебошад.
Бозомӯзиҳо дар маҷмуъ 160 нафар иштирокчиро, аз он ҷумла лидерони ҷамоатҳо, маҳал, намояндагони дин, мудирони мактабҳои ноҳияи Шаҳритузро дар бар мегиранд.

Чорабиниҳои мазкур аз ҷониби Ҳукумати ноҳияи Шаҳритуз дастгирӣ ёфта, дар тарғиби Қонуни ҶТ оид ба «Пешгирии зўроварӣ дар оила» ва Нақшаи давлатӣ оид ба огоҳии зўроварӣ дар оила дар солҳои 2014-2023 нақши муҳим мебозад. Тамоми фаъолиятҳои созмон дар мавриди ин лоиҳа дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук инъикос меёбанд.

Тамос:
735180 Тоҷикистон, вилояти Хатлон
Ноҳияи Шаҳритус, к. Исмоили Сомонӣ, ҳ.28Б
Телефон: 5(3240)22888
Почтаи электронї: ро_bonuvoni_fardo@mail.ru

RSS
Facebook
Facebook
Google+
https://www.osiaf.tj/2017/12/14/bozomuzi/
Twitter
Instagram
Social media & sharing icons powered by UltimatelySocial