Ба таваҷҷуҳи: рузноманигорони касбӣ, толибилмони бахшҳои рузнаманигорӣ ва омузгорони факултаҳои рузноманигорӣ!

Дар оғози соли нави мелодӣ шуморо ду туҳфа интизор аст. Ва барои нафароне, ки дар талаби донишанд, чи туҳфае беҳтар аз китоб аст!?
Соли равон ду китобе, ки дар маркази диққати коршиносон қарор гирифтанд ва ба бисёре аз забонҳои қаламрави пасошуравӣ тарҷума шуданд, китобҳое бо номи “Чи тавр расонаҳои нав журналистикаро тағйир доданд” ва “Верификатсияи тадқиқоти рӯзноманигорӣ” буданд.

Бо дастгирии молиявии Институти “Ҷамъияти Кушода”-Бунёди Мадад дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Интернюс Нетуорк, ва пуштибонии маънавии Академияи воситаҳои ахбори ҶТ, маркази ТИК ва ташкилоти ҷамъиятии “Хома”, дар доираи фаъолиятҳои барномаи Дастрасӣ ба иттилооти ИҶК БМ, хушбахтона ба забони тоҷикӣ ҳам тарҷумаи китобҳои мазкур сурат гирифт.

Китоби аввал ё ҳадяи аввал – “ Чи тавр расонаҳои нав журналистикаро тағйир доданд”

Чи тавре ки ноширон дар оғози китоб навиштаанд: ”Мавзуи баҳс ва баррасии китоби мазкур дигаргуниҳои бебозгашти журналиситика дар шароити «расонаҳои нав» аст.
Муаллифон шаклҳои нави истеъмоли медиа (расонаҳо), малака ва маҳоратҳои нави рузноманигоронро дар қолабҳои нав бозбинӣ менамоянд, ба хонанда таҳлилҳои боарзиш ва абзорҳои дар таҷрибаҳои муваффақ санҷидашуда пешиҳод менамоянд.

Китоб барои донишҷуён ва муаллимони бахши рузноманигорӣ ва мутахассисони соҳаи иртиботот ва расонаҳост»
Воқеан ҳам аз китобҳои ҷолибест, ки ба мавзуи муҳим ва мубрами замонавии журналистика–чандрасонаӣ (мултимедия) бахшида шудааст.

Кори дастҷамъонаи муалифонест, ки аксарашон аз таҷрибаҳои амалӣ дар ин соҳа бархурдоранд. Дар нусхаи асл, нисбат ба ин тарҷума ки дар ихтиёри шумост, китоб ҳаҷман бузургтар аст. ( Он аз 9 мақола ва дар ҳаҷми бештар аз 300 саҳифа аст). Ба нафароне, ки забони русӣ хуб баладанд, ҳатман тавсия дода мешавад, ки онро дастрас ва ба пуррагӣ бихонанд.

Сабаби обеъктивии дигаре низ буд, ки моро барои интихобан тарҷума намудан баъзеи қисматҳои китоб водор намуд. Ин мазуъҳое буданд, ки сирф ба шароити расонаҳо ва вазъ дар Руссия марбутанд ва табиист ки аз онҳо сарфи назар намудем ва танҳо он қисматҳои китобро тарҷума намудем, ки ба назари мо, новобаста аз маҳал ва сатҳи рушди журналистикаи чандрасонаӣ, қоидаҳои умумӣ, мушкилот, фаҳмиш ва тавсияҳои амалиро матраҳ намудаанд.

Тарҷума ба мақолаҳои Сергей Паранко «Абзорҳо ва маҳорату малакаи журналисти чандрасонаӣ», Наталя Лосева -«Аудиторияи расонаҳои нав», Александр Амзин- «Қолабҳои нави таҷрибавӣ», Оксана Силантева -«Коргардонии сужетҳои чандрасонаӣ» ва Мануэл Кастелс, Майкл Паркс, Брегте ван дер Хаак “Ояндаи журналистика: журналистикаи шабакавист» иқтифо намуд.

Китоби дуюм – “Дастурамал оид ба верификатсияи тадқиқоти рӯзноманигорӣ”

Чаро ба сифати китоби муҳим барои тарҷума «Верификатсия» интихоб шуд? Сабаб дар он аст, ки вобаста ба рушди бемайлони технологияҳо, журналистика ҳам дар шакли пешниҳоди мавзуъ ва ҳам қолабҳо иваз мешавад.

Журналистика то рафт беш аз пеш ба интернет ва ҷузҳои таркибии марбут ба иттиллооти он вобаста мешавад.Интишори хабар дигар ба вақт ва макон ва воситаҳои нақл ва баставу кушода будани кушкҳои рузномафурушӣ марбут нест.
Паҳнкунандагон ва муаллифон ҳам ҳамеша рузноманигорон нестанд. Акнун дар як они воҳид ҳар нафаре метавонад ҳам хонанда бошаду ҳам муаллиф ва ҳам паҳнкунандаи маълумот.

Журналистика акнун сарчашмаи хубар будан, фаврият ва оҷилияти интишорои онро бебозгашт ба фоидаи шабакаҳои иҷтимоӣ бохт.
Вазифаи журналистикаи имруз на дарёфти хабар, балки таҳлил ва шарҳи дурусту комили хабар аст. Гап сари он аст,ки интернет бо вуҷуди афзалиятҳои ишорашуда ҳамчунин манбаи хабарҳои нодуруст ва муғризона ҳам метавонад бошад.

Аз миёни хабарҳои зидду нақиз, бесуду бепоя ва гоҳо амдан дуруғу бедалел, ҷудо кардан, аз ғалбери мантиқ гузарондан ва ба хонанда пешниҳод намудани хабари дуруст вазифаи рузноманигорон аст.

Ҳамаи ин дар маҷмуъ боиси рушди самти ҷустор, тафтиш,тасдиқ ва таъйди далел шуд, ки онро ба як истилоҳ- верификатсия ифода мекунад. Бо назадошти ҳамин сермаъноӣ дар тарҷума ҳам номи русии китоб нигоҳ дошта шуд

Аммо мусаллам аст, ки, барои асолати хабар ё далелро пайдо кардан,хусусан дар олами маҷозӣ, бе мусаллаҳ будан ба абзорҳои ҷустуйи маълумот, донистани роҳу равишҳои муосири тасдиқ ва таъйд намудани далелҳо, кор пеш намеравад. Ҳамчуин на ҳама рузноманигорон, хусусан насли анъанаҳои қадимии рузноманигорӣ, малака ва маҳоратҳои технологияии муосирро доранд.

Бинобар ҳамин пайдоши китобе ба сифати дастурамал бо чунин унвон, ки ба рузноманигорон роҳҳи гуногуни таъйди далелро нишон медиҳад, сари вақт аст. Дастурамали мазкур равиши қадам ба қадами таъйд ва тасдиқи далел ё хабарро нишон медиҳад.

Қобили зикр аст, ки таҷумаи китобҳо танҳо гузинаи электронӣ дорад. Ин бори дигар метавонад тасдиқи ҳамон фикр бошад, ки хонанда ҳам бештар ба воситаҳои замонавии нигаҳдорӣ ва истифодаи роҳат ва дар ҳама ҷой дастраси мавод рағбат дорад. Мутмаинан, дар миёни беш аз 2,4 млн корбарони интернет дар Тоҷикстон, китоб хонандагони худро пайдо мекунад.

Тарҷумаи китобҳои зикршударо метавонед аз ишораҳои зерин пайдо намоед:

КИТОБИ АВВАЛ

Ҳаҷм:8 МВ

Шакл: PDF

КИТОБИ ДУЮМ

Ҳаҷм: 9 МВ

Шакл: PDF

RSS
Facebook
Facebook
Google+
https://www.osiaf.tj/2017/12/19/kitobho/
Twitter
Instagram
Social media & sharing icons powered by UltimatelySocial