Интервю бо мутахассисон

Идеяи гузаронидани курсҳои кутоҳмуддат оид ба нақди ҳунар ва санъат, бо ҷалби доиараи васеи алоқамандон- мутахассисон ва рузноманигорон, ки дар ин мавзуъҳо менависанд, ҳамеша муҳим ва дар мадди назар буд ва ахиран бо назардошти ошноӣ бо равандҳои нав, навгониҳо, зуҳури самтҳои тоза ва ғайримаъмулӣ чунин омузишҳо барпо шуданд. Шуруъ аз моҳи август ва то миёнаҳои моҳи октябри соли 2017, дар мавзӯи нақди ҳунар се семинар бо тақсимбандӣ ба се мавзуъ: синамо, театр ва рассомӣ бо тавони мутахассисони маҳаллӣ гузаронида шуд: профеесор Саъдулло Раҳимов, театршинос Маҳмадулло Таваров вар ассом Илёс Мамадҷонов. Барои мустаҳкам намудани донишҳои бадастоварда мутахассисони варзидаи соҳаи нақди ҳунари самтҳо дар боло зикршуда аз ФР ва Украина барои гузарондани бозомузиҳои чорруза даъват карда шуданд. Номҳои Евгения Мейзел, https://www.facebook.com/evgeny.maisel – мунаққиди соҳаи кино аз Россия, Сергей Васильев https://www.facebook.com/sergey.vassilev.9, – мунаққиди соҳаи театр ва Лизавета Германи https://www.facebook.com/lizaveta.german – коршиноси ҳунарҳои санъати рассомии муосир (аз Украина) барои алоқамандони ин соҳаҳо ошноанд. Дар поёни ҳар яке аз ин семинарҳо имкони суҳбат бо коршиносон даст дод, вале азбаски ин мавзуъҳо умумиятҳои зиёде доранд, мо танҳо фишурдаи ин суҳбатҳоро пешкаш намудем.

Синамо
Интервю бо Евгений Майзел

 

-Намояндагони шуғлҳои гуногун шунавандагони дарсҳои омузишии шумо буданд. Тарафҳои манфӣ ва мусбати чуни навъи омехтаи иштирокдорон дар чист?

Ҳамин тавр шуд, ки ҳайати иштирокдорон хеле мухталиф ва бо сатҳи донишҳои мутавофит буданд. Ҳам донишҷу буду ҳам шахсиятҳои комилан ҳирфаӣ, ки баъзеашон шоисати он буданд, ки ман дарсҳои онҳоро бишнаваму барои худ чизе бигирам, аз қабили Садулло Раҳимов, Ҷамшед.. ва чанде дигар.Эҳтимол барои онҳо донистани он мароқовар буд, ки алҳол дар дар ҳамсоякишварҳо дар соҳа чи мегузарад, чи рух медиҳад..
Ман кушиш кардам дар бораи он сужаҳое нақл кунам, ки бароям шавқоваранд ва болои онҳо тадқиқот мегузаронам ва вобаста ба он ки мавзуъ то кадом андоз барои шунавандаҳо фаҳмо ё ҷолиб аст, ман дараҷаи мураккабии мавзуро иваз мекардам, вале ба ман чунин намуд, ки умуман иштирокдорон дар сатҳи омодагии кофӣ буданд. Дар умум, ман бештар доир ба филмҳое гуфта гузашта, ки онҳо алҳол надидаанд, вале мавзуъ барояшон фаҳмо буд. Ба назарам манфиати дуҷониба буд, аз як тараф маълумоти нав гирифтанд ва аз тарафи дигар , чун мардуми ҳамин доира буданд, барои ман ҳам шарҳу тафсир ё ибрози нуқтаи назар осон буд.

-Пас, бигзарем ба саволҳои мушаххастар. Ба ҳар ҳол мафҳуми синамои нав як амри табиист? Ё усулан байни мафҳуми кинои нав ва кинои суннатӣ чи тафовутҳост?
– Аз эҳтимол, гуфтани он ки тафовутҳои приинсипиалӣ вуҷуд доранд, чандон дуруст набошад, ба ҳар ҳол, синамои нав ҳам аз решаҳои анъанавии синамо об мехурад. Ба ибораи дигар меросбари ҳамон синамост. Аммо базъе зуҳурот ва ҳолатҳои фарқкунанда ҳастанд. Мо ҳини машғулиятҳо сари мавзуи синамои асри 21 борҳо таваққуф намудем ва воқеан ҳам баъзе номҳои нав , баъзе падидаҳо буруз кардаанд, ки собиқа надоранд .
Вақте синамои нав мегуем, мушаххасан чиро дар назар дорем?
– Дар ҳақиқат, агар дар бораи баъзе коргардонҳо бигуем, ки дар асри 21 ба саҳнаи ҳунар ворид шудаанд, метавонем ба он таваҷҷуҳ намоем, ки дар филмҳои онҳо чизҳое ба назар мерасад, ки дар пешиниёни ин соҳа набуданд. Масалан, падидае бо номи «синамои оҳиста» ё кам суръат танҳо хоси офаридаҳои асри 21 аст. Воқеан ҳам қаблан чунин тарзи пешниҳод вуҷуд надошт.
Дар синамои классикӣ ба ибораи монтажӣ ( монтажная фраза) диққати хос дода мешуд, яъне ягонагии визуалии филм таъмин буд.( тамошобин кандашавии «нақли тасвири»-ро эҳсос намекард) Ба назари ман ин қоидаи бисёр муҳим дар тарзи пешниҳоди филмҳои нав на ҳамеша риоя мешавад? Ё ман иштибоҳ мекунам?
-Дар ин ҳол, воқеан муносибат ба монтаж метавонад дигаргуна бошад. Азбаски киноматографи классикӣ табиати ҳикоягӣ дошт ва шумо дуруст қайд кардед, ки монтаж ба он равона шуда буд, ки будуни ягон «дарз» будани филмро таъмин намояд. Яъне саъй мекард, ки бинанда дар сатҳи эҳсос ягон кандашавии нақли ҳодисаро пай набарад. Дар киноматографи консептуалӣ, ё ба ибораи дигар чунин навъи кинои муосир ин «бидунидарзӣ» риоя намешавад, монтаж ё монтажи ба истилоҳ коргардонист, ё монтаж худ аз худ ба таҳлили як асари консептуалӣ машғул аст

Ба назари ман масъалаи хеле ҷолиб ин раванди инкишофи синамои муаллифист. Оё ин раванд ҳамеша буд ё..?
Аз оғози фаъолияти киноматография, ба ҳар сурат, синамои муаллифӣ буд, аммо агар дар бораи нақши сенариянависон бигуем, оре, то андозае худи коргардонҳо вақтҳои охир ба ҳайси сенариянавис бештар ба назар мерасад, яъне вазифаҳо гоҳо якдигарро иваз мекунанд. Вале чун ҳамеша мисолҳое фаровоне ҳам метавон овард, ки кинои сирф муалллифӣ дар асоси сенария бегона ва ҳатто дар асоси ягон асари бадеӣ ба вуҷуд омадааст. Аммо бо тарзи пешниҳод ва биниши хоси коргардон ба мавзуъ

-Ин нукта, ки шумо таъкид кардед, оё тасдиқи ҳамон фикр аст, ки синамо дар ҳар сурат идомаи адабиёт нест?
– Оре, ин воқеият аст. Синамо ҳарчанд чизи бисёре аз адабиёт мегирад, баъзан мехоҳад ба роҳҳое аз он тақлид ҳам кунад, ҳарчанд имконпазир нест, вале дар асл чизи алоҳида аст.
– Дар маърузаҳои Шумо ибораи «синамои динӣ» зуд зуд садо медод, вале ростӣ он филмҳое, ки шумо нишон додед, ба назари ман аз тарғиботи мустақими арзишҳои динӣ орӣ буданд. Пас, ҳадаф аз истифодаи ин ибора ба чи манзур аст?
Оре, мо аз ин истилоҳ истифода мекунем, аммо на ба маънои таҳтуллафзиии он. Манзури мо навъи филмҳоест, ки дар бораи барқарор намуди боварҳо,алоқамандиҳои амиқи инсон ба олам , ба табиат сухан мегуянд, он робитае, ки чи илмӣ ва чи дигар ҷанбаҳои арзишҳои инсониро фаро мегиранд. Гапи сари он аст,ки ҳар гоҳ мо синамои динӣ мегуем манзур бадеияти баланди худшиносии инсон, як чизҳои фавқулода муҳими вуҷуди инсоният ва муҳит аст, ки дар асл чунин зуҳурот дар синамои асрҳои 20 ва 21 хеле кам ба назар мерасад ,яъне сухан дар бораи арзишии маънавии ин калима аст, на дар бораи мавзуъ
– Оё дар Ғарб, ё ҳадди аққал дар кишвари шумо, тадқиқоте анҷом дода шудааст, ки бинанда ба кадом навъи синамо бештар майл дорад ва дар ин росто ба назаратон чи бояд кард?
Бинанда ки як вуҷуди ягона нест, ки завқаш маълум бошад. Ба ҳар сурат онро аз ибтидои соҳа ба намоиши филмҳои тафреҳӣ одат кунондааданд ва табииист ки барои ҷалби он дар толорҳои синамо ҳам аз ин навъ филмҳо нишон медиҳанд ва бинада харидори онҳост. Ин ҷо ҷанбаи тиҷоратӣ ва суд овардан қавист. Аммо тассавур мекунед, ки агар шароит мебуд ва навъи филмҳои дигар ҳам бештар мешуд, шояд завқи бинанда низ тағйир меёфт, зеро бисёр вақт фарқ карда тавонистании талабот ва пешниҳод мушкил аст. Баъзан мо андеша мекунем, ки ҳамин чиз ба бинанда писанд аст ва баъдан маълум мешавад, ки барои он писанд будааст, ки дар бораи дигар чизҳо умуман намедонистааст. Ин ба он маънӣ аст, ки агар дар ҷомае ба маърифатпарварӣ ва таълим ҷиддан машғул шаванд, ҳатман дар чунин ҷомеа бинандаҳо тағйир меёбанд. Дар мисоли мо бошад, яъне на таҳо филмҳои тафреҳиро, балки дигар филҳоро низ тамошо хоҳанд кард. Ба ин маънӣ, аз назари ман парвариши бинандаи фарҳангӣ, ки тавони дарки синамои мухталифро дорад, аз вазифаҳои давлат аст.
– Барои он ки бинада ба таври бояду шояд синамои мухталифро арзёбӣ кунад ин ҳисро бояд ба гунае омузонд. Аз назари шумо бо кадом роҳу василаҳо?
-Ба назарам ин корро бо як талош анҷом додан имконнопазир аст. Танҳо ҷаҳду талоши мунтазам, яъне ки ситемаи андешидашуда метавонад ба натиҷае расонад. Барои мисол, сатҳи дониши чандин нафар дар соҳаи накди кино ё умуман нақди ҳунар баланд шуд. Онҳо дар ин бора дар куҷо менависанд? Хуб тасаввур кардем якчанд маҷаллаи тахассусӣ ҳаст. Кӣ онро мехонад? Хулас бояд дарк кард, ки боло бурдани сатҳи чанд нафар илоҷи кор нест. Ба гумони ағлаб сухан дар бораи афзалият додан ба сиёсати фарҳангӣ меравад. Гап сари он аст, ки ҷомеа барои ҳарчи бештар ба сармоягузорӣ дар бахши фарҳанг бояд омода бошад. Чаро? Зеро ин ягона роҳест, ки инсонро беҳтар мекунад, сифати инсониятро беҳбуд мебахшад ва истиқрори ҷомеаро таъмин менамояд. Дуруст аст ки кор дар ин самт дарҳол манфиат намеоварад, аммо он ки дар ояндаи дур чигуна самараи муфид медиҳад, ҷойи баҳсу шубҳа надорад. Аз ин ру он кишварҳое, ки маҳз кушиш мекунад дар ин самт сармоягузорӣ намоянд, сиёсати дуруст доранд. Ҳатто бигузор дар намоши филмҳое, ки шояд одамони зиёдеро ҷалб накунанд, вале он шумораи кам одамоне бошад, ки кишварро ба ояндаи рушану мувафффақ мебаранд. Ин метавонад мисоли як қартаи мусиқие бошад, ки дар борааш гуфтаанд: онро ҳамагӣ панҷ нафар гуш кард ва ҳамаашон оҳангсоз шуданд …
Театр
Интервю бо Сергей Василев


Оё метавон гуфт, ки дар театри муосири аврупоӣ дар чанд даҳсолаи ахир таҳаввулоти назаррасе рух дод ва самтҳои тозае дар ин ҷода ба вуҷуд омад?
-Мо дар асри тетри постдраматикӣ қарор дорем, ки ба андозаи муайян ба тамошои сохтори намоишҳои театри классикӣ одат дошт. Мо ба сохтори анъанавии драматургияи Шекспир, Молер, муаллифони антиқӣ ва Гибсону Чехов одат карда будем. Ба ин маънӣ ҳар намоишномаи театрӣ аз шиддату оромӣ ва авҷу нузули муносибатҳо сохта мешавад. Ин сохтори меъёрӣ аст, вале метавон гуфт, ки театри аврупоӣ бо тамошобин имруз омода аст ба забони дигар суҳбат кунад, яъне аз шакли класссикии гуфтугӯ бо бинанда қариб дар ҳама ҷо даст кашид. Таетри замонавии аврупоӣ хеле озододна бисёре аз дигар ҳунару равияҳои шабеҳро бо ҳам омехта ва ба худ шакли дилхоҳашро мегирад. Ин ҷо метавонад диологи дарматургӣ бошад ё понтомима ё бозии сирк, ки дар якҷоягӣ пешниҳод шаванд. Ва табиист ки дар ин омехтагӣ ҳам унсурҳое ҳастанд, ки меҳварианд, ва онҳоро дар плани аввал мегузоранд. Мо дар машғулиятҳо гуфтем, ки коргардонҳое ҳастанд, ки дар навбати аввал ҷанбаи визуалии намоишро тарҷеҳ медиҳанд, онҳо гуфтори худро дар асоси образҳои ивазшаванда , баъзеи дигарзадаро танҳо дар ҷисми бозингар, дар ҳаракату рафтори он мегузоранд
-Ин ҳолат магар нав аст? Оё қаблан ҳам чунин омезишҳо набуданд?

Албатта, унсурҳое ҳастанд, ки пештар ҳам истифода мешуданд, бе ин намешавад, вале қаблан ҳеҷ вақт зада дар ҷисми биологии инсон гузошта намешуд , яъне як манзараи комил барои ифодаи маъние ҳеҷ вақт бо такя ба ҷисми инсон сохта намешуд
– Дар ин ҳолат пас аз муқоисаи тетри шарқӣ ба ғарбӣ, оё гуфтан ҷоиз аст, ки театри замонавии аврупоӣ имруз театр бо унсурҳои пластика ва театри шарқӣ театр бо унсурҳои забонист ?
Ин воқеият аст, ки тарзи ифодаи мақсад гуногун аст. Ман масалан, дируз як намоишномаи тоҷикиро бо номи «Дур аз Ватан» тамошо кардам. Ба назарам, намоишномаи бад набуд. Умуман, дар театри хуб на ҳама чиз бо сухан ифода меёбад. Он ба вазъи бозигар, зҳсосоташ ба ҳалоти руҳие, ки ба тамошобин пешкаш менамояд, ифода меёбад. Дар асл, ҳарчанд театри шумо бешар ба сухан, нақли ҳодиса ки ба маънӣ бастагӣ дорад, ман намегуям, ки ин бад аст. Гузашта аз ин, ман аз «нозамонавӣ будан», хиҷолат намекашидам, зеро театр бо тамоми моҳияташ як чизи музофотист ва он ҷое, дар он замине зинда аст, ки тамошобини бумии фаъол дорад, на иштирокдорони дар ҷаҳорчуби ягон фестивал ҷалбшуда

-Дар театри муосири аврупоӣ, ки бешар саҳна «аз ҷисми биологии инсон» сохта мешавад бардошти асосии тамошобин дар чист: танҳо лаззати эстетикӣ?
– Дар театри муосири ғарбӣ ҷанбаи панду андарз ё ягон раҳномоие, ки мо қаблан одат доштем, ки намоишнома ҳатман ба як ҳикмате анҷом меёбад, дигар вуҷуд надорад. Ҳатто баъзан мушкил аст зуд муайян кардани он, ки мавзуъ чист, кадом идея дар асоси намоишнома аст. Албатта, коргардон ягон даъват ё ягон мавзуи марказӣ барои худаш дорад ва вале дар умум барои шарҳу фаҳмишҳои гуногуни мавзуъ ба тамошобин имкон медиҳад. Амалан, аз театр ҳолати ба ҳикмате ҳидояткунандагии намоишнома аз байн рафтааст

– Шояд, танҳо аз қисмати аврупоии олам? Ба назарам ин нақши театр дар Шарқ ҳануз побарҷост. .
– Оре, дар Шарқ ҳануз боқӣ мондааст, мо алҳол дар бораи театри аврупоӣ мегуем, аммо ин маънии онро надорад, ки онҳо ба мавзуъҳои муҳими ҷомеа таваҷҷуҳ надоранд. Мавзуъҳои доғи рузи инсоният аз қабили хушунат, беадолатӣ, одамони мазлуми и ҷомеа ба ҳамин васила ҳам ки бошад, дар мадди назари театранд. Ва онҳо далерона ин мавзуҳоро бо овози баланд матраҳ менамоянд. Яъне театр, ба ҳар ҳол, ба як падидаи нисбат ба мушкилоти инсоният бетафовут табдил наёфтааст,баръакс мавзуъҳои ҷиддии ҷомеаро инъикос менамояд.

– Шумо дар бораи истифодаи рамзу ишроаҳои зиёде дар намоишномаҳои муосир чи андеша доред? Ба назарам барои одамони бе маълумот ё сатҳи донишашон миёна на ҳамеша фаҳмост, ки сухан дар браи чи меравад?
-Вале барои ҳамин нақд.. рузноманигории фарҳангӣ вуҷуд дорад, зеро маҳз он воситает , пулест ва шореҳест, ки чи тавр бо роҳи осон, бо забони одии одамӣ мавзуи мураккабро бифаҳмонад ва дар ниҳояти кор он ресмоне бошад, ки одам ба сатҳи баланди фаҳмиш барояд. Ин бисёр муҳим аст, хосатан барои мунаққидони соҳаи театр, ки вазифаи асосиашон ҳамин аст

– Ба надешаи шумо барои рушди нақди театр чи кумак мекунад?
-Корест ки иҷборан амалӣ намешавад. Вазорати фарҳанг, барои мисол, оё метавонад фармон диҳад, ки нақди театр рушд кунад. Ман фикр мекунам, ки бисёр бастагӣ дорад аз худи мунаққидон. Ҳарчанд ки ин аҷиб менамояд ва худи касби мунаққидӣ ба як гушаи ҳаёти иҷтимоӣ ронда шудааст ва ин завқи ҷомеаро сохтор медиҳад, бо вуҷуди он ки фарҳанг дар умум ба як қисмати хеле хурди унсурҳои ҷомеаи муоссир табдил меёбад, зеро ба хусус дар қаламравҳои пасошуравӣ барои он дигар майдони фаррохи фаъолият нест: рузномаҳои тахассссусӣ баста шуданд, шуъбаҳои фарҳанг ихтисор шуданд ва дар нашрияҳои интернетӣ шореҳони ҷидии мавзуъҳои фарҳангӣ ба назар намерасанд
– Кишварҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ муқтадир дар ин самт чи мақому манзалат доранд?
Дар он ҷо ҳам тақрибан ҳаимн вазъ аст, гап сари иқтидори иқтисодӣ нест, гап сари равандҳо ва низомҳои давлатдорист. Ман бисёр вақт ба сифати мисол ҳодисаи чанд сол пешро меоварам. Ба гумонам солҳои 90 буд, ки маҷалллаи Шпигел аудиторияи худашро омухта муайян намуд, ки мақолаҳо дар бораи фарҳангро ҳамаги 4-5 фоизи хонандагон мехонанд. Агар шумо фикр мекунед, ки пас аз ин нашри мақолаҳои фарҳангиро хотима доданд, сахт иштибоҳ мекунед, зеро онҳо бар онанд, ки ин қишри ҷомеа ҳам ба ғизои маънавӣ эҳтиёҷ доранд. Ҷониби дигари масъала дар он аст, ки акнун мунаққидон бояд тарзи нави пешниҳоди мавзуъҳоро мутобиқ ба талаботи хонанда, бо тарзу услубҳое, ки хонанда меписандад, пайдо намоянд. Забони тозаи ифодаи мақсад, ки аудиториро ҷалб карда тавонад.
– Хуб, акнун бигзарем ба саволи маъмулии ин жанр. Чизе буд, ки онро махсус таъкид кардан мехостед?
-Ба андешаи ман иқдоми баргузории чунин машғулиятҳо хеле муфид аст. Ин барои мунаққидони соҳаҳои синамо, театр ва санъатҳои тасвирӣ имкони васеъ намудани донишҳо ва маълумотҳои тозаро медиҳад. Табиист ки дар касби мунаққиддӣ маҳорат ва фаросати худодод ҳиссаи бузург доранд, вале бисёр чизҳо пеш аз ҳама аз сатҳи дониш ва идроки заминаҳои мухталиф вобастагӣ доранд.

Санъати тасвирӣ
Интервю бо Лизавета Герман


Иштирокдорони семинарро чи гуна дарёфтед ?
-Ман, шояд, иштирокчиёни семинари точикро бо иштирикчиёни украинӣ муқоиса кунам,чунки бо лексияҳоии худ, на танҳо дар , балки дар дигар шаҳрое, ки дар андоза ва миқёс бо аҳолии Душанбе наздиканд, бисёр баромад кардаам. Бояд қайд кард, ки вакте мо дар бораи санъати имруза сухан мекунем , барои бештари давлатҳои собиқ иттиҳоди шуравӣ сарчашмаи асоси ин мактабҳо санъати бадеии замонавии аврупоӣ аст .Агар, аз руи ҳақиқат гап занем сатҳи умумии тайёрӣ ,дониш ва таҷрибаи иштирокчиён оид ба санъати муосир, начандон дар сатҳи баланд аст ва барои лектор ин далел боиси баландтар ҳис кардани масъулият дар дарсҳо ва ба ояндаи беҳтар умедвор будан ҳаст.Чи хеле ки ман дарк кардам, ин ҷо мушкилӣ на дар гирифтани маълумоти академист, балки дар набудани муҳит , муҳити намоишӣ , намоиш дар алоҳидагӣ ва умуман иттилоот аст. Аммо агар ин масъаларо ҷиддӣ пайгирӣ кунем метавонем бо воситаи интернет як библиотекаи хуби электронӣ бо забонҳои англисӣ ва руссӣ бисозем. Вақте мо мехондем ,санъати муосирро намехондем, ҳатто ингуна предмет чун арт менеджмент вуҷуд надошт.
– Шояд, чизе аз таҷрибаи худатон нақл кунед?
-Бояд қайд кард, ки барои хондани лексия ва гузаронидани семинарҳо тренерро аз хориҷа дават кардан шарти ҳатмӣ нест.Барои ин сатҳ кувваи худи каллектив ва гуруҳи шавқмандон басанда аст. Мо, масалан, чунин мекардем: ҳар кас мувофиқи майли худ мавзуеро интихоб мекард, мавзуъро аз интернет, аз китобҳо, аз маҷаллаҳо пайдо карда ҷамъоварӣ менамуд ва онро меомухт. Баъдан омода шуда мавзуро барои дигарон пешниҳод мекард ва атрофи он баҳс мекардем, чизеро аниқу дақиқ мекардем ва донишу маҳоратҳои худро меафзудем. Фикр мекунам чунин таҷриба алҳол дар ин ҷо ҳам хеле муфид аст.
– Машғулиятҳои Шумо барои шунавандагонат то кадом андоза мароқовар ва нав буданд?
Аз руй андешаҳое ки онҳо навиштаанд, оре, мароқовар. Ҳарчанд ки усулан ман дар бораи рассомони маъруф ва асарҳои санъати тасвирии фундаменталӣ нақл кардам ва ҳамчунин аз таҷрибаи шахсии худам, дар бораи иштирок дар намоишигоҳҳои муосири санъати бадеии тасвирӣ дар гушаҳои мухталифи дунё. Медонед, ки ҳеч чиз инсонро ба санъат баробари иштироки бевосита-тамоси бевосита наздик кардан наметавонад. Маълум аст ки бо сабабҳои объективии ҷуғрофи ва молӣ иштироки мунаққидони шумо дар чунин намоишгоҳҳо осон нест, вале бо вуҷуди ҳама барои ин талош бояд кард. Агар имкони ба кишварҳои аврупоӣ сафар кардан нест, ҳадди аққал ба баъзе кишварҳои осиёӣ, ки дар ин ҷода хеле муваффақанд , бояд рафт
Оё ба шакли хеле мухтасар тавсиф кардани мафҳуми санъати тасвирии муосир имконпазир аст?
Мафҳуми мазкур то андозае фаррох ва гуногуннавъ аст, ки як истилоҳ иқтидори гунҷоиши маъниии онро надорад. Ин дар собиқ буд, ки мактабҳои мушаххас ва усулҳое буданд, ки бо номе ё маконе алоқаманд буданд. Ҳоло ҳам албатта ҳастанд мактабҳо академикӣ, аммо дар умум, чунин тақсимбандӣ дигар нест. Ҳамзамон рассомоне, ки худомуз ҳастанд ё дар дигар кишварҳо таҳсил намудаанд, жанрҳои мухталифро меомузанд, онҳоро ба ҳам омехта мекунанд, корро бо филму суратгирӣ ва расонаҳои замонавӣ мепайванданд. Наметавонам бигуям, ки ин раванди нав аст, беҳтараш бигуям ки ин гуногуннавъист.
– Қаблан санъат ва аз ҷумла санъати тавирӣ ҳам инъикоси идеологияи ҳар кишваре буд, ҳоло чи?
Ман мегуям, ки санъати муосир ба идеология мароқ зоҳир намекунад,балки ба кори азнав даркунии идеология тавваҷуҳ дорад.Воқеан бисёре аз рассомоне, ки дар давраи собиқ шуравӣ умр ба сар бурдаанд,кушиш мекунанд ,ки гузаштаи начандон дури худро ва таъсири гузаштаро ба имруза дарк кунанд. Ҳатто на аз нигоҳи сиёсӣ, балки визуалӣ. Як мисоли оддӣ. Душанбе ва Киев шаҳрҳое ҳастанд, ки дар замон шуравӣ сохта шудаанд.Архитектура, нақша ва биноҳо қариб, ки ҳамонанданд , агар дағал карда гуем , мардум то ҳол дар ҳамон қолаби куҳна зиндаги доранд. Ба назари ман идроки меъморӣ, бадеӣ ва ҳатто идеологии он замон муҳим аст. Ин маънои онро надорад, ки онҳо ин ақидаро қабул доранд.Таъсири ин давра ҳатто ба рассомони ҷавон, ки баъд аз пошхурии иттиҳоди шуравӣ ба камол расидаанд, то ҳол актуалист.

Аз лаксияҳои кутоҳмуддат чи манфият аст?
– Малум аст, ки аз барномаҳои таълимии дарозмудат манфиати бисёртар ҳаст, вале доираи имконятҳо ва сабабҳои объктивие ҳастанд, ки барои барномарезии чунин ҳолатҳоанд. Дар ҳар сурат, фикр мекунам ки манфияти бисёре ҳаст, ҳатто аз шунидани як лексия агар илоҳмбахш, ҳидоядгар ва бедокунандеи ягон идеа бошад. Сипас, метавон мустақилона кор кард.
Дар поёни суҳбат чи иловае доштед?
Аввалан, мехостам аз ташкилкундагони ин семинар ташаккур кунам, ки бароям имкони баъзе чизҳоро омухтан ҳам фароҳам оварданд. Сониян, ба иштирокдорон бори дигар таъкид карданиям: бояд дар омузиш аз дастовардҳои якдигар исчтифода баред, ба якдира лексия хонед, ҳамеша мунтазири як нафаре аз хориҷ набошед. Агар бо ҳам омухтанро шакли мунтазам диҳед, тавфиқ хоҳед ёфт.

RSS
Facebook
Facebook
Google+
https://www.osiaf.tj/2018/01/24/intervew/
Twitter
Instagram
Social media & sharing icons powered by UltimatelySocial