Мизи муддавар таҳти унвони «Кӯдакони ношунаворо мешунавем»

7 феврали соли равон дар Донишгоҳи давлатии  омўзгории  Тоҷикистон ба номи  Садриддин  Айнӣ  Мизи муддавар таҳти унвони «Кӯдакони ношунаворо мешунавем» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, Ҳукумати ҶТ ва Парлумон кишвар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ноҳияҳои Вахш, Бохтар шаҳри Қурғонтеппа ва Кулоби вилояти Хатлон, шаҳри Хоруғи ВМКБ, навоҳии тобеи марказ, ноҳияҳои Файзобод, Ваҳдат, Рўдакӣ шаҳри Ҳисор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, вазорати маориф ва илм, вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, вазорати фарҳанг, кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва идораҳои марбутаи давлатӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, воситаҳои ахбори омма, иттиҳодияи милллии ношунавоён ва маъюбон, ташкилотҳои байналмилалӣ, мактаб-интернатҳои ношунавоёни ҷумҳурӣ, волидон ва кӯдакони ношунаво ширкат варзидан.
Чорабинии мазкур бо ибтикор ва маблағгуории Институти “Ҷамъияти Кушода” Бунёди Мадад дар Тоҷикистон дар чорчубаи лоиҳаи грантӣ доир гардид.

RSS
Facebook
Facebook
Google+
https://www.osiaf.tj/2018/02/08/mizi-mudavvar-2/
Twitter
Instagram
Social media & sharing icons powered by UltimatelySocial