ДАЪВАТ БА ЛЕКСИЯИ КУШОДА. Мавзӯи лексия: “Тақвияти заминаҳои ҳуқуқии соҳаи маориф: таҳияи лоиҳаи Кодекси маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон”

БАРНОМАИ «ДАСТГИРИИ ИДОРАКУНИИ МОЛИЯИ ДАВЛАТӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» 15 ДЕКАБРИ СОЛИ 2017, соати 16:00 – 17:00 хоҳишмандонро ба лексияи кушода дар мавзӯи “Тақвияти заминаҳои ҳуқуқии соҳаи маориф: таҳияи лоиҳаи Кодекси маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон” даъват мекунад.

Дар лексияи мазкур масъалаи таҳияи лоиҳаи “Кодекси маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон” баррасӣ мешавад.

Дар марҳилаи нави рушди кишвар кодификатсияи конунгузории соҳаи маориф, ки он на танҳо бо коркарди берунии муқаррароти мавҷудаи ва ҷойгиршавию гирд овардани қонунҳои амалкунандаи соҳа маҳдуд мешавад, балки азнав дида баромадани муқаррароти ҳуқуқии конунгузории соҳа, такмил ва бартараф намудани мухолифатҳо байни муқаррароти онро дар бар мегирад зарурат пеш омад.

Дар натиҷаи кодификатсия, ки қабули Кодексро дар назар дорад муҳити ягонаи ҳуқуқии соҳа ба вуҷуд меояд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити пешрафти ҷомеа дар таҷрибаи қонунгузорӣ, махсусан соҳаҳои маориф ва шуғл тағйиротҳои ҷиддӣ ҷараён доранд.Танҳо дар панҷсолаи охир 17 санадҳои қонунгузории танзимкунандаи соҳаҳои мазкур, қабул гардиданд.
Ин омил худ бозгӯи он аст, ки таҳсилот ва маориф ба сифати соҳаҳои муҳими афзалиятноки сиёсати давлатӣ муайян ва қабул гардидаанд.

Макони чорабинӣ: ш. Душанбе, Маркази тиҷоратии “Вэфа”, ошёнаи якум, толори №1

Забони чорабинӣ: тоҷикӣ, русӣ

Маърӯзачӣ: Оқилзода Нурулло, номзади илмҳои педагогӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум, муовини раиси Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон мебошад.

Аз соли 1988 то соли 2010 дар вазифаҳои омӯзгор,директори мактаб, Сардори идораи маорифи вилояти Суғд, Раиси ноҳияҳои Мастчоҳ, Кӯҳистони Мастчоҳ фаъолият намудааст.

Аз соли 2010-инҷониб – вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон мебошад.

Бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дар ҳаммуаллифӣ лоиҳаи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Таълиму тарбияи томактабӣ”, “Ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак”,”Таҳсилоти миёнаи касбӣ”,”Таҳсилоти калонсолон”,”Тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, Тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ”-ро таҳия намудааст.

Муаллифи се монография ва 14 мақолаи илмӣ мебошад. Соҳиби Ифтихорномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2003, барандаи ҷоизаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар соҳаи маориф ба номи Саъдии Шерозӣ соли 1993, аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Силсилаи лексияҳои кушода дар чорчӯбаи лоиҳаи “Дастгирии идоракунии молияи давлатӣ” гузаронида мешавад ва аз ҷониби Вазорати рушди байналмилалии Бритониёи Кабир (DFID) маблағгузорӣ мегардад.

Мавқеи шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ва Вазорати рушди байналмилалии Бритониёи Кабир мумкин аст бо нуқтаи назари муаллиф – баромадкунанда мувофиқ набошанд.

RSS
Facebook
Facebook
Google+
https://www.osiaf.tj/2017/12/14/lekciya-3/
Twitter
Instagram
Social media & sharing icons powered by UltimatelySocial