Силсилаи бозомӯзиҳо доир ба идоракунии молияи давлатӣ барои таҳқиқотчиён.

Аз 7 то 11 феврали соли 2018 дар толори Маркази кории «Созидание» силсилаи бозомӯзиҳои панҷрӯзаи доир ба методҳои гузарондани тадқиқоти таҳлилӣ дар чорчӯбаи лоиҳаи «Дастгирии идоракунии молияи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз ҷониби Вазорати Рушди Байналмилалии Британияи Кабир (DFID) маблағгузорӣ мешавад, оғоз гардид.
Бозомӯзии мазкур барои устодони ҷавони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, аспирантҳо, таҳқиқотчиён, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, намояндагони муассисаҳои давлатӣ ва дигар шахсони ҳавасманд, ки мехоҳанд малакаҳои худро оид ба гузарондани тадқиқотҳои таҳлилӣ ва таҳияи мақолаҳои таҳлилӣ дар соҳаи молияи давлатӣ такмил бахшанд, гузаронида мешавад.
Лоиҳаи «Дастгирии идоракунии молияи давлатӣ» аз ҷониби Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мавриди дастгирии молиявии Вазорати Рушди Байналмилалии Британияи Кабир (DFID) иҷро карда мешавад. Ҳадафи лоиҳа такмили нақши шаҳрвандон, ҷомеаи шаҳрвандӣ, тадқиқотчиёни мустақил ва васоити ахбори омма дар мониторинги раванди буҷетӣ мебошад.

Барои дарёфти маълумоти муфассал метавонед ба ҳамоҳангсози бахши таҳлилии лоиҳаи “Дастгирии идоракунии молияи давлатӣ” Манучеҳр Камолиддинов тавассути телефонҳои (992 47) 441 07 44, 45-49 ва ё почтаи электронии manuchehr.kamoliddinov@osiaf.tj муроҷиат намоед.

RSS
Facebook
Facebook
Google+
https://www.osiaf.tj/2018/02/08/treningi-2/
Twitter
Instagram
Social media & sharing icons powered by UltimatelySocial