Маросими имзои Созишномаи грантӣ аз руи лоиҳаи “Дахолати барвақти кудакони ношунаво”

14.12.2017с. дар идораи Институти “Ҷамъияти Кушода” Бунёди Мадад дар Тоҷикистон (ИҶК БМТ) маросими имзои Созишномаи грантӣ аз руи лоиҳаи «Дахолати барвақти кудакони ношунаво» миёни ИҶК БМТ ва ТҶ «Маркази рушди забони ишора ва таълими кудакони ношунаво» баргузор гардид.

Лоиҳаи мазкур дар чорчӯбаи барномаи “Рушди барвақтии кӯдакон” – и ИҶК БМ татбиқ шуда истодааст.

Созишномаи грантӣ аз ҷониби директори иҷрояи ИҶК БМ дар Тоҷикистон Илҳом Абдуллоев ва директори ташкилоти ҷамъиятии «Маркази рушди забони ишора ва таълими кудакони ношунаво» С. Қувватов ба имзо расид.

Ҳадафи лоиҳаи мазкур оид ба дахолати барвақтӣ аз омодакунии мутахассисон ва ташкилкунии фаъолият иборат мебошад, ки ба дастгирии оилаҳои кудакони ношунаводошта нигаронида мешавад, то ки онҳо тавонанд икишофи беҳтар ва таълими кудакро аз хурдсолӣ таъмин намоянд.

ТҶ «Маркази рушди забони ишора ва таълими кудакони ношунаво»и ҶТ дар чорчубаи лоиҳа фаъолияташро ба расондани кӯмак дар инкишофи кӯдакони ношунаво аз синни хурдсолӣ ва ба такмили нерӯ дар соҳаи мазкур тавассути гузарондани силсила – бозомузиҳо барои репетиторон, волидон ва шахсони ҳавасманд дар шаҳрҳои озмоишии Кулоб, Хоруғ ва Хуҷанд равона месозад.

Дар чорчубаи лоиҳа оғоз намудани кор оид ба таҳияи дастурамалҳо, модулҳо ва тавсияҳои методӣ (барои репетиторон, волидон ва кудакон) бо мақсади паҳнкунии ояндаи барнома ва омодакунии табақаҳои васеъи аҳолӣ тавассути ВАО ба нақша гирифта мешавад.

RSS
Facebook
Facebook
Google+
https://www.osiaf.tj/2017/12/15/grant/
Twitter
Instagram
Social media & sharing icons powered by UltimatelySocial