Ҳама ҳуқуқи рақамӣ доранд

«Оё шумо розиед, ки бо хоҳиши худ ҳоҷатхонаро тамиз кунед…»?

Як провайдери Бритониёии WIFI – дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, дар шартҳои тавофуқнома бо корбарон талаботеро оид ба ихтиёран тамиз кардани хоҷатхонаҳо ҷой додааст ва ҳамаи он нафароне, ки дар ду ҳафтаи таҷрибавӣ ба шабакаи онҳо пайваст шуданд, шартро қабул намудаанд. Муомилаест ғайриодӣ. Оё мо низ ба шартнома ва дигар ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ, вақте гап сари пул меравад, ҳамин тавр муносибат дорем»?….

Ҳуқуқ надорад, ки…
«……Шояд, на ҳама медонанд, ки дар шартномаи истифодабарандагони Фэйсбук яке аз шартҳои асосӣ пешниҳод кардани маълумоти дақиқ дар бораи худ ва ному насаби худ аст ва ё ин ки агар шахс қаблан бо ҷинояти хусусияти шаҳвонидошта айбдор шуда бошад, пас ӯ наметавонад аз хизматрасонии Фэйсбук истифода барад…..”

Оё медонед дар як сония чи руй медихад?
Мувофиқи омори Интернет дар як сония дар Интернет қариб 100 сомонаи нав пайдо мешавад, тахминан 2.6 млн майл равон мекунанд, зиёда 800 ҳазор расмҳоро дар инсторграм мегузоранд, 71 ҳазор видео дар youtube тамошо карда мешавад ва қариб 7,7 ҳазор твитҳо ва ғайра равон карда мешаванд…

“Ҳукуматҳо, ширкатҳои хусусӣ ва дигар субъектҳо барои эҳтиром гузоштан ба ҳуқуқи инсон, чӣ дар зиндагии воқеӣ ва чи дар интернет, вазифадоранд.
Мо бо онҳо дар мавриди татбиқи дастурамал кор мекунем, ки корбарони интернетро бо дастрасӣ ба чорабиниҳои самараноки ҳимояи ҳуқуқ таъмин менамояд ва хосатан вақте онҳо мефаҳманд, ки ҳуқуқҳояшон маҳдуд ё помол шудаанд.”

Аз нутқи Котиби генаралии Аврупо – Турбёрн Ягланд ҳангоми қабули Дастурамал оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои корбарони Интернет

Чаро ин мисолҳоро овардем? Чунки прогресси илмӣ-техникӣ раванди бебозгашт аст. Компютер ва Интернет,алоқаи мобилӣ дар маҷмуъ техналогия ҷузъи ҷудонашавандаи зиндагии ҳар як шахс гаштааст. Як муҳити рақамӣ (диҷитолӣ)эҷод шудааст,ки дар алоқаманди бо он мафҳумои нав, ҳамчун саводнокии рақамӣ),бехатрии рақамӣ, бехатарии маълумоти хусусии ва ғайра зуҳур кардаанд. Шумораи корбарони Интернет дар ҷаҳон алакай бештар аз 3,7 млрд. буда, дар ҳар сония тахминан боз 80-90 корбари нав ворид мешавад. Теъдоди корбарони технологияи мобилӣ дар ҷаҳон ба 4,7 млярд расид ва мутобиқи пешбиниҳо то соли 2019 бештар аз 5 миллиард мешавад. Аз нисф зиёди аҳолии дунё таҷҳизоти мобилӣ доранд.

Дар Тоҷикистон чӣ ба мушоҳида мерасад?

Дар Тоҷикистон суръати пайвастшавии анъанавӣ ба Интернет начандон баланд аст.
Мувофиқ ба Internet World Stats бо ишора ба ITU воридшавӣ ба Интернет дар Тоҷикистон охирҳои соли 2016, 20.5%-ро ташкил додааст. Хадамоти алоқа дар нишасти матбуотии моҳи августи соли 2017 таъкид кард, ки шумораи истифордабарандагони Интернет ва интернети мобилӣ дар Тоҷикистон бештар аз 2,35 млн аст ва ин нишодиҳандаи он аст, ки нуфузи Интернет дар Тоҷикистон ба 38,3% баробар аст. Паҳлуи дигари тарозу алоқаи мобилӣ – алҳол воситаи дастраситарин дар кишвар, бо маҷмуи муштариёнаш аст,ки 7,35 млн-ро дар бар мегирад ва аз онҳо 4,37 млн-ашон муштариёни фаъол ба ҳисоб мераванд. Чунин таносуби рушди хизматрасонихҳои телекамуникатсионӣ мутаносибан ба рушди веб-манбаҳо ва пайвастҳои(мулҳақоти) интернетӣ таъсир мерасонад. Вақтҳои охир рушд ва маъруфияти нисбиии пайвастҳои интернетии ватанӣ амсоли Чи Гап, Somon TJ ва ғайра назаррас аст.
Миёни истифодабарандагони пайвастҳои мобилии Тоҷикистон,дар асоси интихоби Google Play Market, талаботи баланд ба месенҷерҳо амсоли Viber, WatsApp мушоҳида мешавад. Миёни шабакаҳои иҷимоӣ Одноклассники ва Фэйсбук хеле машҳуранд.
Шумораи корбарони Фэйсбук дар мохи августи 2017 ба 84000 расид ,ки аз афзоиши дую ним баробар дар панҷ солаи охир гувоҳӣ медиҳад .

Оё шумо бо шартҳои шартнома шинос шудед?

Тамоми хизматрасониҳо барои корбарон сохта мешаванд ва дар бисёр ҳолатҳо истифодабарандагон бо дастрасии бепул ва роҳат ба иҷрои шартҳои махсус ҷазб карда мешаванд. Корбар бо тавофуқнома тақрибан дар давоми як дақиқа ва ҳатто зудтар шинос шуда, онро қабул мекунад. Аз ҷониби истифодабарандагон тавофуқнома қариб, ки хонда намешавад. Омор ноумедкунанда аст, чунки талошҳои зиёде аз ҷониби ширкатҳо барои ҷалби таваҷҷуҳи корбарон ба матни тавофуқнома бе натиҷа монд. Масалан, як провайдери Бритониёии WIFI-и барои ҷойҳои ҷамъиятӣ дар шартҳои тавофуқнома талаботеро оид ба ихтиёран тамийз кардани ҳоҷатхонаҳо ҷой додааст, ки аз тарафи онҳое, ки дар давоми ду ҳафтаи ин таҷриба ба шабакаҳои онҳо пайваст шауданд бидуни чуну чаро қабул шудааст. Яъне касе шартномаҳоро ҷиддӣ намехонад?? Муомилаест ғайриодӣ.
Оё мо низ ба шартнома ва дигар ҳуҷҷатхои юридикӣ, вакте гап сари пул меравад, ҳамин тавр муносибат мекунем…»?

Дар Тоҷикистон низ моделҳои идоракунии рақамӣ вуҷуд дорад. Моделҳое ҳастанд ,ки куллан аз ҷониби мақомотҳои давлатӣ идора карда мешаванд. Ҳамчунин модели ГЧП ҳаст, ки қисме аз хизматрасониҳои оператсионӣ ба ширкатҳои хусусӣ дода мешавад.  Ҳар як модел тарафи манфӣ ва мусбати худро дорост, аммо мақсади ин мақола баҳодиҳии онҳо нест. Мухим дидани ин системаҳо аз назари як корбари маъмулӣ аст,яъне то кадом андоза талаботи аввалдараҷа ба махфият ва ҳифзи маълумоти шахсӣ аз дастрасии дахолати ғайриқонунии муғризона пешбинӣ шудаанд

Дар мадди аввал бояд низоми иттилоотии Кумитаи аадозро қайд кард, ки дар байни корбарон маъруф аст, ва хидматросонии ҳам шахсони физикӣ ва ҳам шахсони ҳуқуқиро дар бар мегирад. Мувофиқи баъзе маълумотҳо беш аз 20%-и андозсупорандагон алакай аз тарики онлайн тавассути хизматрасонии «кабинеии шахсӣ» истифода мекунанд,ки маъруфтарин хизматрасонӣ системаи электронии ҳиособоти андозсупорист. Барои шаҳрванди одӣ системаи «Шаҳри бехатар» дар шаҳри Душанбе метавонад ҷолиб бошад. Ба ҳисоби миёна ҳамасола тақрибан 100 ҳазор наклиёт дар системаи Шаҳри бехатар ба қайд гирифта мешавад, ки нисбатан иштирокчиёни ҳаракат дар роҳро ба як низом даровардааст. Системаи мазкур, аз як тараф, агар ҳуқуқвайронкунӣ дар роҳҳоро сабт кунад, аз тарафи дигар, фаъолона сабти видеоиро дар чорроҳаҳои асосӣ ва минтакаҳое таъмин менамояд, ки дар онҳо аҳолӣ нисбатан зиёдантаранд. Ҳамзамон маълумот оид ба ронандагон,рақамҳои автомобил,муоинаи техникӣ ва рақами шаҳодатномаи ронандагиро дар худ нигох медорад. Мувофики маълумоти расонаҳо, мудирияти фаннии системаи мазкур ба зиммаи ширкати тиҷоратӣ вогузор шудааст, ки ин саволҳои муҳимро атрофи таъмини махфияти маълумоти хусусӣ ва баҳсҳои доғро дар ҷомеа эҷод мекунад. Ба ҳайси мисоли сеюм пешниҳод мекунам, хидматрасониҳои байнибонкии бюроҳои кредиториро аз назар гузаронем, ки ба ҳисоби миёна дар онҳо маълумоти тақрибан 2 млн муштарӣ нигох дошта мешавад.
Тибқи иттилои яке аз бюроҳо КИБТ) дар базаашон маълумот дар ҳаҷми беш аз 5 Тб нигоҳ дошта мешавад, мувофиқи хабари дигар бюро (БКИС) дар онҳо маълумоти беш аз 770 ҳазор истифодабарандагон нигоҳ дошта мешавад. Мувофиқи маълумоти БМТ (НБТ) табадулоти мутақобилаи парвандаҳои кредитӣ ба зиммаи ду ширкати соҳибкорӣ дар Тоҷикистон вогузор шудааст. Чунин системаҳо,ки ба ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва таҳвили маълумоти истифодабарандагон машғуланд зиёд аст ва сол то сол шумораи онҳо зиёдар шуда истодааст. Ҳамаи онҳо ба ҷамъоварии маълумоти шахсии шаҳрвандон машғуланд ,ки махфияти сатҳи баланд ва ҳифозати кофиро талаб мекунад.

Муҳити рақамӣ чист?

Мухити рақамӣ бо забони одӣ маънои маҷмуи дастрасиҳоии корбарон ба маҷоли васеи манбаҳои иттилоотӣ ва хизматрасонӣ бо воситаи компютер ва дастгоҳҳои мобилӣ аз тариқи шабакаҳои баландсуръат ва каналҳои рақамии коммуникатсионӣ мебошад.
Агар экосистемаи шаҳрро бо муҳити рақамӣ муқоиса кунем, ахмияти инфроструктурии биноҳо ва роҳҳо дар муҳити рақамӣ ба онлайн платформаҳо ва алоқаи телекоммукатсионӣ тақрибан баробар хохад шуд.
Сипас, шаҳрвандони сокини шаҳр ҷамъияти рақамиро(дичитоли), дар муҳити рақамӣ ташкил хоҳанд кард.
Дар ҳар як ҷамъият ва кишвари ҳуқуқбунёд, маҳаки асосии идоракунӣ конститутсия ба ҳисоб меравад.
Пас, дарк кардан муҳим аст, ки ҳама он ҳуқуқҳо ва масъулиятҳое, ки шахрвандон дар ҳаёти маъмулиашон доранд аз байн нахоханд рафт, балки бо мурури замон ба муҳити рақамӣ хоҳанд гузашт.
Аммо мувофиқи хусусияти сохти шабакаҳои телекоммукатсионӣ, тартиби риояи қонун дар модели анъанавӣ тасаввурнопазир аст. Ҳар касе қисми ин муҳит аст, дорои нақши на танҳо истеъмолкунанда, балки созанда ва ҳамзамон танзимкунандаи робитаҳост.
Фақат огаҳ будан аз имконятҳои бемаҳдуд ва таҳдидҳои эҳтимолӣ дар шабака ба шахс имкон медиҳад, ки манфиатҳо бештарро бо камтарин хатар барои худ ва ҷомеа аз худ кунад.

Мисолҳо аз ҳақиқати воқеӣ

Бармегардем ба қонуни олии кишвар,моддаи 5 , ки гуфта шудааст: «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳукуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд». Инак, дар ин самт таҳдидҳои навро ба ҷомеа мебинем, ки дар фосилаи рақамӣ зуҳур менамоянд, мисли кибербуллинг ва троллинг, ки дар навишаҳо, изҳори андешаҳо ва шарҳҳои таҳқиромезу дағалонаи шабакахои интернетӣ нисбати як шахс ба назар мерасанд. Ин амал баъзан ҳамчун таъқиб ва озори як шахс бо воситаи номаҳои электронӣ, паёмак(СМС) ва зангҳо ба назар мерасад, аммо бисёртар форумҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ, месенҷерҳо ва чатҳои бозӣ истифода мешаванд, чунки табақаи осебпазир, яъне ҷавонон аз инҳо зиёдтар истифода мебаранд. Барои пешгирии ин хатарҳо ва коҳиши осебпазирии корбарони шабакаҳо аз таҳдидҳо абзорҳои махсусро таҳия кардаанд Ҳамчун намуна метавон манбаъи «Остановить буллинг», – ро мисол овард, ки аз ҷониби шабакаи иҷтимоии бонуфузтарин – Фэйсбук таъсис дода шудааст. Манбаи мазкур ба корбар тарзи истифода, роҳҳои ҳифзи маълумоти шахсӣ ва таъмини бехатарии онҳоро дар сатҳи истифодбарандагон пешниҳод мекунад. Воситаҳои ҳалли ин гуна масъалаҳо зиёданд, аммо муҳим он аст, ки ҷомеа аз таҳдидҳои эҳтимолӣ, пешгирӣ ва коҳиши хавф ҳадди ақал огоҳ бошад.

Моддаи 23-и Конститутсияи ҶТ дар иртибот ба шаҳрвандон мефармояд;” Маҳрамияти мукотиба, суҳбатхои телефонӣ, муросилот ва мухобироти шахс таъмин карда мешавад, ба истиснои мавридҳое, ки дар Қонун нишон дода шудааст. Дар бораи ҳаёти шахсии инсон бе розигии ӯ ҷамъ намудан, нигоҳ доштан, истифода ва паҳн кардани маълумот манъ аст”. Ин чо муҳим аст, ки ба саволи «Шартҳои тавофуқнома» баргардем ,ки дар шиносоӣ бо чунин ҳуҷҷат аз тарафи истифодабарандагони манбаҳо ва хизматрасониҳо дар муҳити рақамӣ беэътиноӣ зоҳир карда мешавад.

Барои мисол боз ба шабакаи иҷтимоии Фейсбук бармегардем:

Шартхои тавофуқнома. Банди 2. Паҳн кардани иттилоот ва маводи шахсӣ. «Маводҳо ва маълумоте, ки аз тарафи шумо дар шабакаи Фейсбук чоп мешаванд ба шумо тааллуқ доранд. Шумо метавонед онҳоро тавассути барномаҳои танзимкунӣ ва махфият идора ва паҳн кунед. Ғайр аз ин шумо ба мо иҷозатномаи махсусеро, бо назардошти танзимоти махфии хусусии худ, оид ба истифодаи ҳама маълумот,ки дар онхо ҳуқуқи моликияти зехнӣ маҳфуз аст, мисли акс ва видео(минбаъд «маводхое,ки дар он ҳуқуқи моликияти зехнӣ интишор мешавад) пешниход мекунед. Шумо дар ихтиёри мо иҷозаномаи умумии истифодаи тамоми он маводеро мегузоред, ки манзур аз он пардохти ҳаққи қалам нест ва дар Фейсбук нашр менамоед ва онҳо дар тобеияти мафҳуми моликияти зеҳнӣ ҳастанд. Истифодабаранда бо гузотани аломати ризоят (галочка) шартҳои тавофуқномаро қабул карда, муаллифии ҳамаи маводҳои чопкардаашро, аз ҷумла аксҳо ва видеоҳоро ба ширкат интиқол медиҳад. Шояд, на ҳама медонанд, ки дар шартномаи истифодабарандагони Фэйсбук яке аз шартҳои асоси пешниҳод кардани маълумоти дақиқ дар бори худ ва ному насаби худ аст ва ё ин ки агар шахс қаблан дар ҷинояти хусусияти шаҳвони доша айбдор шуда бошад, пас ӯ наметавонад аз хизматрасонии Фэйсбук истифода барад…” Надонистани қонун касро аз масъулият раҳо намекунад, барои ҳамин пеш аз он ки ба шарте ризо шавед, билфарз дар Интернет ҳам, онро хондану донистан бамаврид аст.

Саводнокии рақамӣ (диҷитолӣ)

Маълумот ва мисолҳои дар боло зикр гардида барои ҷалби диққати мардум ба чолишҳои наве ҳастанд, ки дар ҷамъият пайдо шудаанд ва умдатан пешгиришавандаанд. Саводнокии рақамӣ ин маҷмуи малакаҳои наванд, ки аз маҷмуи саводнокии анъанавӣ, амсоли доштани қобилияти хондан, ҳисоб кардан ва навиштан, фарқ мекунанд. Дар асри техналогия маҷмуи малакаҳои ҷадид мисли саводнокии компютерӣ , медиа саводнокӣ, саводнокӣ оид ба додаҳо, қобилияти таҳлил ва баҳогузории интиқодии маълумот заруранд.  Доктор Уша Виясулу Редди дар китоби дарсии «Муқаддимаи ТИК барои Рушд», ки дар соли 2011 чол шудааст, ба масъалаи рушди тавонмандии инсон дар асри нав ва тавзеҳи маҷмуи малакаҳои зарурӣ ишора намудааст. Саводнокии рақамӣ дар давлатҳои муттарақӣ як ҷузъи ҷудонашавандаи барномаҳои таълимии мактабҳои миёна аст. Дар соли 2017 масъалаҳои саводнокии рақамӣ дар сатҳи ҳукуматҳои Сингапур ва Қазоқистон пайгирӣ карда шуд. Омили ҳаракатдиҳанда дар пешравии барномаи саводнокии рақамӣ аз назари ҳукуматҳо болоравии талабот ба хизматрасонихои электронӣ,(ки дар Қазоқистон зиёда аз 700-тоанд),рушди иқтисодиёт ва инноватсия аст. Аммо аз нигохи як корбари одӣ, қувваи пешбарандаи соҳиби и малакахои асри рақамӣ будан- дастрасӣ ба манбаҳо, қулай ва роҳат ва дар ҳама ҷо будан аст. Барои он ки истифодабаранда аз технологияи ҳозиразамон манфиат гирад, на зарар, ӯ бояд худро дар амн ҳис кунад ва эътимод дар истифодабарӣ дошта бошад. Бе барномаҳои саводнокии рақамӣ, технологияҳо нисбатан истисноӣ ва манфиаташон барои ҷомеа камтар мешаванд. Оқибатҳои манфии истифодаи техналогия аз ҷониби гуруҳи хурд ва имконияти таъсир ба афзоиши фосилаҳоро миёни қишрҳои аҳолӣ дар ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодии ҷомеа ба назар гирифта Британияи Кабир дар соли 2014 Стратегияи Давлатии Таҳсилоти Фарогири Рақамиро роҳандозӣ намуд. Ҳуқуқ ва дастрасӣ ба имкониятҳои васеи муҳити рақамӣ ба ҳама дода шудааст. Ҳамзамон муҳим аст, ки сатҳи саводнокӣ ва бехатрии ҳар як корбар таъмин карда шавад.

Далелҳои дар боло зикр шуда асоси фаъолгардонии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар масоили актуалигардонии ҳуқуқҳои рақамӣ ва бехатарии иттилоотӣ тавассути амалҳои зер шуданд:
1) таҳкими сиёсатҳо оид ба ҳифзи иттилооти шахсӣ
2) баланд бардоштани фаҳмиши ҳуқуқҳои ракамӣ ва озодиҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва расонаҳо
3) инкишофи амалҳои таҳлилӣ ва таҷрибавӣ доир ба бехатарии иттилоотӣ

Мактаби Ҳуқуқи рақамӣ дар Тоҷикистон
Бо дастгирии молии ИҶК БМ, фонди иҷтимоии ТШСИ (www.cipi.tj) соли 2017 татбиқи лоиҳа оид ба зарфиятсозӣ дар бунёди аввалин Мактаби ҳуқуқи рақамиро дар Тоҷикистон оғоз намуд.Лоиҳаи мазкурро, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳадаф барои тақвияти ҳимояи маълумоти шахсии шаҳрвандон ва саводнокии ҷомеа да соҳаҳои хифзи ҳуқуқ ва озодии шаҳрвандон дар муҳити рақамӣ қарор доданианд. Бо лоиҳаи мазкур, ИҶК БМ тасмим гирифтааст, ки потенсиали ҳадди ақалли коршиносон ва манбаҳо оид ба ҳуқуқҳои рақамиеро омода созад, ки қобилияти ҳамчун маркази таълимӣ-таҳлилии муттаҳидкунандаи фаъолони чомеъаи шахрвандӣ ва расонаҳо ва ҳомиёни ҳуқуқро дошта бошанд, бо сиёсати феълӣ ва қонунгузорӣ дар самти таъмини бехатарӣ ҳангоми кор бо технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ошноии беҳтар дошта бошанд. Умед аст, ки дар натиҷаи ин кор, ҷомеаи шахрвандӣ на танҳо мушкилоти системаи ҳуқуқи шахрвандонро дар муҳити рақамӣ нишон медиҳад, балки хизматрасониҳои таълимӣ ва коршиносиро пешниҳод мекунад ва ҳамчунин дастгирии шарикиро ба ҳама тарафҳои манфиатдор таъмин менамояд.

 

Мавзуна Абдураҳмонова, ҳамоҳангсози барномаи «Дастрасӣ ба иттилоот» и ИҶК БМ дар Тоҷикистон

Мавзуна Абдураҳмонова – коршинос оид ба назария ва амалияи дастрасӣ ба иттилоот буда, соҳиби таҷрибаи ғанӣ дар татбиқи технологияҳои иттилоотӣ коммуникатсионӣ барои рушди иҷтисодӣ иҷтимоӣ, идоракунии электронӣ ва ҳукумати электронӣ мебошад. Пештар дар Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон  фанни “Технологияҳои иттилоотӣ”ро дарс додааст. Аз соли 2010 ӯ ба масъалаҳои рушди нерӯи мутахассисони маҳаллӣ дар асоси модулҳои таълимии Академияи СММ “ТИК барои пешсафони идоракунии давлатӣ” ва силсилаи маводҳои таълимӣ барои ҷавонон “Асосҳои ТИК барои рушд”, фаъолона ҷалб гардидааст. Мавзуна Абдураҳмонова ҳиссаи худро дар инкишофи ҷавонон тавассути барпокунии макотиби касбӣ дар Тоҷикистон, ба мисоли Академияи шабакавии Cisco, Мактаби касбии Линукс, гузарондани курсҳои веб-дизайн ва барномасозӣ, гузоштааст. Абдураҳмонова М. дорои дипломи сурхи муҳандис – системотехник ва дипломи магистри доир ба сиёсат ва таҷриба дар соҳаи рушд мебошад. Ӯ хатмкунандаи барномаҳои касбии роҳбарии Департаменти давлатии ИМА, ба мисоли Tech Women бо таҷрибаомӯзӣ дар ширкати Adobe дар ийолоти Калифорния ва “Open World” оид ба идоракунии электронӣ ва шаффофият дар ийолоти Алабама мебошад. Инчунин, Мавзуна бомуваффақият Донишгоҳи тобистонаи CEU (Будапешт)ро доир ба масоили идоракунии Интернет, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва сиёсати ҷамъиятӣ хатм намудааст.

RSS
Facebook
Facebook
Google+
https://www.osiaf.tj/2017/12/26/huquqi-raqami/
Twitter
Instagram
Social media & sharing icons powered by UltimatelySocial