Форуми таҳсилотӣ

19-20 декабри соли 2017. дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар чорчубаи фаъолияти Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, дар ҳамшарикӣ бо Вазорати маориф ва илми ҶТ Форуми таҳсилотӣ гузаронида шуд.
Дар форум беш аз 80 нафар иштирокчиён – намояндагони Вазорати маориф, Академияи таҳсилот, Институти рушди маориф, Институти такмили ихтисоси кормандони маориф, раёсатҳои минтақавии маориф, муаллимони макотиб ва донишгоҳҳои олӣ, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, хатмкунандагони барномаҳои стипендиалӣ, тадқиқотчиён ширкат варзиданд.
Ҳадафҳои асосии чорабинӣ аз рӯнамоии барномаҳо ва лоиҳаҳои соҳаи таҳсилот иборат буданд, ки аз ҷониби ИҶК БМ дар Тоҷикистон иҷро мешаванд; такмили маълумотнокӣ оид ба фаъолияти барномаҳои таҳсилотӣ; ба роҳ мондани мубоҳисаи конструктивӣ доир ба натоиҷи лоиҳаҳо ва муҳокимаи дурнамои институтсионализатсияи барномаҳо ва таҷрибаҳои муваффақ, ки барои такмили сифати таҳсилот мусоидат мекунанд.

Форум ба чунин натиҷаҳо ва хулосаҳо ноил гашт:

1. Тасмим гирифта шуд, ки ҳар сол Форум гузаронида шуда, аз натиҷаҳои барномаҳои Бунёд ва шарикони чӣ дохилӣ ва чӣ ватанӣ хулосабарорӣ карда шавад ва як пойгоҳи афкор ва ғояҳои навгонӣ тарҳрезӣ карда шавад;
2. Дар баробари дигар барномаҳо ва лоиҳаҳо, бояд ки дастовардҳои Донишкадаҳои такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф низ дар маърази ҳамагон гузошта шаванд ва таҷрибаи онҳоро низ табодули назар намуд;
3. Васоити ахбори омма фаъолона ҷалб шуда, тавассути шабакаҳои телевизионӣ ва садо кори барнома пахш гардад;
4. Кормандони масъули Вазорати маориф ва илм пурра иштирок намуда, қарорҳои дахлдор оиди ин ва ё он лоиҳаи навгонӣ қабул карда шавад, то ки устувории онҳо ба роҳ монда шавад;
5. Аз зумраи иштирокчиёни фаъол бояд як гурӯҳе ташкил намуд, ки оиди натиҷаҳои Форум мақолаи мукаммал ва мушаххас таҳия намуда, дар газетаи “Омӯзгор” ва дигар расонаҳои хаттӣ нашр шавад.

Фикри яке аз иштирокчиёни фаъоли Форум, Маҳрамбеки Анварзод, Сармутахассиси Маркази Исломшиносии назди Президенти ҶТ.

“Дар айни замон ташкилотхои зиёди дохилию хориљї аз дастгирии рушди Тоҷикистон ҳарф мезананд. Аммо воқеият чӣ!. Шояд имруз ягона ташкилоти хориҷӣ ин Институти «Ҷамъияти кушода» дар Тоҷикистон бошад, ки дар амал барои ояндаи бошукуҳи Тоҷикистон кор кунад. Ду барномаи асосии онҳо «дастгирии таҳсилоти то мактабии кудакон дар ҷумҳурӣ ва таҳия намудани аввалин фильмҳои тасвирӣ бо забони тоҷикӣ барои кудакон бо номи «Сандукчаи зулбиё» ва «омода намудани дастурамали дарсӣ ва шароити таҳсили маъбон дар мактаб ва дар донишгоҳҳо». Кадом ташкилоте, ки агар дар бораи ояндаи кишвар ҳарф занад, бояд боғчаи кудаконро дастгирӣ кунад, набошад дигараш ҳарфи бехуда ва худнамоист”!

RSS
Facebook
Facebook
Google+
https://www.osiaf.tj/2017/12/25/forum-3/
Twitter
Instagram
Social media & sharing icons powered by UltimatelySocial